Адабиётшиносон давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945)-ро марҳилаи махсуси рушди адабиёт шинохтаанд. Дар он давраи ҳассоси таърихи башарият адибони тоҷик, дар баробари шоирону нависандагони дигар миллатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, ба ин мавзӯъ рӯ оварда, дар қолабҳои назму наср садҳо асари арзишманд офариданд. Миёни адибони тоҷик Абулқосим Лоҳутӣ аз нахустин шоироне буд, ки ба ин мавзӯъ рӯ овард. Аввалин шеър дар робита ба ҳуҷуми Германияи фашистӣ ба ИҶШС низ маҳз ба қалами ӯ рабт мегирад, ки оғози солҳои сиюми асри XX эҷод шудаанд. То замони ҳуҷуми Германияи фашистӣ ба Иттиҳоди Шӯравӣ Лоҳутӣ дар назми публитсистиаш аз расидани фашизм ба қудрат дар Аврупо изҳори нигаронӣ намуда, мавҷудияти онро барои башарият хатаровар арзёбӣ мекард. Дар ин хусус дар шеърҳои «Ба коргарони Боку», «Шолоӣ ва Фюрист», «Ба челюскиниҳо», «Сигнал», «Аз халқи Тоҷикистон ба халқи Испания», «Дар ҷаҳони бедод», «Мо зафар хоҳем кард» ва як қатор шеъру достонҳои дигар, ки солҳои сиюми асри гузашта иншо гардидаанд, ишораҳо шудааст. Аз ҷумла, дар шеъри «Дар ҷаҳони бедод», ки дар пайи ҳодисаи ҳамлаи тайёраҳои Италияи фашистӣ ба минтақаҳои аҳолинишини Ҳабашистон, солҳои сиюми асри XX навишта шудааст, адиб рафтори зиддибашарии фашистони итолиёвиро ба шиддат маҳкум кардааст. Адиб мавқеашро нисбат ба фашизми аврупоӣ ва саркардагони он чунин баён карда буд:
Фашист ҳам аз ҷинси башар гар ба шумор аст,
Хунхортар аз ҷинси башар ҷонваре нест.
Дар шеърҳои ба ин мавзӯъ бахшидааш Лоҳутӣ солҳои пеш аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ характери ҷангҷӯӣ доштани фашизми аврупоиро ба муқобили Давлати Шӯравӣ эҳсос ва пешгӯӣ карда, ҳукуматдорони шӯравиро аз оқибати ногувори он огоҳ карда буд. Аз ҷумла, дар шеъри «Фардо» (соли 1930) ҷанги байни Иттифоқи Шӯравӣ ва фашистони аврупоиро дақиқан пешгӯйӣ намуда, чунин гуфта буд:
Фардо ду ҷаҳон, ду синф, ду лашкар
Сафбаста шаванд ба зидди якдигар.
Аз ин ҷониб ҷаҳони заҳматкаш,
Аз он ҷониб ҷаҳони ғоратгар.
Тавре маълум аст, 22 июни соли 1941, баробари аҳдшиканона ба хоки Иттиҳоди Шӯравӣ сар даровардани армияи Германияи фашистӣ, таҳти роҳбарии Гитлер Ҷанги Бузурги Ватанӣ шурӯъ гардид. Баъди ҳуҷуми фашистон ҳам нахустин шеърро дар ин мавзӯъ маҳз устод Лоҳутӣ гуфт ва дар ин ҷода ба дигар адибони тоҷик роҳ кушод. Он шеъри «Мӯр ва офтоб» мебошад, ки бори нахуст баъди ду рӯзи ҳуҷуми гитлерчиён ба хоки шӯравӣ, 24 июни соли 1941 дар газетаи «Тоҷикистони сурх», бо номи «Халқи советӣ ҷумла мусаллаҳ шаванд» ба табъ расидааст. (Баъдан, он дар маҷмӯаву куллиёти шоир бо номи «Мӯр ва офтоб» бо андак таҳрир чоп шудааст). Дар шеър шоир бо дарки таъсирнокии сужаву шаклҳои афсонавӣ ва ҳаҷвии халқӣ аз образҳои афсонавӣ истифода карда, армияи фашистиро ба қаҳрамонҳои манфии ривоятҳои халқӣ ташбеҳ додааст, ки ин усул баъдан яке аз талаботи асосии ашъори замони ҷанг гардид.
Шеъри мазкур, ки бе ягон шубҳа метавон онро памфлет дар қолаби назм хонд, аз ду қисмат иборат аст. Қисми аввали онро як сужаи афсонавӣ ташкил медиҳад. Мазмуни он чунин аст, ки мӯрчаи фарбеҳе баъди истило кардани мӯрҳои нотавони зиёд, ҳирсаш боло мегирад ва аз Худо талаб мекунад, ки ба ӯ болу пар диҳад, то ба осмон парида, офтобро ҳам тобеъ кунад. Хостааш қабул мешавад ва болу пар мебарорад. Вале ҳангоми парвоз ба сӯи офтоб аз болояш уқобе мегузарад. Мӯр аз шамоли болҳои уқоб нагунсор шуда, ба замин афтода, ҷон медиҳад. Дар ин ҷо шоир Германияи фашистиро ба мӯр ва ИҶШС-ро ба уқоб монанд мекунад. Ин мазмунро дар қисмати дуюми шеър бо равияи услубии публитсистикаи манзум чунин шарҳ медиҳад:
Нусрати фашизм варо кӯр кард,
Ақли солим аз сари ӯ дур кард.
