Корвони хайру муҳаббат

№97-98 (3398-3399) 23.07.2015

Бо ибтикори узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Хоруғ Қиматгул Алибердиева  ва дастгирии сокинони маҳаллаи шаҳри  Хоруғ корвони хайру муҳаббат ҷониби шаҳраки навбунёди Боғевдара раҳсипор гардид.

Сокинони шаҳри Хоруғ  ҳашт мошини пур аз маводи ниёзи мардумро барои зарардидагон аз офати табиӣ раҳсипор гардонида, дуои хайр намуданд, ки агарчи талафоти ҷонӣ набошад ҳам, аз ин офати табиӣ рӯзгори мардум ба танг омадааст. Мо ҳама дар тараддуди дастгирии  сокинони деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон буда,  ҳар лаҳзаву ҳар соат аз ҳоли онҳо хабардор мегардем.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ таҳти сарварии раиси шаҳр Қиматгул Алибердиева тасмим гирифтааст, ки рӯзи чоршанбеи ҳар ҳафта дар ҳамдастӣ бо сокинони  шарафманди шаҳри Хоруғ бо корвони мошинҳои  хайру муҳаббат ба сӯи шаҳраки навбунёди Боғевдара сафар намоянд.

Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»