Масъулин ба инъикоси воқеъбинона муътақиданд

№78(3379) 08.06.2015

Лого-конференциz_нав9 июни соли 2015 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005 – 2015)  ба кори худ оғоз мекунад.

Дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки журналистони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ брифинг баргузор гардид.

- Дар кори он аз 99 кишвари дунё, 29 созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ беш аз 1240 нафар ширкат меварзанд. Дар байни иштирокчиён чор сарвазир, ду муовини сарвазир, 17 вазир, 8 муовинони вазир ва дигар ашхоси сатҳи баланд ҳастанд. Ҳамчунин ширкати роҳбарияти созмонҳои гуногуни байналмилалӣ ва минтақавӣ ва Муншии Умумии СММ Пан Ги Мун дар назар аст,- гуфт ба хабарнигорон сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулфайз Атоӣ.

Мавсуф таъкид дошт, ки ҳадафи асосии конфронс арзёбии пешравиҳо дар дастёбӣ ба аҳдофи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005 – 2015) ва муайянсозии талошҳои минбаъда оид ба таъмини рушди устувори захираҳои об мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори Соли байналмилалии «Оби тоза» (соли 2003), Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005 – 2015) ва Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (соли 2013) ба ҳалли мушкилоти об манфиатдор аст.

Рӯзҳои 6-8 июни соли ҷорӣ  вобаста ба мушкилоти об дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» Форуми об вобаста ба кӯдакон, Форуми занон оид ба таъминоти об, Форуми оби кишварҳои кӯҳӣ  ва Форуми оби кишварҳои камрушдкарда ва давлатҳои хурди ҷазиравии рӯ ба инкишоф баргузор гардид.

Абдулфайз Атоӣ изҳори боварӣ кард, ки ҷараёни  Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015) дар воситаҳои ахбори ватанӣ ва хориҷӣ воқеъбинона ва васеъ инъикос мегардад.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»