Консепсияи баргузории ҷашни 5500-солагии Саразм омода гардид

№11 (4117) 21.01.2020

Саразм логоМоҳи сентябри соли ҷорӣ 5500-солагии Саразми бостон таҷлил мегардад. Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ҷашн гирифтани ин санаи фархунда аз ҷониби Ҳукумати мамлакат нақшаи чорабиниҳо таҳия шудааст ва корҳои ободонию омодагӣ идома доранд.

Тавре директори Пойгоҳи бос­тоншиносии Саразм Норинисо Худоёрова гуфт: — Ба ин муносибат, дар маҷмӯъ, бунёди 30 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Сохтмони осорхонаи сеошёнаи Саразм ибтидои соли гузашта оғоз ёфта буд ва имрӯз корҳо дар ошёнаи сеюм идома доранд.  Роҳи мамнуъгоҳ пурра барои асфалтпӯш намудан омода аст. Сохтмони деворпанҷараҳои атрофи мамнуъгоҳ бошад, дар масофаи 2000 метр (дар маҷмӯъ 4700 метрро ташкил медиҳад) ба анҷом расид. Дарвозаи даромадгоҳи мамнуъгоҳ низ сохта шуд. Аз 200 метр роҳи асосӣ 100 метр сангфарш ва фурӯзонакҳои атрофи сутунҳои деворпанҷараҳо, ороишоти сутунҳои атрофи мамнуъгоҳ бо нақшу нигори бозёфтҳои Саразм васл гардидаанд.

Барои пурра намудани номгӯйи нигораҳо дар осорхона корҳои ҳафриётӣ дар қабристони Саразм  давом доранд. Тибқи нақша растаҳои кулолгарӣ низ таъмир мешаванд.

Соли 2019 бо иштироки бос­тоншиносони Франсия, Россия ва Ҷумҳурии Халқии Хитой ҳафриёти муштарак гузаронида шуд, ки хеле бобарор буд. Аз ҷумла,  аз 10 то 20 октябр дар доираи ҳамкорӣ бо мутахассисони Ҷумҳурии Халқии Хитой дар ҳудуди мамнуъгоҳ, бо истифода аз техника ва технологияи муосир, корҳои ҷустуҷӯйӣ анҷом дода шуд. Дар натиҷа, дарёчае, ки дар қадим шаҳри Саразмро шодоб мекард, пайдо гардид. Инчунин, ҷойи ҳавзҳое, ки аз он саразмиён истифода мебурданд, муайян шуданд. Аз устухонҳое, ки аз ҳафриётҳо ба даст омаданд, барои муайян намудани ҳайвонҳои он замон намуна барои ташхис гирифта шуд. Аз 11 то 25  моҳи октябр бостоншиносон М. Виноградова аз Институти шарқшиносии шаҳри Москва (Россия) ва Ҷ. Ламбарда (аз Осорхонаи шарқи шаҳри Рим (Италия) дар ҳамкорӣ бо бостоншиносони тоҷик шаш қабри аҳди энеолитро кашф карданд.

- Ҳафриётҳое, ки он ҷо боқимондаи бинои истиқоматӣ ва «Маъбади офтоб» кашф шудааст, аз санъати баланди шаҳрсозии саразмиён дарак медиҳанд. Онҳо қимати хеле баланди таърихӣ — фарҳангӣ дошта, ҳифзу нигоҳдошт ва ба тамошои сайёҳон гузоштанашон хеле муҳим аст. Аз ин рӯ, болопӯш кардани ин ду бозёфт ҷиҳати барқарор намудани мазмуну моҳияти ёдгорӣ ҳамчун маркази тамаддуни шаҳрдориву ҳунармандӣ ва кишоварзӣ хеле зарур аст. Бовар дорем, ки то рӯзҳои ҷашн ин кор низ ба анҷом мерасад, — изҳор дошт Н. Худоёрова. – Раванди ба нашр тайёр кардани монографияҳо бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ аз тарафи бостоншиносону олимони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш оғоз ва бо ҳамкории мутахассисон консепсияи  баргузории ҷашни 5500 — солагии Саразм омода гардидааст.

Рӯзибойи УМАР, «Садои мардум»