Муъминобод. Мушкилоти МТМУ №29 ҳалли бетаъхирро тақозо дорад

№69-70 (4809 - 4810) 31.05.2024

Бинои куҳна, синфхонаҳои танг, ки  ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нестанд, инчунин, набудани оби нӯшокӣ аз мушкилоти асосии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29-и деҳаи Ғарабдараи деҳоти Балхобии ноҳияи Муъминобод ба шумор мераванд.

МУШКИЛОТ (1)Маориф дар кишвари мо  аз соҳаҳои афзалиятнок маҳсуб меёбад. Ба хотири беҳтар ва ба талаботи рӯз мувофиқ намудани соҳа ва баланд бардоштани  сифати таълим солҳои охир дар кишвар корҳои зиёд анҷом пазируфт. Масалан, дар доираи амалӣ намудани «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 36 бинои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 11 124 ҷойи нишаст навсозӣ шуданд. Бо вуҷуди ин, баъзе муассисаҳо ба мушкил мувоҷеҳ мебошанд, ки  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29-и деҳаи Ғарабдара аз зумраи онҳост.

Он аз маркази ноҳия 65 км дур буда, ҳамагӣ аз 7 синфхонаи таълимӣ иборат мебошад. Дар муассиса 186 хонанда дар ду баст таҳсил менамоянд. Ба онҳо 16 омӯзгор таълим медиҳанд. Муассиса соли 1971 бунёд шуда, ҳар сол пеш аз оғози соли нави хониш онро бо дастгирии волидони хонандагон каме рангубор менамоянд, вале то  имрӯз боре ҳам пурра таъмир нашудааст.

Аз суҳбат бо директори муассиса Сабоҳатхон Каримова маълум шуд, ки он то соли 2005 ҳамчун мактаби ҳаштсола фаъолият менамуд. Баъд аз сохтани синфхонаҳои иловагӣ имкон пайдо шуд, ки хонандагони синфҳои болоӣ низ ба таҳсил фаро гирифта шаванд.

- Солҳои пешин дар муассисаи таълимӣ мизу курсӣ намерасид. Имсол бо дастгирии Вазорати маориф ва илм ва шуъбаи маорифи ноҳия 20 мизу курсӣ дастрас шуда, мушкили мазкур то андозае бартараф гардид, — афзуд директори мактаб.

МУШКИЛОТ (2)Дар муассиса ҳоло ҳам компютер ва омӯзгори ин фан намерасад. Ҳамагӣ 5 компютер ва як доскаи электронӣ мавҷуд аст, ҳол он ки аз шумораи умумии хонандагон 104 нафар бояд технологияи информатсиониро омӯзанд. Бо сабаби норасоии компютер дарсҳо бештар назариявӣ мегузаранд.

Ошхонаи муассиса низ ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ нест. Набудани толори варзишӣ мушкилоти дигари ин даргоҳи таълимист.

Тавре  Ғаффор Шарифов, муовини директори муассиса оид ба таълим, зимни суҳбат гуфт, сарфи назар аз мушкилоти ҷойдошта хонандагони муассиса дар озмунҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро соҳиб мешаванд. Соли равон Ҳалима Азизова, хонандаи синфи 7-и муассиса, гирандаи стипендияи раиси вилоят гардид. Ин далелҳо хушҳолкунандаанд, аммо қаноаткунанде не. Барои боло бурдани дониши хонандагон чораҳои муассиртар бояд андешид.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон чунин таъкид намуданд: «Мо бояд меъмору ихтироъкор ва кадрҳои сатҳи байналмилалӣ  тарбия кунем». Тарбияи ин гуна кадрҳо аз мактаби миёна оғоз мешавад. Ба ин хотир, масъулони раёсати маорифи вилояти Хатлон ва ноҳияи Муъминободро зарур аст, ки барои ҳалли бетаъхири мушкилоти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29-и деҳаи Ғарабдара чораҳои муассир  андешанд.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»