Аз фаъолияти иттифоқҳои касаба

Манфиатҳои аъзои иттифоқи касаба бояд таъмин бошад

№122-123 (3602-3603) 27.09.2016

Дар даврони соҳибистиқлолӣ фаъолияти иттифоқҳои касаба мунтазам рӯ ба беҳбудӣ оварда, мақоми он дар ҷомеа мустаҳкамтар гардида истодааст.

 20160923_131342Ин нукта дар Анҷумани VI Иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 23 сентябри соли ҷорӣ дар Маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат»- и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд, баён гардид. Раиси кумитаи марказии Иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наргис Назарзода дар бораи фаъолияти ин ниҳод дар ҳафт соли охир ҳисобот дод.

- Мо аз фазои ободу озоди даврони Истиқлолият ва сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯҳу илҳоми тоза гирифта, фаъолиятро, ки баҳри ҳифзи меҳнат, муҳайё сохтани шароити мусоид ва бехатарии меҳнат барои кормандон, ҳифзи саломатии аъзои иттифоқи касаба равона гардидааст, густариш медиҳем, — гуфт ӯ ва идома бахшид:

- Шумораи аъзои иттифоқи касаба аз 47849 нафари соли 2009 имрӯз ба 52500 нафар расидааст. Соли 2009 шумораи ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касабаи соҳавӣ 1679 адад буд ва ин рақам дар соли 2016 ба 1876 адад расид.

Муваффақияти кори ҳар як ташкилоти иттифоқи касаба ҷиҳати таъмини ҳифзи манфиатҳои аъзо бастани шартнома ва созишномаи коллективӣ, инчунин ба қайд гирифтану натиҷагирӣ аз иҷрои талаботи он мебошад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии иҷтимоӣ, созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ» баҳри таъмини ҳифзи манфиатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии кормандон заминаи ҳуқуқиро пурра фароҳам овардааст, ки рафти иҷрои бандҳои он ҳамеша зери назорат қарор дорад. Дар асоси Созишномаи генералии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҷониби Кумитаи ҷумҳуриявӣ, дар давраи ҳисоботӣ 24 созишномаи соҳавӣ ба имзо расонида шуд. Теъдоди созишномаҳо дар кумитаҳои иттифоқҳои касабаи вилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ зиёд шудааст, вале дар аксар ташкилоти зертобеъ натиҷагирӣ аз раванди шартномаҳои коллективӣ моро қаноатманд карда наметавонад. Дар чунин ташкилотҳо кумитаҳои иттифоқҳои касаба оид ба иҷрои бандҳои шартнома аз тарафи корфармо ва кормандон назорат намебаранд, дар маҷлисҳои умумӣ иҷрои бандҳои шартномаҳои коллективиро мавриди баррасӣ қарор намедиҳанд. Масъалаи татбиқи созишномаҳо, танзими муносибатҳои иҷтимоӣ — меҳнатиро дар баъзе вазорату кумитаҳо ва шаҳру ноҳияҳо ягон маротиба натиҷагирӣ накардаанд. Ҳол он ки танзими муносибатҳои байни корфармо ва корманд дар соҳаи ҳифзи меҳнат муҳайё сохтани шароити мусоид ва бехатарии меҳнат барои кормандон, ҳифзи саломатии онҳо муҳимтарин вазифаи оинномавии иттифоқи касабаи соҳа ба шумор меравад.

Дар анҷуман «Барномаи амали Иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2023», ҳайати нави кумита тасдиқ ва Наргис Назарзода аз нав раиси кумитаи марказии Иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

 Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»