Қонун ва иҷрои он

Масъалаҳои мубрами рўз баррасӣ мешаванд

№152 (3453) 11.11.2015

Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»- ро дастури ҳамешагии фаъолияти худ қарор дода, дар асоси талаботи он корҳои зиёдеро ба анҷом расонидаанд. Дар ҷаласаҳои комиссияҳо масоили муҳими рӯз дида баромада шуда, доир ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул ва дар амал татбиқ карда мешаванд. Аз  ҷумла аъзои Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ мунтазам бо шаҳрвандон вохӯрӣ гузаронида, доир ба моҳияти санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда суҳбатҳои судманд доир менамоянд. Дар давоми нуҳ моҳи фаъолият мувофиқи нақшаи корӣ комиссия се маротиба ҷаласа гузаронд. Масъалаҳои бақайдгирии масҷидҳо, роҳҳои пешгирӣ аз тундравию ифротгаройӣ, рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2012 таҳти №677 «Дар бораи муҳоҷирати дохилии аҳолӣ аз шаҳру ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кӯҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ дар солҳои 2013 — 2015», асосҳои ҳуқуқии ташкили оилаҳои ҷавон ва ғайраҳо аз ҷумлаи мавзӯъҳоеанд, ки дар ин ҷаласаҳо мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Бо пешниҳоди ҳайати комиссия масъалаи муҳоҷирати дохилӣ ва бурунмарзӣ дар ҷаласаи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия баррасӣ гардида, дар асоси он қарори дахлдор қабул карда шуд. Аъзои комиссия дар ҳамкорӣ бо Комиссияи доимии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ низ корҳои самарабахшеро ба сомон расонидаанд. Чунончӣ, бо пешниҳоди ин комиссияҳо аз ҷониби раиси ноҳия М. Раҷабзода суратҳисоби махсуси фонди ободонӣ кушода шудааст, ки саховатмандон ба ин фонд мунтазам маблағ мегузаронанд. Аз тарафи комиссия дар давоми сол ба 58 нафар шаҳрвандон ёрии ҳуқуқӣ расонида шудааст.

Инчунин ҳайати комиссия дар ҳамкорӣ бо аъзои Комиссияи назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар маҳалҳо бахшида ба «Соли оила» корҳои зиёди фаҳмондадиҳиро ба сомон расонидааст. Хусусан байни ҷавонон, ки нав оила бунёд кардаанд, корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда мешавад. Ба ин кор шахсони обрӯманду таҷрибаи зиёди зиндагидошта ҷалб мегарданд.

Чунин ҳамкорию ҳамдастӣ баҳри амалисозии қонунҳои мавҷуда аз ҷониби комиссияҳои доимӣ ва дигар воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия минбаъд низ идома хоҳад ёфт.

 Абдураҳмон ҚОЗИЕВ, раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ оид  ба қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