Дидаи бешарми ӯ боз шуд,
Рӯ сӯи хуршед ба парвоз шуд.
Дар раҳи симурғи Советӣ парид.
Шубҳа дар ин нест, ки маргаш расид.
Агар дар шеъри «Фардо» устод Абулқосим Лоҳутӣ ҳуҷуми лашкари фашистони аврупоиро ба Иттифоқи Шӯравӣ пешгӯӣ карда бошад, дар шеъри баъди ба қаламрави Давлати Шӯравӣ ворид шудани фашистони олмонӣ навиштааш анҷоми онро ҳам пешбинӣ мекунад:
Лашкари мо – Лашкари Сурхи бузург,
Ҳамла барад шерсифат сӯи гург.
Сахт бикӯбад сари ин морро,
Маҳв кунад ҷонвари ғаддорро.
Ҳаст ба ҳар мулке халқе асир,
Мешавад озод зи гурги шарир.
Дар ин шеър кинояву писханд, типҳои танзии жанрҳои хурди фолклорӣ: афсонаву латифаҳо ва афсонабофиҳо, ки хосияти асосии памфлетро ташкил медиҳанд, бамавқеъ истифода гардидааст.
Агарчӣ он дар рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» 24 июни ҳамон сол, яъне дар шумораи аввалини нашрияи марказии кишвар баъди ду рӯзи ҳуҷуми армияи гитлерӣ ба ИҶШС нашр шудааст, вале ба осонӣ метавон тахмин кард, ки устод Лоҳутӣ онро дар рӯзи аввали ҳуҷуми фашистон, бо таъсири митинге, ки 22 июни соли 1941 дар шаҳри Сталинобод (Душанбеи ҳозира) ба ҳамин муносибат баргузор шудааст, эҷод кардааст. Аз гузорише, ки таҳти унвони «Митинги меҳнаткашони шаҳри Сталинобод дар Парки маданият ва истироҳати ба номи Ленин» дар ҳамон шумораи газетаи «Тоҷикистони сурх», баъди оғоз гардидани ҷанг нашр шудааст, маълум мегардад, ки дар митинг баъд аз Котиби КМ ПК(б) Тоҷикистон Д. З. Протопопов аз намояндагони дигари давлатӣ А. Лоҳутӣ нутқ мекунад. Газета аз нутқи устод Лоҳутӣ дар ин митинг чунин иқтибос меорад: «Беҳаёгии бемислу монанди сагони девонаи фашистӣ беҷазо нахоҳад монд. Ин сагони фашистӣ аз куҷое, ки омадаанд, дар ҳамон ҷо нест карда мешаванд. Коркунони санъат ва маданият – нависандагон, шоирон, журналистҳо, артистҳо – тамоми интелигенсияи Тоҷикистон худро барои нест кардани душманони ватани сотсиалистӣ мобилизатсия шудагӣ мешуморанд». Тавре маълум мегардад, ин нутқи шоир ба мазмуни шеър бисёр наздикӣ дорад.
Хусусияти хоси шеърнависии устод Лоҳутӣ дар он буд, ки ӯ аксар шеърҳояшро, ки ба ин ё он воқеа бахшида шудаанд, бадоҳатан ё ба истилоҳ, дар гармогармии ҳодисаҳо навишта, сари вақт ба матбуот месупоридааст. Устод Айнӣ соли 1940 дар сарсухани маҷмӯаи «Шеърҳои тоҷикистонӣ» ба ин тарзи шеърнависии устод Лоҳутӣ ишора карда, навишта буд, ки ӯ ашъорашро «бештарин дар ҷашн, маҷлисҳои хурсандӣ ва шабнишиниҳои адабии меҳнаткашон, худ феълан иштирок карда, дар рафти ҳамон маҷлис навиштаанд».
Аз ҳамин нуқтаи назар метавон гуфт, ки шеъри «Мӯр ва офтоб», ки рӯзи аввали ҳуҷуми Германияи фашистӣ ба хоки ИҶШС, 22 июни соли 1941, пас аз митинги меҳнаткашони шаҳри Сталинобод (ҳоло Душанбе) зери таъсири баромадҳо навишта шудааст, аввалин шеъри зидди фашистони олмонӣ дар адабиёти тоҷик ба шумор меравад. Ва он аввали рӯзҳои ҷанг дар нашрияҳои дигари умумиҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ низ бознашр шудааст.
Б. ЗОИРИЁН,
унвонҷӯи ДМТ