Моҳи апрели соли 2017 Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод шароити аҳолии чор деҳа — Сарой, Фақеробод, Гултеппа ва Фатҳобод, ки зиёда аз чор ҳазор аҳолиро дар бар мегиранд, ба назар гирифта, дар маркази деҳаи Фатҳобод барои сохтмони маркази саломатӣ 0,12 гектар замин ҷудо кард. Аммо қарор дар рӯи коғаз монд. Бо гузашти чор сол ҳанӯз ҳам аз оғози корҳои сохтмонӣ дарак нест.
Мардум барои муолиҷаву ташхис роҳи дурро тай карда, ба маркази ноҳия мераванд. Деҳоти «Мискинобод» дар қисмати болои ноҳия ҷойгир буда, аз сатҳи баҳр дар масофаи 1750 метр ҷойгир аст. Аз моҳи ноябр то моҳи апрел зимистонаш сард мешавад. Мушкилоти рафтуомади сокинони чор деҳаро ба маркази ноҳия дучанд мекунад, чунки роҳи нақлиётгард ях мебандад.
Ин масъала борҳо дар назди собиқ раиси ноҳия Миралӣ Раҷабзода матраҳ шуд, аммо ҳал нагашт. Тайи панҷ сол барои сокинони деҳаи Орифон, ки аҳолиаш ҳазор нафарро ҳам ташкил намедиҳад, бунгоҳи тиббӣ сохта шуд. Он бо дастгирии бевоситаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардид. Сокинони чор деҳа аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хоҳиш менамоянд, ки ба бунёди маркази саломатӣ кумак намояд. То ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ камтар аз ду моҳ мондааст. Боварӣ дорем Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мушкилоти аҳолиро ба назар гирифта, ба бунёди сохтмони маркази саломатӣ дар деҳаи Фатҳобод мусоидат мекунад.
Ҳ. Сафар,
ноҳияи Файзобод