Муборизаи дастҷамъона бар зидди коррупсия

№80-81 (3381-3382) 12.06.2015

Дар маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев, муовини раиси вилояти Суғд Ғаффорӣ Назира Абдуллозода, масъулони раёсати маорифи вилоят, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сарварони муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорони пешқадам конференсияи илмӣ – амалӣ оид ба муқовимат алайҳи коррупсия, пешгирии қонуншиканӣ  ва ҷинояткорӣ миёни ноболиғон, шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро  доир гардид.

Ғаффорӣ Назира Абдуллозода – муовини раиси вилояти Суғд зимни маърӯзаи пурмуҳтаво вазъи риояи қонун дар муассисаҳои соҳаи маориф ва ҳолатҳои ҷинояткорию қонунвайронкунӣ  аз ҷониби хонандагону омӯзгоронро ба риштаи таҳлил кашид.

Муовини якуми  вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  Раҳматулло Мирбобоев ҳангоми суханрониаш оид ба санадҳое, ки вобаста ба муқовимат бо коррупсия қабул шудаанд, корҳои дар ин самт баиҷрорасида, бартариҳои қабули довталабон тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо, муқовимат бо коррупсия ва пешгирии амалҳои номатлуб дастурҳои мушаххас дод.

Ҳамзамон дар конференсия муовини якуми сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд  Ҳ. Дадобоев, ёрдамчии прокурори вилояти Суғд оид ба татбиқи меъёрҳои қонунгузорӣ вобаста ба пешгирии ҷиноятсодиркунии ноболиғон М. Саидов, намояндаи Раёсати КДАМ –и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ш. Носиров ва сардори шуъбаи пешгирии ҷиноятҳои коррупсионии Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд Д. Зарипов  оид ба корҳои иҷрошуда дар самти пешгирию ҷиноятсодиркунии ноболиғон, рӯ ба афзоиш доштани худкушӣ аз ҷониби наврасону ҷавонон, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, содиршавии амалҳои коррупсионӣ дар соҳаи маориф ва роҳҳои пешгирии онҳо ибрози назар карданд.

А. Салимзода,  «Садои мардум»