Минтақаи Рашт. Иҷрои нақшаи даъват дар рӯзи аввал

№ 03.10.2023

1111- уми октябри соли равон дар  қисми ҳарбии қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт таҳти унвони «Тоҷикистон ба пеш!» маъракаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор гардид.

Дар  майдони қисми ҳарбӣ  даъватшавандагон аз ноҳияҳои минтақаи Рашт ба таври ихтиёрӣ барои шомил шудан ба сафи Артиши миллӣ ҳозир гардиданд, ки дар натиҷа ноҳияҳои Сангвор,  Лахш, Тоҷикобод,  Нуробод ва Рашт низ 100  фоиз нақшаи даъвати ҳарбиро иҷро намуданд.

Дар ҳамоиш раисони ноҳияҳои минтақаи Рашт, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, падару модарони даъватшавандагон ва собиқадорону фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуда, бо дуои нек наваскаронро гусел карданд.

Чорабинии тантанавӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимҷон Муқимӣ номаи шодбошии худро ба ин муносибат иброз дошт.

Сипас, раиси ҷамоати шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод Шамсияи Назригул ба сухан баромада, иброз дошт, ки  «фарзанди ман Рустамҷон Сиямардов мисли шумо ҷавонмардона ба сафи Артиши миллӣ шомил гардиду бо сари баланд даъвати Ватан- Модарро адо намуда истодааст. Ба ҳайси як модар гуфта метавонам, ки имрӯзҳо дар қисмҳои низомӣ беҳтарин шароит муҳайё гардидааст ва ҳамеша афсарону роҳбарон аз ҳоли сарбозон бохабар ҳастанд.

Чанде аз даъватшавандагони ноҳияҳои минтақаи Рашт ба сухан баромада, гуфтанд, ки дар ноҳияҳои минтақа чун анъана ва бе таъсиррасонии шахси дуюму сеюм ҷавонони синни даъватӣ ба сафи Артиши миллӣ шомил мегарданд. Мо ҳам мисли дигар ҷавонмардони Ватан ихтиёрӣ ба  артиши миллӣ сафарбар мегардем.

Дар ҳамоиши мазкур  ба 140  нафар наваскароне, ки курси ронандагии ТҶММ «Мададгори мудофиа»-ро аз ҳисоби Вазорати мудофиа ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои минтақаи Рашт хатм намуда, барои ба сафи Артиши миллӣ шомил шудан ихтиёран ариза навишта буданд, шаҳодатномаҳои ронандагӣ супорида шуданд.

Дар анҷоми ҷамъомади тантанавӣ сарбозону афсарони қисми низомӣ машқҳои ҳарбиро нишон дода, дастаи ҳаваскорони бахшҳои фарҳанги ноҳияи Рашт барномаи ҷолиби консертиро манзури модарону наваскарон  карданд.

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»