Амали корҷӯён таваҷҷуҳи дилхоҳ роҳгузарро ҷалб мекунанд. Онҳо дар рӯйи сабзаи тару тозаи роҳраву гардишҳо, атрофи дарахтон менишинанд, хоб мераванд. Чаро корҷӯён ҷойи муносиб надоранд? Ҳадаф аз иншои матлаб ёдрас кардани шароити номусоиди корҷӯён дар «бозори мардикорон» мебошад.
Корҷӯёнро дар гардиши маҳаллаи 82 — юми ноҳияи Сино, сипас дар канори роҳи оҳани маҳаллаи 104, кӯчаи ба номи Муродуллоҳ Шерализода ҷой доданд. Чунин мардикорбозор дар дигар ноҳияҳои шаҳр, аз ҷумла, дар назди бозори «Султони Кабир» низ фаъол аст ва онҳо ҳам дар ҳамин гуна аҳвол. Ҳунармандро қадр кардан оини деринаи тоҷикон аст. Саҳми онҳо дар таъмиру сохтмон бориз аст.
Челонгар Муродалӣ Абдуллоев гуфт, ки то имкони молиявӣ пайдо кардан барои рафтан ба Федератсияи Россия маҷбурем ризқу рӯзиро аз мардикорӣ ёбем. Аммо дар ин макон шароити мусоид он тараф истад, ҷойи нишаст муҳайё нест. Дар ҷое, ки одам ҷамъ шуд, он ҷо бояд мавриди таваҷҷуҳи масъулин бошад.
Аз корҷӯи дигар — Аҳтам Рӯзиеви 50 — сола дар бобати фармоишгарон пурсидам. — Кор каму корфармо аз он камтар. — Рӯзҳои боронӣ ёфтани кор душвортар мегардад. Касе ба суроғи мо намеояд. Ақаллан мардикорҳо сарпаноҳ дошта бошанд. Мо ин ҷо якрӯза нестем, — гуфт номбурда.
Аз 12 нафар дар куҷо омӯхтани касбро пурсон шудам. Ҷавоби аксари онҳо як — дар муҳоҷират бо роҳи худомӯзӣ буд. Қазоват кунед! Ҷиҳати ба касбу ҳунаромӯзӣ, саросар соҳибкасб кардани аҳолӣ тадбирҳои мушаххас меандешем, дар бораи меҳнату меҳнаткаш бисёр мегӯему менависем, вале соҳибкасб ба таври зарурӣ қадр намешавад. Дар ин кор бояд Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм гузорад.
Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,
«Садои мардум»