Нахустин гурӯҳи кӯдакону наврасон аз минтақаи Рашт ба вилояти Суғд омаданд. Тавре сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода иттилоъ дод, 50 нафар кӯдакони ноҳияи Рашт, ки айни ҳол дар вилоят қарор доранд, дар лагери «20 — солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» — и ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки дорои шароити хуби фароғатӣ аст, ҷойгир шудаанд.
Қабл аз ин муовини раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ зимни як нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд тасмим гирифтааст, 210 нафар наврасони навоҳии бар асари офати табиӣ зарардидаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Суғд ҷалб намояд. Вай афзуд, ки аз ин шумора 100 нафар кӯдакону наврасони ноҳияи Шуғнон дар лагери «Шоҳин»-и шаҳри Қайроққум, 60 нафар аз ноҳияи Ванҷ ва 50 нафар аз ноҳияи Рашт дар лагери «20 — солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов, барои таҳсилу фароғат маскун мешаванд.
Назира Ғаффорӣ ҳамчунин гуфт, ки кӯдакону наврасоне, ки дар натиҷаи офати табиӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва водии Рашт бехонумон мондаанд, бо сарулибос ва лавозимоти мактабӣ таъмин мешаванд. Кӯдакону наврасон то замони ба таври комил ободу барқарор шудани манзилҳояшон дар лагери «Шоҳин»-и шаҳри Қайроққум ва лагери «20 — солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» — и ноҳияи Ҷаббор Расулов ба таҳсилу фароғат фаро гирифта мешаванд.
Қобили таъкид аст, ки сокинони вилояти Суғд чун дигар минтақаҳои Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини вуқуи офати табиӣ дар навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва минтақаи Рашт худро ғамшарики ин мардум шуморида, пайваста дасти кумак дароз мекунанд.
Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум»