Шарҳи қонун

Киҳо дорои ҳуқуқи шаҳрвандии Тоҷикистон мебошанд?

№5 (3485) 12.01.2016

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав қабул шуд ва мавриди амал қарор гирифт. Дар бораи қонуни мазкур, ки муносибатҳо оид ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба танзим дароварда, дигар асос, талаботу вазифаҳои ба он марбутбударо муайян мекунад, бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода мусоҳиб гардидем.

- Кӣ шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб шуда метавонад ва кадом шарту талабот ба асос гирифта машавад?

- Шаҳрвандӣ чунин вазъи ҳуқуқиест, ки алоқаи устувори (доимии) шахсро бо давлат ифода мекунад ва баёнгари маҷмӯи ҳуқуқу уҳдадориҳои тарафҳо мебошад. Яъне, шахс узви комилҳуқуқи ҷомеа ҳисоб ёфта, аз тамоми ҳуқуқу уҳдадориҳо бархӯрдор мегардад.

Тибқи моддаи 12-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар таҳрири нав қабул гардид (8 августи соли 2015 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шуд), шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо асосҳои зерин ба даст оварда мешавад: аз рӯзи таваллуд; дар натиҷаи қабул ва ё барқарор намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон; бо роҳи интихоби шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати тағйир ёфтани сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар моддаҳои дигари қонун шарту талаботи мушаххас пешбинӣ шудаанд.

Якум, вобаста аст ба таваллуд. Дар ин ҷо ду принсип амал мекунад: хун ва хок. Яъне, шахсе, ки падару модари ӯ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, сарфи назар аз ҷойи таваллуд шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешавад. Дар дигар маврид, агар кӯдак аз падару модаре, ки шаҳрвандии гуногунро доро мебошанд ва яке аз онҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, кӯдак дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобида мешавад.

Дуюм, шахсоне, ки шаҳрванди давлати хориҷӣ мебошанд ё шаҳрвандии ягон давлатро надоранд (шахси бешаҳрванд) метавонанд бо дархост ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соҳиб шудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд. Барои ин гуна шахсон қонун шартҳои зеринро пешбинӣ кардааст;

- истиқомати доимии бефосилаи шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати панҷ сол аз рӯзи гирифтани гувоҳномаи иқомат то муроҷиат бо дархост;

- донистани забони давлатӣ дар сатҳи муошират;

- таҳти таъқиби ҷиноятӣ қарор надоштан.

Бояд зикр кард, ки ин шартҳои умумиэътирофшудаи қабул шудан ба шаҳрвандӣ мебошад. Давлатҳое низ ҳастанд, ки ин муҳлатро зиёд кардаанд (ҳашт, даҳ сол ё аз ин зиёд) ё дигар шартҳои иловагиро пешбинӣ кардаанд (доштани миқдори муайяни маблағ ва ғайраҳо).

Сеюм, мутобиқи моддаи 17-уми қонуни конститутсионии мазкур шахсоне, ки бо сабаби тағйир ёфтани шаҳрвандии падару модар аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадаанд, метавонанд тибқи дархосташон дар муддати панҷ соли баъди расидан ба синни ҳаждаҳсолагӣ ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор карда шаванд. Инчунин шахсоне, ки бо сабаби фарзандхонӣ аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадаанд ва шаҳрвандони собиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳуқуқ доранд, тибқи дар­хосташон шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барқарор намоянд.

Бо муқаррароти моддаи 30-юми қонуни конститутсионии мазкур ба мақомоти ваколатдор оид ба масъалаҳои шаҳрвандӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссия оид ба масъалаҳои шаҳрвандии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти корҳои дохилӣ ва корҳои хориҷӣ дохил мешаванд.

- Дар аксар давлатҳо душаҳрвандӣ эътироф шудааст. Дар робита ба ин қонуни конститутсионии мазкур кадом талаботро пеш мегузорад. Оё шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дар як вақт шаҳрванди дигар давлат бошанд?

- Бояд гуфт, ки ин падидаи нисбатан нав аст. Маъмулан даврони пешин ин хоси давлатҳои федеративӣ буд, ки шаҳрванди давлати узви федератсия дар як вақт шаҳрванди давлати федеративӣ эътироф мешуд, ба мисли Иттиҳоди Шӯравӣ. Шаҳрвандони ҷумҳури­ҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар як вақт шаҳрванди Иттиҳоди Шӯравӣ буданд. Ҳамчунин баробари рушди ҳамкориҳои байни давлатҳо масъалаҳои душаҳрвандӣ инкишоф ёфт. Давлатҳои ғайрифедеративӣ низ аз ин падида истифода мебаранд. Бо дарназардошти чунин эҳтиёҷот дар моддаи 15-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шудааст, ки тибқи қонун ва шартномаҳои байнидавлатии Тоҷикистон мумкин аст шаҳрванди Тоҷикистон дар як вақт шаҳрвандии давлати дигарро дошта бошад. Дар қонуни конститутсионии мавриди назар низ ин меъёр инъикоси худро ёфтааст. Тибқи ин меъёрҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо бо Федератсияи Россия чунин шартномаро 7-уми сентябри соли 1995 ба имзо расонидааст. Шартномаи мазкур муқаррар кардааст, ки шахси дорои душаҳрвандӣ метавонад ихтиёран барои истиқомати доимӣ ҳудуди яке аз давлатҳоро интихоб кунад ва баъди ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо аз тамоми ҳуқуқҳо дар ин давлат истифода барад.

