Муаррифии электробусҳо ва ифтитоҳи муассисаи томактабӣ

№10 (4750) 19.01.2024

photo_2024-01-18_09-23-5218-уми январи соли 2024 ­Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ­Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам ­Рустами Эмомалӣ дар муаррифии 30 электробуси нав ва ифтитоҳи Муас­сисаи томактабии хусусии ­«Ахтарак» дар пойтахт иштирок намуданд.

Электробусҳои тамғаи «Акиа НЕРУ» истеҳсоли Корхонаи муштараки «Акиа Авесто Автоматив Индастри»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, тибқи стандартҳои аврупоӣ истеҳсол гардидаанд.

Ин нақлиёт 12 метр дарозӣ ва 32 ҷойи нишаст дошта, ғунҷоиши мусофирон то 100 нафарро ташкил дода, муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти гармидиҳӣ ва хунуккунанда, 6 камераи назоратӣ, 2 экрани маълумотдиҳанда мебошад.

Бояд гуфт, ки бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами ­Эмомалӣ дар 6 соли охир парки нақлиётии корхонаҳои коммуналии шаҳр пурра бо автобусҳои замонавӣ, дар маҷмӯъ, 410 адад аз корхонаи ватанӣ, таъмин гардидаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки нерумандии батареяҳои электробус 350 кВт-соат буда, иқтидори ҳаракати автономиаш ба 300 км баробар мебошад. Кафолати батареяҳо ва дигар қисмҳои барқии электробус 600 ҳазор километр ё 8 солро ташкил медиҳад.

Ҷиҳати ҳамарӯза бо барқ таъмин намудани воситаҳои нақлиёт дар Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-1» нуқтаи барқтаъминкунии замонавӣ барои 30 электробус бунёд гардида, барои истифода пурра омода мебошанд.

18-уми январи соли равон, ҳамчунин, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар хиёбони Нусратулло Махсуми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Муассисаи томактабии хусусии «Ахтарак»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

photo_2024-01-19_07-48-43Зимни шиносоӣ ба Раиси шаҳри Душанбе иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии иншоот 4000 метри мураббаъро ташкил дода, аз таҳхона ва се ошёна иборат аст. Муассисаи мазкур барои ба тарбия фаро гирифтани 200 кӯдак дар 10 гурӯҳ пешбинӣ гардида, 26 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ мегарданд. Муас­сисаи замонавӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бунёд гардида, дар он тар­бияи кӯдакон мутобиқ ба талаботи имрӯза ба роҳ монда мешавад.

Бинои мазкур дорои ошхона бо 70 ҷойи нишаст, анбор барои нигоҳдории маҳсулоти хӯрокворӣ, ҳуҷраи ҷомашӯӣ, толори варзиш, гимнастикаи бадеӣ, синфхонаҳои таълимӣ, аз ҷумла, забони англисӣ, арифметикаи зеҳнӣ, толори мусиқӣ, машғулият, ҷойҳои хобу истироҳат, ҳуҷраҳои корӣ, маркази хизматрасонии тиббӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад.

Раиси шаҳри Душанбе масъулинро вазифадор намуданд, ки пеш аз ҳама, ба баланд бардоштани сатҳу сифати тарбияи кӯдакону наврасон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ, таъмини шароити хуби тарбия ва риояи қоидаҳои беҳдоштии кӯдакон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоянд.

АМИТ «Ховар»