Ба истиқболи 20-умин солгарди қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конститутсия — кафолати таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон

№105-106 (3251-3252) 12.09.2014

Имсол ба қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 сол пур мешавад. Ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида буд, дар муҳлати 20 соли мавриди амал қарор доштанаш ҳамагӣ ду маротиба – 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 бо гирифтани раъйи умумии сокинони кишвар ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Ин раванд ба устувориву пойдории меъёрҳои Конститутсия дар ташаккули низоми ҳуқуқӣ, қонунгузорӣ, сулҳу субот, оромӣ ва камолоти давлатдорӣ мусоидат кард.Дар моддаи якуми боби якуми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тоҷикистон ҳамчун давлати иҷтимоӣ муаррифӣ мешавад. Ҳамчунин инсон ва ҳуқуқу озодиҳояш зери ҳимояи давлат қарор доранд.

Зарурати қабули Конститутсияи нав бо ба даст омадани истиқлолияти кишвар ба миён омад. Дар баробари ин, дигаргуниҳои хеле ҷиддӣ дар ҳаёти сиёсии олам тақозо мекард, ки санади тозае барои давлати соҳибистиқлол таҳия ва қабул гардад. Зеро дар ҳама давру замонҳо, бо зуҳури давлату давлатдорӣ зарурати муайян сохтани сохтор, ба низом овардани муносибатҳои мухталифи табақаҳои иҷтимоии ҷомеа, ҳуқуқу манфиатҳои одамон ва пойдории давлату ҷамъият санаде мураттаб мешуд, ки фарогири ҳама ҳадафҳои давлат бошад. Ин санад дар таърих ба унвони Конститутсия эҷод гардид ва то имрӯз ҳамчун санади асосӣ шинохта мешавад. Дар Конститутсияи нави кишвар бисёр арзишҳои миллию давлатӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон мақому манзалати вижа пайдо карданд. Бори аввал дар масири таърих, баъди садсолаҳо, забони тоҷикӣ чун забони давлатӣ мақоми расмӣ гирифт ва рамзҳои давлатӣ чун муқаддасоти давлату миллат шинохта шуданд. Имрӯз, мутобиқи талаботи Конститутсия, коргузорӣ, ҳуҷҷатнигорӣ, таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дигар муносибатҳои меҳнатӣ бо забони давлатӣ сурат мегиранд. Афзалияти дигари Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боби алоҳидае, ки ба ҳуқуқу озодиҳои инсон дахл дорад, бармеояд. Бори аввал мафҳуми инсон дар чаҳорчӯбаи қонуни асосии давлат баррасӣ ва эътироф гардид.

Сарчашмаи асосии пайдоиши Конститутсия ба шуури ҳуқуқии инсоният, ки дар ду асри пуринқилоб мукаммалтар гардид, вобастагӣ дорад. Пайдоиши Конститутсия тақозои ҷомеаи ҳуқуқбунёд мебошад, ки барои фароҳам овардани шароити арзандаи ҳуқуқӣ мусоидат мекунад.Тоҷикистон низ таърихан дорои  конститутсияҳои худ мебошад. Дар раванди таърихи Тоҷикистон, бешубҳа, Конститутсияҳои солҳои 1924, 1931, 1936, 1978 ва Эъломияи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон (соли 1991) нақши созанда бозидаанд. Имрӯз бо боварии том метавон гуфт, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон санади асосии бунёди ояндаи дурахшони миллати тоҷик аст ва дараҷаи самаранокии амалишавии муҳтавои он ба савияи қонундониву риояи бемайлони он аз тарафи ҳар як фарди ҷомеа иртиботи бевосита дорад. Ин санади муқаддасу сарнавиштсоз ифодагари азму иродаи мардум буда, роҳи минбаъдаи рушду такомули ҷомеаи моро муайян менамояд.Конститутсия ба сифати санади олии  қувваи ҳуқуқидошта заминаҳои қонунии пешрафти ҷомеаро муайян намуда, барои  қабули қонунҳои нав ва ба танзим даровардани муносибатҳои ҷамъиятии гуногун асосҳои ҳуқуқӣ фароҳам овард.Ифода гардидани халқ ҳамчун сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ аз демократӣ будани Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дарак медиҳад. Меъёрҳои меҳварии қонуни асосии кишвар аввалин маротиба  дар таърихи қонунэҷодкунии давлат ҳуқуқу озодиҳои инсонро ҳамчун арзиши олӣ ва заволнопазир эътироф  кардааст, ки ин ифода қурбу манзалати инсонро дар ҷомеа боз ҳам барҷаста таҷассум намудааст.Ҳуқуқи инсон мафҳуми мураккабу серҷабҳа буда, ба он таърифи  ягона ва маънидоди якранга намудан қобили қабул нест, зеро ин вожа яке аз арзишҳои муайянкунандаи тамаддуни ҷаҳони муосири имрӯза маҳсуб меёбад ва на танҳо мафҳуми ҳуқуқӣ, инчунин философӣ, сиёсӣ ва аҳлоқиро низ доро мебошад.  Раванди фаъолияти 23 — солаи соҳибистиқлолии миллати тоҷик бо сарварии Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақозогари бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд буда, бо шарофати сиёсати хирадмандонаи ин абармарди асил ҳуқуқу озодиҳои инсон мавқеи  баландро ишғол намудааст. Дар суханрониҳои худ Сарвари давлат пайваста кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ҳушдор медиҳад, ки дар ҷараёни тафтишу баамалбарории адолати судӣ ҳуқуқу озодиҳои инсон қатъӣ риоя карда шавад.Дар Конститутсия арзиши олӣ эътироф гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон, муайянкунандаи мақсаду мазмуни фаъолияти мақомоти қонунгузор, иҷроия, маҳаллӣ ва худидоракунии маҳаллӣ будани онҳо маънои онро дорад, ки риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон вазифа ва уҳдадории ҳуқуқии мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо мебошад. Қонунҳо набояд қоидаҳои рафтореро муайян намоянд, ки ба ҳуқуқу озодиҳои инсон мувофиқ  набошанд ё онҳоро халалдор созанд. Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳамчун арзиши олӣ аз  ҳуқуқбунёду демократӣ будани низоми давлатдории мо гувоҳӣ медиҳад. Дар Конститутсияи амалкунандаи кишвар диалектикаи замон, раванди демократия ва ғояҳои давлати ҳуқуқбунёд дар замони имрӯза ва оянда таҷассум ёфтааст. Дар ҷомеаи имрӯза яке аз масъалаҳои марказӣ ва асосии давлатҳои муосир ин кафолатҳои таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад. Мувофиқи қисми сеюми моддаи 5-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф,риоя ва ҳифз менамояд.

Ҳамин тариқ,  моҳияти асосии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он ифода меёбад, ки ҳуқуқи инсон маҳаки асосии  сохти конститутсионии давлатро ташкил медиҳад.

Зуҳурзода Далер Шукурҷон, судяи Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе