Сомонаи «Кимиёи саодат» аз чоруми сентябр матлаберо зери сарлавҳаи «Тӯраҷонзода: Илтимоси ман ҳамин, ки номусро аз даст надиҳед» мунташир сохтааст. Бо хондани рӯякӣ метавон гуфт, ки навишта аз даъватҳои дигари аҳли дин тафовуте надорад, ба шарте ки воизи ин суханҳо Акбари Тӯраҷонзода намебуд.
Дар забони номбурда ҳар як вожа ва истилоҳ даҳҳо паҳлуву маънии коғазпеч дорад ва танҳо онҳое ба умқи калому сирри саломаш мерасанд, ки пойбанди фармудаҳои ӯянд. Пушти калимоти зебою фасеҳ, пурназокату малеҳ ончунон маъниҳои ҳавлнок нуҳуфтаанд, ки инсони асил ҳатто дар мағзу шуури хеш наметавонад онҳоро ҷой диҳад. Банда тасмим гирифтам, ки бо истинод ба ин мақола, ҳар як истилоҳи аз ҷониби Акбари Тӯраҷонзода истифодашударо бо маъние шарҳ диҳам, ки номбурда дар мадди назар дорад:
Илтимос – супориш, амри саркардае, ки таҷрибаи тарҳрезӣ ва дар амал татбиқ кардани тамоми намуди фоҷиаро дорад.
Номус – арзише, ки дар натиҷаи камари хидмат бастан дар назди аҷнабиён ва гирифтани чанд пайсаи бебаракат барои паҳн кардани ақидаҳои бегона ва пайравии мазҳаби ғайр фурӯхта шудааст.
Рӯҳонӣ ва сиёсатмадор – оне, ки ин дуро ба манфиати шахсӣ истифода кардаву аз дин монда ва аз сиёсат ронда шудааст. Оне, ки аз тарафи зархаридонаш бо ин унвон муаррифӣ мегардад, вале дар асл динро ба мақсади бесуботӣ, ғорат, аз худ кардани моликияти мардум, фиреб, раҳгумзанӣ истифода карда метавонад. Оне, ки аз болои тобути садҳо ҷавонмард гузашта, мехоҳад давлатро ба нестӣ барад, аммо ҳукумат ба даст орад.
Ормони оянда – аз байн бурдани давлати миллӣ ва дар баҳри хуни хеш ғарқ кардани миллат дар роҳи татбиқ кардани ақидаҳои динии аҷнабӣ ва ба ҳайси лӯхтаки дастнишонда ҳам бошад, расидан ба курсии давлат.
Амонат – кӯмак (грант)-ест, ки аз шайху охундҳо барои паҳн кардани ақидаҳои мазҳабии барои тоҷикон бегона гирифта шудааст. Рӯзе ҷавоби ин «амонат»-ро мебояд дод. Маъракаҳое чун «Ошуро», таблиғоте ба зидди сохти дунявӣ ва даъватҳое барои пайравони мазҳаби ҳанафӣ бегонаю ноошно, ҳисоботанд дар бораи харҷи ин «амонат».
Хиёнат – гуноҳ нест, дар роҳи расидан ба нақшаҳои ниҳоӣ — қурбон кардани Ватану миллат, манфиатҳои миллӣ ба нафъи худу пуштибонони маънавӣ раво бувад.
Пулу мол – маънии волотарини ҳаётанд. Дигар ҳама арзишҳо — хешу табор, дину оин, миллату давлатро фурӯхтан тақсире нест, агар ба хотири ғундоштани пулу мол бошад.
Фиребу найранг – роҳи беҳтарину ягонаанд барои расидан ба ҳадафҳои худӣ. Истифодаи заковатмандона ва мақсадноки онҳо дар шароити «бединӣ» ба мартабаи қозикалонат мерасонаду дар давраи ҳукмронии рақибон ба мансаби муовини аввали Сарвазир ва дар давраи сулҳу оромӣ ба пешвогию роҳнамоии ҳама гуна ҳизбҳои сиёсӣ, хоҳ динӣ бошанду хоҳ атеистӣ, агар ҲНИТ аст ё ҲСДТ.
Дилсӯзӣ ба пайравон – арзишест танҳо забонӣ ва барои гӯл задани оммаи содда. Агар рост мебудию аз қалб бурун меомадӣ, диле, ки бо як чашмакзанӣ даҳҳо ҳазорро ба майдонҳо кашидаву туъмаи оташи сӯзони ҷанги бародаркуш кард, кайҳо бояд мекафид.
Амри маъруф ва наҳйи мункар - ҳамааш ҳақ асту рост он чӣ аз забони ман мешунавед ва дигар ҳама ширк асту куфр агар дигарон мегӯянд, бигузор бузургтарин уламои дин ҳам бошанд.
Аҳкоми илоҳӣ – ҳидоятҳое барои оманд. Хосҳое мисли банда метавонанд вобаста ба шароиту вазъият онҳоро тағйир диҳанд ва бо майли хешу фармоиши хоҷагон мутобиқ гардонанд.
Мавъизаҳо – маҷмуи баромадҳое, ки дар ҳошияи ҳар чӣ фармудаанд, ҳамон мегӯям, ироа шуда, ҳадаф зери таъсиру итоати хеш гирифтани тӯдаҳост. Тӯдаҳое, ки барои татбиқи вазифаҳои додашудаи динӣ-сиёсӣ истифода мешаванд.
Минбар – беҳтарин ҷоест барои мутеъ кардани соддалавҳон, фиреби онҳо ва холӣ кардани ҷайбаш. Ҷойест, ки одамро ончунон раҳгум мезанӣ, ки пулашро додаю раҳматат мехонад. Аз қиёматаш мехонию аз шаҳодат, ҷонашро қурбон мекунаду гумон мекунад росташ гуфтаӣ.
Ислоҳи ахлоқӣ – дигарон ислоҳ шаванд, мо ҳоло вазифаҳои дар наздамон гузошташударо иҷро накардаем. 150 ҳазор аз даст рафту мо дар ҳамон мавқее қарор дорем, ки соли 1992 қарор доштем. ИНИТ ба пеш! Бо шиори ислоҳотхоҳӣ!
Тарбияи мардум – тарбияи мардум қадам ба қадам дур кардани онҳо аз донишу савод аст. Тарбия танҳо як ҳадаф дорад, мутеъ кардани мардум ва ба мурид табдил додани онҳо. Ҳар гоҳе онҳо бо як нидои такбир ба сӯхтан оғоз мекунанду шикастан, гуфтан мумкин аст, ки мо аз уҳдаи тарбияи мардум баромадаем.
40 ҳазор аъзо - қувваи навест, ки дар роҳи аз миён бурдани сулҳу салоҳ, оромию субот, осоишу амният аз он метавон истифода бурд.
Медонам, хонандаи муҳтарам эрод хоҳад гирифт (ва ҳақ ҳам дорад), ки чӣ гуна банда дар гуфтаҳои нафари дигар маъниҳои дуюмро ҷуставу дарёфтаам. Мушкиле надорад. Назаре ба зиндагиномаи Акбари Тӯраҷонзода ин луғати тафсириро боз ҳам ғанитару бойтар мекунад, ки гирдовариашро идома хоҳем дод.
Муҳаммадназари Ворис