Марди 98 — сола, ки бе айнак рӯзнома мехонад

№150 (3787) 19.12.2017

ветеранИштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Аълочии маорифи халқи СССР Мирзошариф Ғафурови 98-сола рӯзномаҳоро бе айнак мехонад.

Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ, дар очерки «Бӯе аз рангҳои парида» зиндагии Мирзошариф Ғафуровро бозгӯйӣ намуда, менависад, ки баъди хатми факултаи коргарӣ соли 1939 чун варзишгар барои иштирок дар паради варзишгарони умумииттифоқ роҳхат гирифтааст. Соли 1940 барои адои хизмати ҳарбӣ даъват мешавад.

Роҳи ҷангии Мирзошариф Ғафуров баъди хатми курси тайёрии полки 45-уми кӯҳӣ — тирандозии воқеъ дар Туркманистон бо рутбаи сержант соли 1942 оғоз гардидааст.

Мирзошариф дар муҳориба сахт ярадор мешаваду баъди табобат ӯро ба самти Смоленск мефирис­танд. Ғалабаро дар шаҳри Грозний истиқбол мегирад. Дар бойгонии қаҳрамон қатори дигар маълумоти таърихӣ, дафтарчаи ҷайбӣ, ки дар он анқариб ҳар рӯзи иштирок дар ҷангро қайд кардааст, нигоҳдорӣ мешавад. Дар яке аз саҳифаҳои он чунин сабтро бо забони русӣ мутолиа намудам: «Долгожданный день, радостный день настал. 9 мая в 2 часа ночи объявили об окончание войны. Праздновали этот день, как день Победы».

Номбурда то замони ҷанг омӯзгори синфҳои ибтидоӣ буд. Баъди ҷанг касбашро идома дод. Бо вуҷуди хатми шуъбаи ғоибонаи факултаи математикаи ДДХ ба номи           Б. Ғафуров фаъолияти меҳнатиро ба ҳайси омӯзгори синфҳои ибтидоӣ то ба нафақа баромадан идома дод.

Рӯзҳои баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қатори дигар пирони рӯзгордида дуои онро мекард, ки оташи ҷанги бародаркуш хомӯш гардаду ба диёр сулҳу амонӣ ояд.

- Он шабу рӯз мо — иштирокчиёни ҷанг бештар хуни дил мехӯрдем, ки бародар ба бародар теғ кашида, хуни якдигарро мерезанд. Азобу уқубати ҷангро дидаем ва медонем, ки ҷанг ба одамон чӣ вазнинӣ меорад. Вақте ҳукумати қонунӣ интихоб шуду фаҳмидем, ки Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари давлат интихоб шудаанд, бо чанде аз ҳамяроқон дар чойхона суҳбат доштем. Ҳама дасти дуо бардошта гуфтем, ки илоҳо ҳамин ҷавонмард бо пою қадами муборак ба диёр сулҳ оварад. Дуои мо мустаҷоб гардиду ин абармард низ ба ваъдаи додааш вафо кард.

Рӯзи ташрифи мо Мирзошарифбобо дар қатори дигар рӯзномаҳо «Садои мардум»-ро низ мутолиа мекард. Гуфт, ки яке аз беҳтаринҳост.

- Ҳар шумораи онро пурра мутолиа мекунам. Мақолаҳои ҷолиб чоп мекунед. Хоҳиш дорам, ки инъикоси сабақҳои Ҷанги Бузурги Ватаниро низ фаромӯш насозед. Рӯзгори родмардони Ватан намунаи ибрати дигарон аст. Насли имрӯзро аз корнамоиҳои онҳо бохабар кардан лозим аст, — таъкид намуд ӯ.

Мирзоаъзам Мақсудов,

«Садои мардум»