Ба истиқболи 20-умин солгарди қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конститутсия — ҳомии давлату ҷомеа

№109 (3255) 20.09.2014

Ҳаёти ҷамъиятӣ аз давраи пайдоиши инсоният ба воситаи меъёрҳое, ки аз ҷониби худи одамон ба вуҷуд оварда шудаанд, ба танзим дароварда мешуд. Ҳамаи аъзои қабила ё ҷамоа ба ин меъёрҳо риоя ва итоат менамуданд. Ин меъёрҳо то ба имрӯз, бо гузашти таърихи тӯлонӣ ба дараҷаи  Конститутсия омада расидааст.

Аслан Конститутсия ҳамчун қонуни асосӣ инъикоскунандаи ҳаёти ҷамъиятии ин ё он давлат дар  замони муайян маҳсуб ёфта, волоияти қонун, сохти давлатдорӣ, хусусиятҳои миллӣ ва фарҳангию иҷтимоии ҳамон давлатро дар худ таҷассум менамояд.

Бояд таъкид дошт, ки таи ду даҳсолаи замони истиқлолият, гарчанде ки ин муҳлат дар назди таърих муддати на чандон тӯлонӣ аст, мо, тоҷикистониён, бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомали Раҳмон тавонистем, ки давлатдории миллиамонро тариқи қабул намудани Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав эҳё намоем. Ба таври дигар гӯем,  Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз заминаҳои асосӣ ва такони бузурге шуд баҳри пойдор намудани  давлатдории миллии тоҷикон.

Ба ҳамагон маълум аст, ки бо ҷаҳду талош ва роҳнамоиҳои Ҷаноби Олӣ ва азму иродаи қавии халқамон Конститутсияи (Сарқонуни)  Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар вазъияти ногувор бошад ҳам, қабул гардид, ки ин воқеа тӯли садсолаҳо дар саҳифаи таърих бо ҳарфҳои заррин  навишта хоҳад шуд.

Ҳар фарде, ки таърихи солҳои 90-уми асри гузаштаро дар хотир дорад, хуб медонад, ки ба сари халқи тоҷику тоҷикистонӣ чӣ қадар вазниниҳо бор шуда буд.

Ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 20 соли мавҷудияташ ду маротиба тағйироту иловаҳо ворид карда шуд, ки аз талаботи замон бармеомаданд. Конститутсияи мо имрӯз тамоми муносибатҳои давлатию ҷамъиятиро фарогир аст ва онҳоро ба танзим медарорад. Маҳз тавассути меъёрҳои муқаррарнамудаи Конститутсия аст, ки таи ду даҳсолаи охир Тоҷикистон дар ҳамин самтҳо, хусусан дар бахши иқтисодиёту иҷтимоиёт ва сиёсати хориҷӣ ба муваффақиятҳои беназир ноил гардида истодааст. Конститутсияи имрӯзаи мо, ки соли ҷорӣ 20-солагии он дар кишвар ботантана ҷашн гирифта хоҳад шуд,  яке аз беҳтаринҳо ва демократитаринҳо дар ҷаҳон эътироф шудааст.

Тазаккур бояд дод, ки ҳаёти ҳамарӯзаи ҳар яки мову шумо, пеш аз ҳама тавассути меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳое, ки аз он сарчашма мегиранд, ба танзим дароварда мешавад. Боби 2-юми Конститутсия пурра ба масъалаҳои ҳуқуқу  озодиҳо ва уҳдадориҳои  инсон ва шаҳрвандон бахшида шудааст.  Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 боб ва 100 модда иборат буда, бобҳои 1,3,4,5,6,7,8,9-уми он масъалаҳои давлату давлатдориро дар бар мегирад.

Мо, кормандони идораҳои нотариалии давлатӣ маҳз бо меъёрҳое, ки дар Конститутсия муқаррар карда шудаанд, сарукор дорем.

Имрӯз, мутаассифона, на ҳама, ҳатто бархе аз кормандони ҳифзи ҳуқуқ низ бо меъёрҳои Конститутсия пурра ошно нестанд, гарчанде ки муносибатҳои ҷамъиятии ҳаррӯзаи мо аз амали қонунҳо, волоияти қонун вобастагӣ дорад.

Конститутсия, ки ҳимоятгари ҳуқуқҳои шаҳрвандон аст, донистану шинос будан бо он ба манфиати ҳар як шаҳрванд аст. Чаро имрӯз, дар асри иттилоот, ки ҳама гуна ахбор дастрас аст, конститутсияхонӣ накунем? Чаро мушкилии ҳуқуқии худро бо такя ба Конститутсия ҳал нанамоем?

Конститутсияро на фақат кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё ҳуқуқшиносон, балки ҳар як хонандаи мактаб, хурду калон, ки қобилияти хондану фаҳмидан доранд, бояд аз ёд донад. Агар ҳар яки мо дар талоши ҳифзи Конститутсия бошем, дар навбати худ Конститутсия ҳомии  мову шумо мегардад.

Бӯстон УМАРОВ, нотариуси давлатии Идораи нотариалии давлатии ноҳияи Ашт, ҳуқуқшиноси дараҷаи  2-юм