Корвони хайрия аз вилояти Хатлон

№100 (3401) 28.07.2015

Рӯзи якшанбе корвони хайрия аз вилояти Хатлон ба ноҳияи Рашт расид. Чуноне аз суҳбат бо раиси ноҳияи Қубодиён Абдураҳмонзода Саидумрон Назар, ки ин ҳайатро роҳбарӣ мекард, маълум шуд, хатлониён барои зарардидагони деҳаҳои Бедаку Ҳалқарф дар ҳаҷми 43 ҳазор сомонӣ маводи ғизоӣ овардаанд.

-Расонидани кумак ба мардуми зарардида яке аз суннатҳои хоси миллати мост,- гуфт дар суҳбат бо хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум» Абдураҳмонзода Саидумрон Назар. — Баробари хабардор шуданамон аз фоҷиаи сокинони деҳоти «Навдӣ» ҳамдиёрони мо ба  раштиён дасти мадад дароз карданд. Дастгирии зарардидагон дар замони истиқлолият дар қатори анъанаҳои беҳтарин ҷой гирифтааст, зеро дар чунин ҳолатҳо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин шуда, ба мусибатзадагон дасти мадад дароз менамоянд, изҳори ғамшарикӣ мекунанд. Ҳамин ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлатамон барои ҳар як фарди солимақл як сабақи бузург аст. Мо чун шогирдони мактаби ӯ  дар ин мавридҳо қарзи худ медонем, ки барои таъмини зиндагии осудаи сокинони диёрамон ҳисса гузорем.

Бовар дорам, ки сокинони ноҳияи Рашт ба  ин рӯзҳои мушкил мардона тоб меоранд ва дар як муҳлати кӯтоҳ бо дастгирӣ ва кумаки Роҳбари давлат соҳиби хонаву дигар ҷиҳози зиндагӣ  мешаванд.

- Бо корубори сохтмончиён шинос шудам, бо мардуми деҳаҳои зарардида суҳбат доштам. Мардуми шарифи Рашт мардуми баору номус ва меҳнаткаш мебошанд. Чор соли сарварӣ дар ноҳияи Рашт имконият дод, ки аз дилу нияти сокинони ин гӯшаи фирдавсшабеҳи Тоҷикистон огоҳ шавам.  Мардуми намакшинос мебошанд ва ба қадри ғамхорию дастгириҳои Президенти мамлакат мерасанд, сиёсати Роҳбари давлатро ҷонибдорӣ мекунанд ва барои дар амал татбиқ намудани он саҳми сазовор мегузоранд,- гуфт дар хатми суҳбат Абдураҳмонзода Саидумрон Назар.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»