70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Корномаи онҳо мояи ифтихори мост

№51 (3352) 08.04.2015

Омодагӣ барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 70-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар ноҳияи Рашт идома дорад. Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия, ки айни ҳол 691 нафарро муттаҳид намудааст, то имрӯз корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст. Сарварии Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияро Шобуддин Мирзоев ба уҳда дорад.

Дар маҷлиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат аз 22 апрели соли 2014, ки 87 нафар собиқадорон ширкат доштанд, муроҷиатнома ба аҳли зиё қабул карда шуд, ки дар он сухан оид ба таҷлили  70-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ меравад. Аз ҷумла пирони соҳибтаҷриба дар муроҷиатномаи хеш аз зиёиён хоҳиш кардаанд, ки барои ба мардум расонидани маълумот оид ба фоҷиаи ба сари мардуми шӯравӣ омада, корномаи ҷанговарони шӯравӣ ва аҳли ақибгоҳ, инчунин оқибатҳои даҳшатовари ҷангу хунрезӣ саҳм гузоранд.

Дар ноҳияи Рашт ҳоло 24 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиндагӣ доранд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барои таъмини рӯзгори шоистаи онҳо чораҳои саривақтӣ меандешад. Зимистони имсол барои ҳар кадоми онҳо ба миқдори як тоннагӣ ангишт ва миқдори муайян ҳезум ҷудо кард. Ҳамаи маъюбони муҳтоҷ бо асобағал ва аробачаҳо таъмин гардиданд.

Дафтари кори раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Шобуддин Мирзоев ҳамеша аз одам пур мебошад. Рӯзе, ки бо мақсади ошноӣ бо корҳои ӯ вориди дафтари кориаш шудам, чанд тан аз пирони  рӯзгордида  саргарми суҳбат буданд.

-Ситоди ғайринавба-тиамонро гузаронида истодаем. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия нуҳ моҳ пеш барои дар сатҳи баланд гузаронидани ҷашни 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ситод таъсис дода буд. Мо чанд маротиба ситодамонро гузаронидем. Ин рафиқон шахсони ташаббускоранд ва тасмим гирифтаанд, ки дар таҷлили ҷашн бештар саҳм гузоранд, — гуфт Шобуддин Мирзоев.

Аз суҳбат бо мавсуф маълум гардид, ки тибқи нақшаи чорабиниҳо давоми ҳафт моҳи охир аъзои ситод бо сарварии раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия ва менеҷери беморхонаи марказии ноҳия Зоиров Деҳотӣ се маротиба ба аёдати  собиқадорони ҷангу меҳнат рафтаанд. Табибони кордон, ки дар ҳайати гурӯҳ шомил буданд, вазъи саломатии собиқадоронро аз ташхис гузарониданд ва барои табобати онҳо аз имконоти дар ихтиёрдоштаашон истифода бурданд.

-Аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия миннатдорем, — гуфт ҳамсуҳбати ман иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, маъюби дараҷаи якум, сокини шаҳраки Навобод Шарифов Саъдӣ.

Иттилоъ гирифтем, ки ӯ оид ба таъмири хонаи истиқоматиаш муроҷиат намудааст. Бо дастгирии раиси ноҳия ин масъала ҳалли худро ёфт ва хонаи ҷанговари солхӯрда дар сатҳи хуб таъмиру тармим гардид.

Шобуддин Мирзоев аз аҳволи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳар замон хабар мегирад. — Шумораи онҳо дар ноҳия сол то сол кам мешавад, -  мегӯяд ӯ. Зиндагиномаи ин мардони ҷасур на танҳо барои насли наврас, балки барои тамоми мардуми мо намунаи ибрат аст. Онҳо на танҳо дар майдони ҷанг қаҳрамонӣ нишон додаанд, балки баъди ба итмом расидани ҷанг дар барқароркунии хоҷагии халқ, ки хеле хароб шуда буд, саҳми арзанда доранд. Аксари ҷанговарони аз набардгоҳ баргашта маъюб ва баданашон аз захми тири аду афгор буд, вале онҳо бо тамоми ҳастӣ шабу рӯз барои ободонии Ватан заҳмат кашиданд.

-Мо ният дорем, ки сурати тамоми иштирокчиёни ҷангро аз ноҳияи Рашт ҷамъ кунем ва дар як албом ҷойгир намоем,-  суханашро идома дод Шобуддин Мирзоев. Барои амалӣ намудани ин нияти нек бо мудири шуъбаи маорифи ноҳия Холмаҳмад Ортиқов суҳбат доштам. Қисме аз аксҳо ба дасти мо расиданд. Албатта, ёфтани тамоми аксҳо ғайриимкон аст. Дар сурати пайдо накардани сурати баъзе аз иштирокчиён расми онҳоро аз рӯйи гуфти хешу таборашон мекашем. Дар бахши фарҳанги ноҳия ду нафар рассомони боистеъдод кор мекунанд ва ваъда доданд, ки дар ин кори хайр саҳм мегузоранд.

Бо кумаки омӯзгорони фанҳои забон ва адабиёти тоҷик оид ба ҳаёту фаъолияти аксар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ лавҳа ва очеркҳо тайёр кардем, ки қисме аз ин навиштаҳоро рӯзномаи ноҳиявии «Оинаи Рашт» ба табъ расонд. Агар имконият даст диҳад, ин маҷмӯаро дар шакли китоб чоп хоҳем кард.

Бояд ёдовар шавам, ки аз ноҳияи Рашт 1009 нафар ҷавонон ба муқобили фашизм мубориза бурдаанд ва 588  нафарашон дар майдонҳои набард ба шаҳодат расиданд.

Бо мақсади саҳм гузоштан дар тарбияи ватандӯстии хонандагон аъзои ситод мунтазам ба  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия робита доранд ва дар мулоқоту вохӯриҳо оид ба корномаи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳикоя мекунанд. Ҳамчунин вохӯрии иштирокчиёни ҷангро дар чандин муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия ташкил намудем. Насли имрӯз бояд хуб дарк намоянд, ки бобоёни онҳо ба хотири дифоъ аз Ватан сина сипар кардаанд ва мардонавор ҷангида, ба душмани маккору разил ғолиб омаданд. Корномаи онҳо мояи ифтихори насли имрӯз ва фардои мо мебошад.

Имрӯз ҳамаи мо шоҳид ҳастем, ки дар чанд гӯшаи дунё ҷангу хунрезӣ ва харобкорӣ идома дорад. Дар баробари таблиғи тарбияи ватандӯстӣ мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки насли наврас дар рӯҳияи нафрат ба ҷанг ва харобкорӣ тарбия ёбанд. Бояд насли имрӯз аз корномаи бобоёни хеш хуб огоҳ бошанд ва дар оянда чун шахсони созандаву ободкор ба воя расанд. Мо бояд ба ҷавонону наврасон ҳақиқатро фаҳмонда тавонем, ки бузургманишии бархе аз кишварҳо, ки даъвои ҳукмрон шудан дар кураи заминро доранд, боиси ҳалокати ҳазорон нафар одамони бегуноҳ ва вайрон шудани шаҳрҳое, ки тӯли садсолаҳо бо заҳмату машаққати зиёд бунёд шудаанд, мегардад. Вайрон кардани ёдгориҳои таърихӣ ва сӯхтани ҳазорон нусха нишони ба ҷаҳолат гирифтор гардидани як зумра одамон мебошад. Инро дар мисоли кирдору рафтори ваҳшиёнаи ҷанговарони бо ном «Давлати Исломии Ироқу Шом» дида метавонем.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини зиндагии шоистаи собиқадорони ҷангу меҳнат пайваста чора меандешад ва масъулинро вазифадор менамояд, ки дар ин ҷода ба саҳлангорӣ роҳ надиҳанд. Мо аз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорем ва ба қадри тавонамон барои дар амал татбиқ намудани барномаҳое, ки ба рушду нумуи кишвар нигаронида шудаанд, саҳм мегузорем, — гуфт дар хотимаи суҳбат раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Рашт Шобуддин Мирзоев.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»