Муъминобод. 3 компютер барои 832 хонандаи як мактаб

№43 (3680) 22.04.2017

IMG_20170408_122058Солҳои охир дар шаҳру навоҳии минтакаи Кӯлоб муассисаҳои таълимӣ бо тарҳи муосир бунёд гардида, сатҳу сифати таълим рӯз то рӯз беҳтар мешавад. Мутаассифона, ҳанӯз ҳам дар иддае аз ноҳияҳои кӯҳистон мактабҳое ҷой доранд, ки шароити таҳсил дар онҳо ба такозои замон ҷавобгӯ нест. Агар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 7-и деҳоти ба номи Шамсиддин Шоҳини ноҳияи Муъминободро ҳамчун далел орем, иштибоҳ намекунем. Муассиса, ки дар ҳолати ҳузнангез карор дорад, соли 1959 сохта шудааст.

Директори муассиса Хизмат Имомов зимни суҳбат вазъи кунунии мактабро тавзеҳ дода, гуфт, ки алъон дар мактаб 832 нафар хонанда дар ду баст таҳсил доранд. Ба онҳо 63 омӯзгори соҳибтахассус сабак медиҳанд.

- Вокеан, аҳволи мактаб хеле бад аст. Ба ҳайси мудир таъин шуданамро 6 моҳ мешавад. Дар ин муддат талош варзида истодаам, ки беҳбудие рӯи кор ояд. Хонандагони мактаб дар озмунҳо ширкат карда, ҷойҳои намоёнро соҳиб мешаванд. Имсол ду хонандаи синфи 11 дар олимпиадаи вилоятӣ аз фанни технологияи компютерӣ ширкат карда, яке медали тилло ва дуюмӣ медали биринҷиро ба даст овард. Ин дар ҳолест, ки мактаб ҳамагӣ 7 компютер дорад. Аз ин шумора 3-тояш коршоям асту халос. Маблағи аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ҷудошуда барои ҳалли пурраи мушкилоти ҷойдошта кифоя нест. Чаҳор компютери вайронаро имкони таъмир кардан надорем, — афзуд директори муассиса. — Соли рафта аз буҷети ноҳия барои таъмири ҷории мактаб 3700 сомонӣ ҷудо гардида буд. Имсол бошад, маблағи пешбинишуда барои тармим 1500 сомониро ташкил медиҳад.

Нарасидани ҷойи нишасти хонандагон масъу­линро маҷбур сохтааст, ки кисме аз утокҳои беморхонаи ҷамоатро, ки кариб 100 метр дуртар аз мактаб ҷойгир аст, ба синфхонаҳои иловагӣ табдил диҳанд. Шароит дар ин ҷо низ хуб нест. Мизу курсиҳои шикаста, синфхонаҳои хурду таъмирталаб манзараи ногуворро пеши назар меоранд. Ҳатто тахтаи синф дар девор не, балки дар рӯи замин гузошта шудааст.

Ба кавли Х. Имомов, аз ҳоли табоҳи мактаб Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва макомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия вокифанд. Ваъда кардаанд, ки соли 2018 мактабро азнавсозӣ мекунанд. Чунин «ваъда» — ҳо солҳост аз ҷониби масъулон дода мешавад. Ҳоло донистан мехоҳем, ки кай ин мушкил ҳал мешавад?

 Ёкуби СОДИК,

«Садои мардум»