Муъминобод ободу зеботар мешуд, агар…

№91 (4196) 28.07.2020

Дар ҷомеа зиёданд шахсони саховатпеша, ки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ карда, ҷойҳои нави корӣ фароҳам месозанд. Сокини ноҳияи Муъминобод Раҷаб Раҷабов аз зумраи онҳост.

Бо дастгирии ин соҳибкори дурандеш дар доираи созандагиҳои диёр бахшида ба ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаи ба номи Амирхон Партоеви маркази ноҳияи Муъминобод маҷмааи савдо кушода шуд. Он аз сартарошхона, кошонаи ҳусн, ду хати таҳияи хӯрокҳои саридастӣ, хатҳои коркарди шир, қаннодӣ, ошхонаи барҳаво ва се нуқтаи таъмиру шустушӯи мошинҳо иборат мебошад. Айни замон дар он ҷо 40 нафар ба ҷойи кори доимӣ фаро гирифта шудаанд.  Ҳоло сохтмони шаш нуқтаи нави хизматрасонии дигар дар маркази ноҳия идома дорад.

Раҷаб Раҷабов, инчунин дар масофаи як километр роҳи куҳнаю ноободро сангфарш ва дар маҳаллаи Шаҳринави поён гулгашти замонавӣ бунёд кард. Ҳоло ин марди хайрхоҳ ба сохтмони кӯпруки нав дар сойи кӯчаи Мирзо Турсунзода оғоз намудааст.

Агар соҳибкороне, ки дар хориҷи кишвар кору зиндагӣ доранд, ба мисли Раҷаб Раҷабов, ақаллан як иншоотӣ месохтанд, маркази ноҳияи Муъминобод боз ҳам ободу зеботар мешуд.

Нурулло ҲАСАНОВ, рӯзноманигор