Аз фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

Маркази Ғарм дар ҳеҷ давру замон ба шаҳрак монанд набуд

№114 (3751) 26.09.2017

раштНоҳияи Рашт дар тӯли асрҳои зиёд чун ноҳияи марказии Раштонзамин арзи ҳастӣ карда, маркази он замоне маркази маъмурии  ҳокимони манғит будааст. Дар даврони шӯравӣ низ то соли 1953 вилоят буду марказаш — шаҳраки Ғарм, аммо дар ҳеҷ давру замон ба шаҳрак монанд набуд. Ҳамагӣ чор — панҷ бинои дуошёна дошт ва нуфуси зиёде надошт.

Имрӯз Ғарм на ба шаҳрак, балки ба шаҳри ҳақиқӣ табдил ёфтааст ва сол то сол ободу зебо мегардад. Бо дастгирӣ ва кумакҳои Пешвои миллат дар маркази ноҳия биноҳои чор -панҷошёна қомат афрохтаанд ва чунонки аз суҳбат бо раиси ноҳия маълум мегардад, оянда тибқи Барномаи рушд боз сохтмони иншооти зиёде дар назар аст.

Соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия босуръат рушд ёфта, сатҳи некуаҳволии мардум рӯз то рӯз беҳтар мегардад. Нақша ва ҳадафҳои пайгиронаи Ҳукумати кишвар бо заҳмату талоши сокинони меҳнатқарини маҳал ва дастгириҳои Сарвари давлат бе душворӣ амалӣ шуда истодаанд.

Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиқзода Қаноатшо Холиқ андешаҳояшро дар ин робита чунин иброз дошт:

- Мардуми меҳнатдӯсти ноҳияи Рашт бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи Ватани азизамон ва сиёсати хирадмандонаю хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба нишондодҳои назаррас ноил гардидан пайваста ҷаҳду талош менамоянд. Соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ батадриҷ рушд ёфта, зиндагии шоистаи сокинон таъмин мегардад. Истеҳсоли маҳсулот сол то сол тамоюли афзоиш дорад. Аз ҷумла, ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 142 миллиону 676 сомониро ташкил намуд.

Рашт ноҳияи аграрӣ ва шуғли асосии қисми зиёди аҳолӣ кишоварзист. Дар мавсими баҳори имсола ғалладонагӣ дар 2826 гектар, картошка 1802, сабзавот 430 ва зироатҳои техникӣ 248 гектар кишт гардид. Ҳоло мавсими ҳосилғундорӣ фаро расидааст. Ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ то ба имрӯз ба 60 миллиону 792 ҳазор сомонӣ расидааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли сипаришуда 1181 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

- Дар мавриди боғпарварӣ бошад, мехоҳам як нуктаро баён намоям,- идома медиҳад Лоиқзода Қаноатшо. — Замоне себу ноки водии мо шуҳратдор ва масоҳати боғҳои ноҳия хеле зиёд буд. Танҳо хоҷагии давлатии «50-солагии Тоҷикис­тон» 830 гектар боғи мевадиҳанда дошт. Имрӯз мо ва кулли боғпарварони ноҳия кӯшиш дорем, ки ҳамон шуҳрати пешинро ба даст биёрем. Итминони комил дорам, ки ин орзуи мо ҷомаи амал мепӯшад. Масоҳати боғҳо дар ноҳия ҳоло 4445 гектарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба даврони шӯравӣ зиёд аст. Соли равон боғпарварон дар масоҳати 73 гектар боғи нав, аз ҷумла, дар ҳафт гектар боғи интенсивӣ бунёд карданд ва 120 гектар боғҳои ба касалӣ гирифторшудаю дарахтонашон хушкидаро тоза ва аз нав барқарор намуданд. Хурсандиовар аст, ки вақтҳои охир сифати заҳрҳои кимиёӣ хуб шудааст ва дар баробари нест кардани ҳашарот бемории гуногуни дарахтонро аз байн мебаранд. Боғпарварони мо дар давоми даҳсолаи охир таҷрибаи хуб андӯхтаанд ва бовар доранд, ки имсол ва солҳои оянда бозорҳои мамлакатро бо себу ноки хушсифат ва болаззати Раштонзамин таъмин менамоянд.

Фаъолияти корхонаҳои саноатӣ низ рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст, ки ба масъалаи бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани шаҳрвандон ва дастрасии нархи арзони маҳсулот мусоидат менамояд. Корхонаи ордбарории ноҳия, ки бо дастгирии Пешвои миллат аз ҳисоби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон фаъолият дорад, ин намуди маҳсулоти озуқавориро на танҳо барои аҳолии ноҳия, балки барои мардуми ­ноҳияҳои водӣ, таъмин мекунад.

Корҳои таъмиру сохтмон  имсол дар 28 иншоот ба маблағи 12,9 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ба ҳолати 1 августи соли ҷорӣ  дар ҳаҷми 5 миллиону 300 ҳазор сомонӣ иҷро гардидаанд.

Аз ҳисоби даромадҳои худӣ нақшаи воридоти андозҳо 100 фоиз иҷро ва ба буҷет 7 миллиону 874 ҳазору 176 сомонӣ ворид карда шуд.

Нақши ҷавонон низ дар рушди соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия назаррас аст. Онҳо дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии ноҳия фаъолона иштирок менамоянд. Эълон гардидани соли 2017 ҳамчун Соли ҷавонон аз тарафи Сарвари давлат ҷавонони ноҳияро рӯҳбаланду болидахотир гардонда, онҳоро муваззаф намудааст, ки баҳри рушду шукуфоии кишвар масъулиятро дучанд эҳсос намоянд. Саҳмгирии ҷавонон бори дигар собит сохт, ки онҳо ҳамчун пайравони Пешвои миллат ҳамеша омодаанд, ки баҳри ободонию созандагӣ ва таъмини амнияти кишвар фидокорона талош варзанд.

Масъалаи соҳибкасб намудани занону духтарон ва ба корҳои давлатию ҷамъиятӣ ҷалб кардани онҳо низ дар меҳвари таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад. Айни ҳол дар ноҳия шумораи занону духтарон 59343 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин шумора ба соҳаи маориф 314, фарҳанг 56, тандурустӣ 387 ва беш аз 5000 нафар ба корҳои мавсимӣ, аз ҷумла кишоварзӣ, ҷалб гардидаанд. Бо мақсади ҷалби бонувон ба ҳунарҳои мардумӣ беш аз 30 нафар дар корхонаҳои дӯзандагии «Чевар», «Бону» ва «Зуҳал» ба кор таъмин карда шуданд. Ҳамчунин, ду гурӯҳи омӯзишӣ дар шаҳраки Ғарм ва деҳоти «Қалъанак» аз тарафи Агентии шуғли аҳолӣ ва Маркази таълими калонсолони ноҳия ташкил ва дар онҳо 32 нафар бону ба омӯзиши адрасбофӣ  ва дигар ҳунарҳои дастӣ  фаро гирифта шудаанд. Дар назди Литсейи касбӣ- техникии ноҳия маркази омӯзиши қолинбофӣ таъсис ёфт, ки дар он 15 бону ба омӯзиш  машғул аст.

Дар ноҳия 111 муассисаи таълимӣ, 83 муассисаи тандурустӣ ва 64 муассисаи фарҳангӣ беш аз 3000 нафарро ба кор фаро гирифтаанд. Фаъолияти муассисаҳои мазкур дар меҳвари таваҷҷуҳи роҳбарияти ноҳия қарор дорад. Имсол зиёда аз 78,5 фоизи маблағҳои буҷети маҳаллӣ барои кори пурсамари онҳо равона гардид.

Таҷлили 10 — солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ин қонуни миллӣ аз ҷониби сокинони ноҳия хуб пазироӣ шуд. Ҳамчун узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони ноҳияҳои водии Рашт вохӯриҳо гузаронидам ва бо итминони комил гуфта метавонам, ки мардум ҳаётан муҳим будани қонуни мазкур ва дастуру раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмонро пурра дарк ва ҷонибдорӣ менамоянд.

Офатҳои табиӣ, аз қабили фаромадани сел дар шаш деҳа ва хатари зериобмонии заминҳои соҳили дарёи Сурхоб дар деҳоти «Ҷафр», бо кумаки Ҳукумати кишвар ва дастгириҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сари вақт бартараф гардиданд.

- Мо аз дастовардҳоямон дар нимсолаи аввали сол қаноатмандем. Қариб ҳамаи нақшаҳо хуб ҷамъбаст шуданд, вале ҳанӯз кори зиёдеро анҷом додан лозим аст, ки ба мақсади ниҳоӣ — таъмини зиндагии шоиста бирасем. Сокинони меҳнатқарини ноҳияи Рашт бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ заҳмату ҷонбозиҳои бемисли фарзанди баруманди миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қадр карда, баҳри таҳкими ваҳдати миллӣ, дастовардҳои истиқлолият ва ободию шукуфоии кишвар дастаҷамъона талош меварзанд, — гуфт дар хотимаи суҳбат Лоиқзода Қаноатшо Холиқ.

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»