Мусобиқа омили созандагиҳо гардид

№151 (3631) 10.12.2016

Мусобика тем 280916Мусоҳиба бо муовини якуми раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода

- Вилояти Хатлон дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, ки ба истиқболи 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, «Вилояти беҳтарин» дониста шуд. Шумо, ки раиси Комиссияи вилоятии мусобиқа будед, ин дастоварди хатлониёнро дар чӣ мебинед ?

- 25-уми феврали соли ҷорӣ Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди дар байни мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, деҳоту шаҳракҳо, деҳаву маҳаллаҳо ва хонаву оилаи беҳтарин баргузор намудани мусобиқаи ