15 феврал-Рӯзи хориҷшавии аскарони шӯравӣ аз Афғонистон буд

Мо ба дастгирӣ ниёз дорем,

№21 (3501) 16.02.2016

- мегӯяд ҷанговари интернатсионалист Набиҷон Бобоев2

Қатори мошинҳои боркаши шӯравӣ аз мавқеи қисми низомӣ, ки дар баромадгоҳи шаҳри Чоряккори вилояти Кобул, дар як мавзеи бе обу гиёҳ чодар зада буд, баромада, пас аз тай кардани  20 — 25 километр ба роҳи пурпечутоби кӯҳӣ даромад. Мошини Набиҷон ҳам аз паси мошини раҳнамо нолишкунон бо роҳи морпеч боло мебаромад.

Душманон ҳар як ваҷаб замини ин кишвари фалокатзадаро минакорӣ кардаанд. Аз ин ҷост, ки аскарони шӯравӣ боэҳтиёт ҳаракат мекарданд.

Ҳамин дам аз ҷониби кӯҳҳои сарбафалаккашидаи пешорӯ садои мусалсали тирандозӣ баланд гардид. Снаряде ба мошини роҳбалад бархӯрду таркид ва онро чаппа кард. Душман беист тирпарронӣ мекард ва имкони сар бардоштан намедод.

Набиҷон ҳаросон тормозро пахш карда, мошинро нигоҳ дошт ва беихтиёр «Акрамҷон»  — гӯён ба тарафи мошини чаппашуда тохт.

Қатори мошинҳо аз ҳаракат бозистод ва санитарҳо тарафи ба фалокат дучоршудагон давиданд. Сарбозон дар паси мошинҳо камин гирифта, ба сӯи душман тир мекушоданд…

Дар беморхонаи ҳарбии Багром Абдуазизови сахт маҷруҳгаштаро 12 соат ҷарроҳӣ карданд. Вале, бенатиҷа… Дар вопасин лаҳзаҳои зиндагии Акрам Абдуазизови ғӯрамарг Набиҷон ашк рехта, дасти нимҷони дӯсташро, ки ҳамдеҳа, ҳамсинф ва бо амри тақдир ҳамхизмат низ гашта буданд, дошта зорӣ мекард:

- Ҷӯраҷон, намур. Ман ба падару модари ту чӣ ҷавоб медиҳам?

- Ҷӯра, қисмат ҳамин будааст, ба падару модарам гӯй, ки писаратон мардонавор ҳалок шуд,- чунин буд суханони охири сарбози ғӯрамарг.

Имрӯз аз ин лаҳзаҳои даҳшатноки зиндагии Набиҷон расо 35 сол сипарӣ шудааст. Вале ӯ зуд — зуд ҳамяроқони талафдодаашро дар хоб мебинад.

Набиҷон 24 декабри соли 1981 зиндаю саломат ба Ватан баргашт. Бо мадади котиби якуми ҳамонвақтаи комсомоли ноҳия Умарҷон Бобоев ва муовини ӯ, иштирокчии бевоситаи муҳорибаҳо дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Зуфархон Исмоилов (ин ду нафар дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ солҳои зиёд фаъолият карданд ва имрӯз якумӣ корманди масъули Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва дуюмӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст) соли 1985 дар ноҳия Иттифоқи собиқадорони ҷанги Афғонистонро ташкил намуданд, ки ба он 133 нафар ҷанговари интернатсионалист муттаҳид гардидаанд.

Иттиҳодияи мазкур зиёда аз 30 сол аст, ки амал мекунад ва вазифаи асосии он аз зинда нигоҳ доштани ном, кору пайкори шаҳидони ҷанг, дастгирии ҳамяроқон, волидайни онҳо, ташкил кардани мулоқоту вохӯриҳо бо насли наврас дар муассисаҳои таълимӣ ва ба ин васила тарбияи ҳарбию ватандӯстии ҷавонон, кумак ба комиссариати ҳарбӣ дар маъракаи даъват ба хизмати аскарӣ ва ғайра иборат аст.

Тӯли ин муддат сарварии иттиҳоди мазкурро ҷанговарони интернатсионалист, ба монанди Зуфархон Исмоилов, Шавкат Насрулоев, Инъом Бобоҷонов ба уҳда доштанд ва аз соли 2008 Набиҷон Бобоев онро роҳбарӣ менамояд. Дар ҳайати иттиҳодия дорандагони мукофотҳои давлатии собиқ шӯравӣ хеле зиёданд. Масалан, Зуфархон Исмоилов бо ордени «Ситораи Сурх» ва медали «Барои шуҷоат», Зариф Аюбов ордени «Ситораи Сурх» ва медали «Барои шуҷоат»,  Инъом Бобоҷонов, Шавкат Насруллоев, Наимхӯҷа Бобоев, Одил Қӯзиев, Алиҷон Отабоев, Сайдулло Раҳматуллоев медали «Барои шуҷоат» сарфароз гардидаанд.

- Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва комиссариати ҳарбии ноҳия моро қадри имкон дастгирӣ мекунанд. Бо ёрии онҳо дар ҳар иду айём ба аёдати волидайни шаҳидон меравем, ба беморон кумак мерасонем. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барои аксари шахсони муҳтоҷ қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо кардааст, вале онҳо имконияти сохтмони хонаҳоро надоранд. Аз миёни 133 нафар аъзои иттиҳодияи мо аллакай панҷ нафар бо бемориҳои гуногун вафот кардаанд. Панҷ нафари дигар ҳамчун маъюб дар қайди Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии ноҳия қарор доранд,- мегӯяд Набиҷон Бобоев.

Воқеан имрӯз иштироккунандагони амалиёти ҷангӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба кумаку дастгирии давлат ниёз доранд ва барқарор намудани имтиёзҳои пешинаашон баҳри ҳалли мушкилоти онҳо мусоидат менамоянд.

 Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»