Мутобиқ ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақшаи миёнамуҳлати муташаккилона кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017 — 2020» аз минтақаҳои хавфноки деҳаҳои Бобучак ва Хишекати деҳоти «Ростровут»-и ноҳияи Деваштич мебоист 13 оила кӯчонида мешуданд.
Чанде пеш барои онҳо аз деҳоти «Яхтан» замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шуд. Дар суҳбат бо муҳоҷирон роҳбарияти ноҳия изҳор намуданд, ки манзилашонро дар муддати кӯтоҳ бунёд хоҳанд кард. Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия муваззаф гардидааст, ки дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич ҷиҳати фароҳам сохтани шароити мусоид барои пеш бурдани корҳои сохтмонӣ чораҷӯӣ намояд.
М. Мақсудов,
«Садои мардум»