Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мақсад – сохтмони се ҳазор иншоот

№92 (3886) 31.07.2018

Дар вилояти Суғд ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ният доранд, ки 3000 иншооти ҳаётан муҳими таъиноти иҷтимоидоштаро ба истифода диҳанд. Дар ин хусус раиси вилояти Суғд Раҷаб­бой Аҳмадзода зимни ҷаласаи фаъолон маълумот дод.

Дар ноҳияи Деваштич тасмим гирифтанд, ки 300 иншоотро ба истифода диҳанд. Бештари иншооти ҷашнӣ дар маркази ноҳия-шаҳраки Ғончӣ бунёд шуда истодааст.

- То соли 2021 29 иншооти ҳаётан муҳимро сохта ба истифода медиҳем, — гуфт раиси шаҳрак, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Ҳамроқул Қулдошев.

Корҳои сохтмонӣ дар таваллудхонаи нав барои 100 кат дар арафаи анҷомёбист. Коллективи ширкати сохтмонии «Кордон-2010», ки сарвариашро Одилҷон Мухторов ба зимма дорад, кӯшиш доранд, ки корҳои боқимондаи пардозгариро дар муҳлати муқарраршуда ба анҷом расонанд.

- Сохтмони ин иншоот соли 1990 оғоз шуд, вале бинобар сабабҳои маълум он нотамом монд, — гуфт Одилҷон Мухторов. Хушбахтона, ба тасмими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои ба анҷом расонидани он 12 млн. 100 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид, ки аз ин ҳисоб ба маблағи 5 млн. 700 ҳазор сомонӣ корҳо ба анҷом расонида шуданд.

- Дар таваллудхона Маркази «Модару кӯдак» таъсис хоҳем дод, ки 60 кат барои таваллуд, 30 кат барои табобати амрози занона, 45 кат барои шуъбаи навзодон, 6 кат барои наҷоти нав­зодону 3 кат дар шуъбаи эҳё барои модарони ҳомиладор ба назар гирифта шудааст, — гуфт сардухтури ноҳия Маҳмадализода Насим Раҳим.

Мирзоаъзам Мақсудов, «Садои мардум»