Таи солҳои охир дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб даҳҳо муассисаи таълимӣ бо тарҳи муосир бунёд гардида, бо лавозимоти хониш муҷаҳҳаз мебошанд. Мутаассифона, дар бархе аз деҳот муассисаҳое ба назар мерасанд, ки ҳолати ҳузнангез доранд. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29-и деҳаи Ғарабдараи деҳоти «Балхобӣ»-и ноҳияи Муъминободро метавон далел овард.
Директори муассисаи таълимӣ Сабоҳатхон Каримова вазъи муассисаро чунин шарҳ дод: — Дар муассисаи таълимӣ 191 хонанда дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта шуда, ба онҳо 16 омӯзгор таълим медиҳанд. То соли 2005 муассиса ҳамчун мактаби ҳаштсола амал мекард. Баъд аз сохтмони синфхонаи иловагӣ имкон пайдо шуд, ки то хонандагони синфи 11 ба таҳсил фаро гирифта шаванд. Соли ҷорӣ аз буҷети ноҳия барои таъмири ҷории мактаб 10 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Он аз маркази ноҳияи Муъминобод дар масофаи 55 – 60 километр дур ҷойгир буда, дорои 7 синфхонаи таълимӣ мебошад ва дар он ҳамагӣ чор компютер вуҷуд дорад. Аз ин сетояш коршоям асту халос.
- Сарфи назар аз мушкилиҳо хонандагони муассиса дар озмунҳо ҷойҳои намоёнро соҳиб мешаванд. Соли гузашта хонандаи синфи 9 Муҳаммадёсини Ғ. дар озмуни «Илм — фурӯғи маърифат» дар номинатсияи «Биология» иштирок варзида, то даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт, — афзуд ҷонишини директор оид ба таълим Ш. Ғаффор.
Набудани толор ва майдончаи варзишӣ мушкилоти дигари ин даргоҳи таълимист. Хонандагони мактаб дар ҷои пур аз чангу хок ба варзиш машғул мебошанд. Мизу курсиҳо, синфхонаҳои хурду таъмирталаб манзараи ногуворро пеши назар меорад.
Беҳтар мебуд, ки масъулини Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод якҷо бо Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта тадбирҳои зарурӣ меандешиданд.
Исломи РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»