Яке аз дастовардҳои асосии дар сатҳи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда муқаррароти меъёри моддаи 5 мебошад, ки мувофиқи он: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ» дониста шудаанд. Аз ҷумла мувофиқи моддаи 17–уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад.
Мардон ва занон баро-барҳуқуқанд».
Баробарии ҳама дар назди қонун ва суд яке аз асосҳои муайянкунандаи мавқеи шахс дар низоми ҳуқуқӣ мебошад. Ин падидаи ҳуқуқиро санадҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, пешбинӣ кардаанд. Масалан, моддаҳои 2 ва 14-уми «Эъломияи байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ» баробарии ҳамаро дар назди қонун ва суд муайян намудааст. Таъмини ин низоми ҳуқуқӣ баёнгари он аст, ки ҳангоми вайрон шудани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд онҳо аз ҷониби ҳокимияти судӣ ҳифз ва ҳуқуқҳои вайронгардидаашон барқарор карда мешавад. Чунин амал аз ҷониби суд бо роҳи баррасӣ кардани парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ, маъмурӣ оид ба баҳсҳои иқтисодӣ ва конститутсионӣ амалӣ мегардад. Ҳамзамон тартиби бевосита амалӣ гардидани ин талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кодексҳои мурофиавии ҷиноятӣ, гражданӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, мурофиаи судии иқтисодӣ ва дигар қонунҳо пешбинӣ шудааст.
Масалан, тибқи талаботи моддаи 7-уми Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон адолати судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ дар асоси баробарии ҳама дар назди қонун ва суд амалӣ карда мешавад.
Боби 19-уми Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба «Ҷиноятҳо ба муқобили ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд» (моддаҳои 143-164) бахшида шудааст. Аз ҷумла моддаи 143-юми Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қасдан, бевосита ё бавосита вайрон намудан ё маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳо, ё ин ки бевосита муқаррар намудани бартарии шаҳрвандон вобаста ба ҷинс, нажод, миллат, забон, баромади иҷтимоӣ, мавқеи шахсӣ, амволӣ ё мансабӣ, маҳали истиқомат, муносибат ба дин, ақида, марбут будан ба ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрванд зарар расонидааст, ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар кардааст.
Дар қисми дуюми моддаи 17-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан дар бораи имкониятҳои баробари мардон ва занон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятию давлатӣ меравад.
Яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани эътибори зан дар ҷомеа ин баробарҳуқуқии зан ва мард мебошад, ки онро Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат додааст. Баробарҳуқуқии занон дар он ифода меёбад, ки онҳо низ аз тамоми ҳуқуқу озодӣ, уҳдадориҳо ва манфиатҳои қонунии дар ҷомеа мавҷуда бархӯрдор мебошанд.
Дар моддаҳои алоҳидаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳое ҳастанд, ки бевосита мақоми зан ва мавқеи ҳуқуқии ӯро муқаррар намудааст. Масалан, моддаи 33-юми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад: «Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад.
Ҳар кас ҳуқуқи ташкили оила дорад. Мардон ва занон, ки ба синни никоҳ расидаанд, ҳуқуқ доранд озодона ақди никоҳ банданд». Дар ҳамин модда зимнан таъкид шудааст: «Дар оиладорӣ ва бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар баробарҳуқуқанд.
Бисёрникоҳӣ манъ аст».
Тоҷикистон ҳанӯз 26 июни соли 1993 бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №831 «Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон»-ро, ки Ассамблеяи генералии СММ 18 декабри соли 1979 қабул намуда буд, тасдиқ намудааст.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аз 3 декабри соли 1999, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» аз 1 марти соли 2001, қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба Барномаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010» ва санадҳои дигари ҳуқуқӣ, ки ҳадафашон баланд бардоштани эътибори бонувон, маърифати ҳуқуқии онҳо, таъмини комили сиҳатии модару кӯдак мебошад, баҳри бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши муҳим доранд.
«Ҳукумати Тоҷикистон дар раванди татбиқи сиёсати давлатии кадрҳо ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону ҷавонон, фаъол гардонидани нақши онҳо дар ҳаёти ҷомеа ва ҷавонгардонии синну соли ҳайати кадрҳои роҳбарикунандаи мақомоти давлатӣ диққати ҷиддӣ медиҳад», — омадааст дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (23 апрели соли 2014).
Имрӯзҳо бонувони тоҷик баробари мардон дар соҳаҳои гуногуни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии мамлакат дар таъмини адолати иҷтимоӣ, ба амал баровардани адолати судӣ, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрванд ва давлату ҷомеа бевосита ҳиссагузорӣ мекунанд.
Айни замон дар мақомоти ҳокимияти судии мамлакат 20 фоизи судяҳо ва зиёда аз 26 фоизи кормандони дастгоҳи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро бонувон ташкил медиҳанд. Ҳоло дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 нафар зан ба сифати судя, аз он ҷумла як нафар ҳамчун муовини Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ду нафар ба сифати раиси коллегия ифои вазифа намуда истодаанд.
Насимҷон ҲАСАНОВ, судяи Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники адлия