Тибқи шартномаи зикргардида, шаҳрванд ҳуқуқу уҳдадориҳои худро пурра дар давлате амалӣ мекунад, ки он ҷо истиқомати доимӣ дорад. Агар шаҳрванд баъзе уҳдадориҳоро дар давлате, ки пеш истиқомат мекард, иҷро намуда бошад, аз иҷрои он дар давлати зисти нав озод карда мешавад. Масалан, тибқи банди 4-уми Шартнома шаҳрванде, ки уҳдадории хизмати ҳарбиро дар давлати истиқомати пештара иҷро карда ва баъд ба давлати дигар барои истиқомати доимӣ рафтааст, аз иҷрои ин уҳдадорӣ озод мебошад.

- Дар ҳолати яке аз волидон шаҳрванди Тоҷикистон ва дигаре хориҷӣ будан фарзанди онҳо шаҳрвандии кадом давлатро соҳиб мешавад?

- Боби чоруми қонуни конститутсионии мазкур ба ин масъалаҳо бахшида шудааст. Дар ин маврид принсипи хок ва ҳам хун дар ҳамбастагӣ амал мекунанд. Яъне, агар яке аз волидон шаҳрванди Тоҷикистон ва дигаре шаҳрванди хориҷӣ бошад ва кӯдак дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат кунад, бо дархости падар ё модаре, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, кӯдак шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб мегардад.

Дар ҳама ҳолат розигии кӯдаки аз чордаҳ то ҳаждаҳсола гирифта мешавад. Қонун дар ҳама маврид манфиати кӯдакро ба инобат мегирад. Чунончӣ, мутобиқи қисми 4 моддаи 26-уми қонуни конститутсионии мазкур шаҳрвандии кӯдак ҳангоми тағйир ёфтани шаҳрвандии падару модари ӯ, ки аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум гаштаанд, тағйир намеёбад.

- Дар Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қатъ намудан, баромадан аз шаҳрвандӣ ва асосҳои рад кардан барои аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадан боби алоҳида бахшида шудааст. Ҳолат ва сабабҳои онро шарҳ медодед?

- Асосҳои қатъ гаштани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боби 3-юми қонуни конститутсионии мазкур чунин пешбинӣ шудааст: 1. Баромадан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 2. Аз даст додани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 3. Бекор кардани қарор оид ба қабул намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 4. Интихоб намудани шаҳрвандии давлати дигар дар сурати тағйир ёфтани сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Қобил ба зикр аст, ки баромадан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтиёрӣ мебошад, яъне ин ҳуқуқи шахс аст ва ӯ инро мувофиқи иродаи худ ҳал мекунад.

Дар моддаи 22-юми қонуни конститутсионии мазкур асосҳои рад намудан барои аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадан зикр гардидааст: 1. Гирифтани даъватнома ба хизмати ҳарбии ҳатмӣ (то ба анҷом расидани он). 2. Таҳти таъқиби ҷиноӣ қарор доштан. 3. Дар назди давлат уҳдадориҳои тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайянгардидаи иҷронашуда доштан. 4. Мавҷуд будани ҳукми айбдоркунандаи эътибори қонунӣ пайдокардаи суд, ки бояд иҷро гардад. 5. Шаҳрвандии давлати хориҷӣ ё кафолати ба даст овардани онро надоштан. 6. Мавҷуд будани хатар барои амнияти давлатӣ ҳангоми баромадан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар моддаи 23-юми қонуни конститутсионии мазкур асосҳои аз даст додани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидааст. Тибқи ин модда шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давлати хориҷӣ ба хизмати ҳарбӣ, мақомоти амният, адлия, ҳифзи ҳуқуқ ва ё мақомоти дигари ҳокимияти давлатӣ дохил ва ё ба кор қабул шудааст, шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз даст медиҳад, агар дар шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад. Инчунин ҳангоми ихтиёран қабул намудани шаҳрвандии давлати дигар, ки Тоҷикистон бо он шартнома дар бораи душаҳрвандӣ надорад, он шахс шаҳрвандии худро аз даст медиҳад.

Бекор кардани қарор оид ба қабул намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоме сурат мегирад, ки агар шахс дар асоси маълумоти бардурӯғ, ҳуҷҷатҳои қалбакӣ шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб шуда бошад. Инчунин ҳангоми тағйир ёфтани сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсоне, ки дар ҳудуди мансубияти давлатиаш тағйирёфта зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқ доранд тибқи тартиби пешбининамудаи шартномаи байналмилалии Тоҷикистон шаҳрвандии давлати дигарро интихоб намоянд.

- Шахсоне ҳастанд, ки берун аз ҷумҳурӣ истиқомат доранд ва шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон доштанашон бо муқаррароти ин қонуни конститутсионӣ қатъ шудааст, ҳамзамон шаҳрванди давлати хориҷӣ низ намебошанд. Дар ин маврид аз ҷониби кадом мақомот шаҳрвандии чунин нафарон муайян ва барқарор мешавад?

- Мутобиқи моддаи 34-уми қонуни конститутсионии мазкур мансубияти шахсони берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунандаро мақомоти корҳои хориҷӣ, яъне сафоратхонаҳо ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд. Мақомоти зикргардида баҳисобгирии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки берун аз ҳудуди кишвар истиқомат мекунанд ва бақайдгирии шахсонеро, ки шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз даст додаанд, амалӣ менамояд.

Қонуни конститутсионии мазкур кафолатҳои зиёдеро барои нигоҳ доштани шаҳрвандии шахсоне, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд, пешбинӣ кардааст. Тибқи моддаи 29 — уми қонуни пешин агар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа зиндагӣ мекард ва давоми панҷ сол бе сабабҳои узрнок худро дар қайди консулӣ намегузошт, аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳрум мегардид.

Ин меъёр дар қонуни нав пешбинӣ нашудааст ва барои нигоҳ доштани шаҳрвандии онҳое, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, кафолати муҳим ҳисоб меёбад.

Мусоҳиб Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»