МУКОФОТҲОИ ҒАЛАБА

№49 (3350) 04.04.2015

Мукофотҳои баланди давлатӣ — ордену медалҳо, ки дар Ғалабаи халқи советӣ бар фашизми Германия саҳми калон доранд, барои мо хеле азизу муқаддас мебошанд.

Бо оғози Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941- 1945 Ҳукумати Советӣ дар соҳаи мукофотҳои давлатӣ тағйирот ворид намуд. Барои боз ҳам баланд бардоштани рӯҳи ҷанговарони советӣ ва  қадрдонии қаҳрамониву далерии ҷанговарон, офитсерони Армияи Сурх ва дигар  шаҳрвандоне, ки дар муқобили  истилогарони фашизм  фаъолона ҷангидаанд, ордену  медалҳои нав таъсис ёфтанд. Дар баробари ин, ордену медалҳое, ки то оғози ҷанг мавҷуд буданд (бо тағйиру иловаҳо дар низомнома), барои корнамоиҳои махсуси ҷангӣ ба ҷанговарони алоҳида супорида мешуданд.

Инак, аз Рӯзи Ғалаба расо  70 сол сипарӣ мешавад. Сафи собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 сол то сол кам мешавад. Дар кӯчаҳои шаҳру деҳот бо ветеранҳои синаи пур аз ордену медалҳои ҷангӣ аҳён-аҳён дучор мешавем.

Наслҳои навраси имрӯза дар бораи қаҳрамониву ҷоннисории ҷанговарони советӣ кам маълумот доранд. Кам касоне ҳастанд, ки мақому мартабаи ҳар як  ордену медалҳои солҳои Ҷанги Бузурги Ватаниро донанд.

Аз ин рӯ, идораи рӯзномаи «Садои мардум» тасмим гирифт, ки бахшида ба 70-солагии Рӯзи Ғалаба аз таърихи таъсиси  мукофотҳои давлатии СССР, ки дар таъмини Ғалаба саҳми бағоят калон доштанд, мухтасар  маълумот диҳад.

Тарзи пешниҳоди мавод ба тарзи  хронологӣ сурат мегирад.

 ОРДЕНИ «БАЙРАҚИ СУРХ»

orden-kr-zn копия Ордени «Байрақи Сурх» яке аз аввалин орденҳои Иттифоқи Советӣ ба ҳисоб меравад. Ин орден 16 сентябри соли 1918 таъсис ёфт ва бори нахуст 30 сентябри соли 1918 ба шахсони сазовор тақдим гардид.

Ордени «Байрақи Сурх» дар солҳои ҷанги гражданӣ бо Декрети Кумитаи Иҷроияи Марказии Умумииттифоқӣ- ВЦИК аз 16 сентябри соли 1918 таъсис ёфт ва он то соли 1930, то таъсиси ордени Ленин, мукофоти олии Иттифоқи Советӣ ба ҳисоб мерафт.

Шахсони алоҳида, қисмҳои ҳарбӣ, киштиҳои ҳарбӣ, ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ барои нишон додани ҷасорат ва далерии махсус баҳри ҳимояи Ватани сотсиалистӣ бо ин орден мукофотонида мешуданд.

То соли 1924 дигар ҷумҳуриҳои сотсиалистӣ низ ордени «Байрақи Сурх» доштанд. 1 августи соли 1924 ҳамаи орденҳои 15 ҷумҳурии бародар бо як орден- ордени «Байрақи Сурх»- и СССР муттаҳид шуданд.

Мақоми ин орден мутобиқи Қарори Президиуми КИМ- и СССР аз 11 январи соли 1932 муайян гардид. 19 июни  соли 1943 ва 16 декабри соли 1947 бо Укази Президиуми Совети Олии СССР ба Низомномаи мукофотҳои давлатӣ тағйиру иловаҳо ворид шуд. Бори охирин ба низомномаи ин орден тибқи Укази Президиуми Совети Олии СССР аз 28 марти соли 1980 тағйиру иловаҳо ворид гардид ва ордени «Байрақи Сурх» маротибаи охирин соли 1991 тақдим гардидааст. То соли 1991 бо ин ордени олии Иттифоқи Советӣ 581300 нафар мукофотонида шудаанд.

 «ОРДЕНИ ЛЕНИН»

orden-lenina копияТаърихи ин орден аз 8 июли соли 1926 оғоз меёбад. Сардори Саруправленияи РККА- Армияи Сурхи коргару деҳқон В.Н.Левичев пешниҳод кард, ки ба шахсони дорои чор ордени «Байрақи Сурх» ордени нав- ордени «Илич» дода шавад. Ордени нав бояд мақом ва арзиши хеле баланд дошта бошад. Азбаски ҷанги гражданӣ ба охир расида буд, лоиҳаи ордени нав қабул нашуд.

Андак баъдтар Совети Комиссарони Халқи СССР зарурияти таъсиси мукофоти олии Иттифоқи Советиро ба инобат гирифта, лоиҳаи онро дар оғози соли 1930 бо номи ордени Ленин тасдиқ намуд. Рассомони фабрикаи  «Гознак»-и шаҳри Москва супориш гирифтанд, ки тарҳи орден бояд  сурати Владимир Илич Ленинро дар худ акс  кунад. Аз лоиҳаҳои пешниҳодшуда кори рассом И.И.Дубасов, ки портрети он солҳо маъмули Ленинро дар асоси  сурати суратгир В.К. Буллой таҷассум ёфта буд, маъқул донист.

Баҳори соли 1930 лоиҳаи орден барои омода кардан ба ҳайкалтарошон И.Д.Шадр ва П.И.Таёжний супорида шуд. Худи ҳамон сол нишонҳои аввалини ордени Ленин дар фабрикаи «Гознак» тайёр шуданд.

Ордени Ленин бо Қарори Президиуми КИМ-и СССР аз 6 апрел ва худи нишон (статус) 5 майи соли 1930 тасдиқ гардиданд.

Ба тарҳи орден ва навиштаҷоти он бо Қарори КИМ- и СССР аз 27 сентябри соли 1934, Укази Президиуми Совети Олии СССР аз 19 июни соли 1943 ва 16 декабри соли 1947 тағйиру иловаҳо ворид шуданд. Бо Укази Президиуми Совети Олии СССР аз 28 марти соли 1980 тарҳи орден дар коркарди охирин тасдиқ карда шуд.

Ордени олии Иттифоқи Советӣ ордени Ленин бори нахуст 23 майи соли 1930 ва бори охирин 21 декабри соли 1991 ба шахсони сазовор  ва арзанда супорида шудааст.

Дар тӯли солҳои 1930- 1991 бо ордени Ленин ҷамъ 431418 нафар мукофотонида шудаанд.

ОРДЕНИ «СИТОРАИ СУРХ»

orden_krasnoy_zvezdy копияОрдени «Ситораи Сурх» бо Қарори Президиуми КИМ СССР аз 6 апрели соли 1930 таъсис ёфт. Тарҳи орден бо Қарори Президиуми КИМ- и СССР аз 5 майи соли 1930 тасдиқ гардид.

Солҳои минбаъда вобаста ба мукофотонӣ бо ин орден тағйиру иловаҳо ворид шуданд. Инҳо: Қарори  КИМ ва СКХ СССР аз 7 майи соли 1936, Укази Президиуми Совети Олии СССР аз 19 июни соли 1943, 26 феврали соли 1946, 15 октябри соли 1947 ва 16 октябри соли 1947.

Бо Укази Президиуми Совети Олии СССР аз 28 марти соли 1980 тарҳи нави ордени «Ситораи Сурх» тасдиқ гардид.

Бори нахуст бо ин орден Маршали Иттифоқи Советӣ В.К.Блюхер (соли 1930) мукофотонида шудааст.

Ордени «Ситораи Сурх» бори охирон 19 декабри соли 1991 тақдим гардидааст. Дар маҷмӯъ, солҳои 1930- 1991 рӯйхати мукофотгирандагони ин орден ба 3876740 нафар расида буд.

Фароҳамсоз Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»