Ман Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар

№176 (3477) 24.12.2015

Давоми солҳои кор дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт борҳо бо афсарон ва аскарон вохӯрдаам ва дар мавзӯъҳои гуногун суҳбат намудаам, аммо ин сафар ба хотири ман дар сатҳи дигар ва бо ҷилои дигар нақш бастааст. Шоири шинохта ва адабиётшиноси варзида, сармуҳаррири нашрияи адабии «Садои Шарқ» Рустами Ваҳҳоб занг зад ва маро огоҳ кард, ки  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи адибону рӯзноманигорон ва олимон гурӯҳҳои таблиғотӣ таъсис додааст ва маро ба ҳайати гурӯҳе, ки ӯ роҳбарӣ менамояд, ворид намудаанд. Мавсуф афзуд, ки рӯзҳои 18 ва 19 ноябр бо афсарон ва аскарони қисмҳои ҳарбӣ дар ноҳияҳои Рашту Тавилдара ва деҳоти «Сағирдашт»-и ноҳияи Дарвоз вохӯриҳо доир менамоем.

Сафари кории мо дар ҳайати Рустами Ваҳҳоб, Шаҳлои Насриддин, Маҳмуди Шодӣ, ҷамолиддин Сайфиддинов ва Фотеҳи Расул аз ноҳияи Рашт оғоз гардид. Роҳбалади гурӯҳ — муовини фармондеҳи яке аз қисмҳои ҳарбӣ, подполковник Мухтор Зарифов кӯшиш мекард, ки барои мо тамоми шароитро фароҳам оварад. Мо ошноиро аз шароити зисти аскарбачаҳо дар қисми ҳарбии «П» оғоз намудем. Қисми ҳарбӣ ба як шаҳрчаи замонавӣ шабоҳат дошт. Хобгоҳи аскарбачаҳо бо тамоми шароит таъмин аст. Дар як канори шаҳрчаи ҳарбӣ хобгоҳ барои афсарон, ошхона, корхонаи хурди нонпазӣ, майдончаи варзишӣ ҷойгир аст. Аз ҳама бештар китобхонаҳои қисмҳои ҳарбӣ диққати маро ҷалб кард. Бо вуҷуди он ки фонди ин китобхонаҳо чандон бой нест, аммо аскарбачаҳо имконият доранд, ки аз онҳо истифода баранд. Фасли зимистон дар кӯҳистон барои сокинонаш мушкилоти зиёд  эҷод мекунад, аммо дар ин қисми ҳарбӣ барои дар сатҳи хуб гузаронидани фасли сармо омодагии хуб гирифта шудааст. Миқдори зарурии ангишту ҳезумро дар ин ҷо захира намудаанд. Биноҳои истиқоматӣ таъмиру тармим шудаанд.

Табъи афсарону аскарон хеле болида буд. Мо дар вохӯриҳоямон бо навбат вобаста ба мавзӯъҳои рамзҳои давлатӣ, худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ, заҳматҳои Сарвари давлат дар рушду нумӯи кишвар, истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, ватандӯстӣ, вазъи имрӯзаи олам ва ғайра суҳбат мекардем. Ҳангоме ки Рустами Ваҳҳоб аз ашъори ватандӯстонааш порчаҳоро қироат мекард, вохӯрӣ ба як маҳфили адабӣ табдил меёфт. Мо гумон надоштем, ки аскарбачаҳо ва афсарон ин қадар шеърдӯстанд. Онҳо ба навбат иҷозат пурсида, дар мавзӯъҳои Модару Ватан, нангу номуси ватандорӣ бо самимият шеър мехонданд.

Аскарбачаҳо ташнаи суҳбат буданд. баробари хондани шеърҳои ватандӯстона ҳар кадом барои ташкил намудани чунин вохӯрӣ арзи сипос мекарданд. Рустами Ваҳҳоб баробари қироати шеърҳои худ, аз дигар шоирони гузаштаву муосир пораҳои назмиро қироат ва вобаста ба мазмуни шеъри хондааш ҳикояҳо мекард.

- Мо бояд ба қавли шоири ватандӯст Ҳабиб Юсуфӣ Ватанро аз ҳарвақта бештар дӯст дорем ва барои рушду нумӯи он саҳм гузорем, зеро дар Ватани соҳибистиқлол зиндагӣ дорему ормону орзуҳои ниёгони хешро метавонем бо меҳнати ҳалол амалӣ кунем, — гуфт ӯ.

Дар поёни суҳбат Рустами Ваҳҳоб ва Шаҳлои Насриддин ба китобхонаи қисми ҳарбӣ чанд шуморагӣ маҷаллаҳои «Садои Шарқ» ва  «Бонувони Тоҷикистон»-ро тақдим намуданд. Ҳамчунин Рустами Ваҳҳоб чандин нусха аз китобҳои хешро ба аскарбачаҳо туҳфа кард.

Шароит дар қисми ҳарбии ноҳияи Дарвоз бо миқдори зиёди китобҳо ва толори қироатхонааш аз китобхонаҳои дигар қисмҳои ҳарбӣ фарқ мекард. Китобдори китобхона Шарифбек Азизӣ, ки узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад, дар байни аскарон корҳои таблиғотиро хуб ба роҳ мондааст.

Рӯзе, ки мо меҳмони ин қисми ҳарбӣ шудем, ҳаво сард ва як ваҷаб барф борида буд, аммо ҳуҷраҳои қароргоҳи хизматчиёни ҳарбӣ гарм буд. Дар қисми ҳарбӣ барои аскарон оби гарму хунукро таъмин кардаанд. Умуман, тартибу низом ва коргузорӣ дар қароргоҳҳои хизматчиёни ҳарбӣ шоистаи таҳсин буд.

Аз  қисми ҳарбии «В» низ мо бо табъи болида берун омадем. Аз суҳбат маълум буд, ки фармондеҳи ин қисм Насим Мирзоев аз зумраи ҷавонони ватандӯсту ҷасур аст. Мо аз он бештар шод гаштем, ки дар тамоми қисмҳои ҳарбӣ афсарон ҷавонони соҳибмаълумот ва соҳибкасбанд. Маҳз таъсири онҳост, ки аскарбачаҳо дар рӯҳияи ватандӯстию худшиносӣ тарбия ёфтаанд. Ҳамчунин мушоҳида кардем, ки аскарбачаҳо ба донистани адабиёт ва таърихи Ватани худ рағбати зиёд доранд. Ҳатто дар байни афсарону аскарон ҷавононе пайдо мешаванд, ки худашон дар мавзӯи Модар — Ватан  шеър эҷод менамоянд.

Ташкили муназзами чунин вохӯриҳо барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии хизматчиёни ҳарбӣ ниҳоят судманд аст.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»