Муштариён аз хизматрасониаш мамнунанд

№ 13.11.2023

 Дар ноҳияи Файзобод чор шабакаи телефонҳои мобилӣ ба мардум хизмат мерасонанд. Ба туфайли фаъолияти хуби онҳо сокинони ноҳия ба хешовандон, ёру дӯстон ва муҳоҷирони меҳнатӣ дар тамос шуда, аз саломатии ҳамдигар хабардор мегарданд. Ҳар гоҳ ман барои пардохти маблағи якмоҳаи телефонам ба филиали ширкати «Тсел» меоям, корафтодагони зиёдеро мушоҳида мекунам. Онҳо аз деҳоти дурдаст барои пардохту фармоиш ва ё мушкилоти ҷойдошта ба намояндагии ширкат меоянд.

Ба мизоҷон Бурҳон Раҳмонов хизмат расонда, дархости онҳоро бо хушмуомилагӣ иҷро мекунад. Ӯ дар давоми 10 моҳи соли равон ба  садҳо корафтодагон хушсифат хизмат расонида, сазовори боварию таҳсини онҳо гаштааст.

Бурҳон Раҳмонов аз ҷумлаи операторонест, ки ба даҳҳо нафар пирони барҷомонда ва нафақагирони аз 70- сола боло аз ҳисоби маблағи шахсиаш маблағ гузаронида, дуои неки онҳоро мегирад.

 

Ҳакими САФАР,

ноҳияи Файзобод