Муҳофизони Хазинаи бойгонии миллӣ

№100 (3401) 28.07.2015

Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — мақоми марказии ҳокимияти  иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда,  вазифаҳои қабули  санадҳои  меъёрии ҳуқуқӣ, назорати  риояи қонунгузорӣ оид ба кори  бойгонидорӣ ва коргузориро дар мақомоти давлатӣ, муассисаҳо,  корхонаҳо ва дигар ташкилотҳо, сарфи назар  аз шакли  моликият  ва тобеияташон, иҷро намуда, масъули рушди  минбаъдаи такмили кори бойгонидорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  мебошад.

Ҳуҷҷатҳои  Хазинаи бойгонии  миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар бойгониҳои давлатӣ  ва идоравии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфузанд,  ба ихтиёрдории  Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  вогузор аст. Айни замон шабакаи васеи муассисаи хадамоти бойгонии Тоҷикистон аз 12 бойгонии давлатӣ ва 72 бойгонии байниидоравӣ иборат буда, Бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон базаи  асосии  Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва яке аз муҳофизони Хазинаи бойгонии  миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки он ҳуҷҷатҳои бебаҳои ҳаёти халқ ва таърихи  давлати тоҷикон аз давраҳои қадим то ба имрӯзро дар бар мегирад.

Ба бойгониҳои давлатии ҷумҳурӣ қабул намудани хазинаҳои  шахсии қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, пешқадамони истеҳсолот, арбобони  давлатӣ, илму фарҳанг, шахсоне, ки  баҳри тараққӣ ва пешрафти ҷумҳурӣ хизмати  арзанда кардаанд, аҳамияти хоса пайдо кардааст. Ин ҳуҷҷатҳо сарчашмаи беназири  таърихи ҷумҳурии мо  ба ҳисоб  мераванд.

Агар мо ба гузашта  аз рӯи  санаду шаҳодати  таърихӣ  баҳо дода, онро таҳлил намоем, насли оянда  ҳаёти ҷамъиятиро аз ҳуҷҷату  маводи имрӯза меомӯзанд ва ба рӯйдодҳои он баҳо медиҳанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳояшон дар назди аҳли зиё чунин таъкид кардаанд: «Таърихи гузаштаро надониста, онро амиқ таҳлил накардаю  наомӯхта ва аз он  сабақ  нагирифта, ҷамъиятро пеш бурдан  аз имкон берун аст. Ҳар лаҳзаи ҳаёт таърих аст ва он дар шаклу намудҳои  мухталиф  инъикос  меёбад. Дар ин раванд ҳуҷҷату санадҳо ва маводҳои сабтӣ аз ҳамин қабиланд, ки наслҳои  оянда оиди ҷараёни  зиндагии давраи муайян донишу тасаввурот пайдо мекунанд.».

Мавриди зикр аст, ки дар  даврони  ҳокимияти шӯравӣ  ин соҳа ба низоми муайян даромад ва инкишоф ёфт. Баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии  Тоҷикистон таваҷҷуҳ  нисбати таърихи  давлатдории  тоҷикон зиёд шуда, шаҳрвандони кишвар мехоҳанд, ки ҳақиқати гузаштаи халқи худро донанд.

Баъд аз қабули Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи Хазинаи бойгонии  миллӣ» (соли 1998) ва дигар  санадҳои  меъёрии ҳуқуқии соҳа нақшу  мақоми Хадамоти бойгонии ҷумҳурӣ  хеле боло рафт.

Яке аз самтҳои муҳими  фаъолияти Бойгонии марказии  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  корҳои илмию  тадқиқотӣ ва методӣ буда, он баҳри омӯзиш ва таҳияи масъалаҳои  ҷобаҷогузории  ҳуҷҷатҳои бойгонӣ, муайян намудани арзишнокии онҳо, ташкил кардани омӯзиши  эҳтиёҷоти ҷамъиятӣ ва дар ин раванд баланд бардоштани фаъолияти  маълумотдиҳии бойгонии давлатӣ ва таъмини нигоҳдории  ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллии ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини  нигоҳдорӣ, баҳисобгирӣ, ғанӣ  гардонидани Хазинаи бойгонии миллӣ бо ҳуҷҷатҳои  дорои  аҳамияти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, таърихию фарҳангидошта ва истифодаи онҳо ғамхории доимӣ зоҳир менамояд. Шаҳодати ин гуфтаҳо, қабули  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 159 аз 1 апрели соли  2008 «Дар бораи тасдиқи  Консепсияи рушди кори бойгонӣ  дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои  2008 — 2018» мебошад.

Зикр кардан бамаврид аст, ки Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи  қарори мазкур «Барномаи рушди кори  бойгонӣ дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  солҳои  2009 – 2018»-ро таҳия намуд ва он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №373 аз 2 июли соли  2009  тасдиқ карда шуд.

Тибқи  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №115 аз 3 марти соли  2011 «Оид ба мукаммалкунии сохтори мақомоти  маҳаллии ҳокимияти  иҷроияи давлатӣ» дар  тамоми шаҳру ноҳияҳои  ҷумҳурӣ  бахши бойгонӣ таъсис дода шуд, ки он масъалаи  ҳифозати ҳуҷҷатҳо,  нигоҳдорӣ, баҳисобгирӣ ва  истифодаи  ҳуҷҷатҳои  Хазинаи  бойгонии  миллиро таҳти  назорат қарор дода, низоми  супоридани  ҳуҷҷатҳоро ба  бойгониҳои давлатӣ ва  байниидоравӣ ба  танзим медарорад.

Мудирони бахшҳои бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва  тобеи марказ, директорони бойгониҳои давлатӣ ва филиалҳои  он иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои    бойгонӣ», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти  № 373 аз 2 июли соли 2009 «Дар бораи тасдиқи Барномаи  рушди кори бойгонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 — 2018», таҳти №203 аз 4 майи соли 2000 «Дар бораи муҳлатҳои  ниҳоии  дар бойгониҳои идоравӣ  нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳо ва ба  нигоҳдории давлатӣ супоридани онҳо», таҳти №531 аз 2 ноябри соли  2007 «Дар бораи чораҳои  таъхирнопазир оид ба беҳтар  намудани  кори нигоҳдории  давлатии сарватҳои  бойгонии миллии   Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳти назорати  доимӣ гирифта, амалӣ  менамоянд.

Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  роҳбарии  Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда дорад, ки  он қисми  таркибии мероси таърихию фарҳангии ватанӣ ва ҷаҳонӣ буда, дорои  захираҳои ахбори  ҷомеа мебошад. Ин ҳақиқати ҳаёти  имрӯзаи мо бояд дар Хазинаи бойгонии миллии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  акси худро пайдо намояд.

Итминони  комил дорем, ки  аҳли заҳмати ин даргоҳи муқаддас ва муассисаҳои зертобеи он минбаъд низ баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба  ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодаи маводҳои ҳуҷҷатии Хазинаи бойгонии миллии Тоҷикистон баҳри пешрафти минбаъдаи кишвари азизамон тамоми чораҳои заруриро амалӣ менамоянд.

Дилором Мирсаидова, сардори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих,

Муҳаббат Табарова, мудири шуъбаи баҳисобгирии ҳуҷҷатҳои Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон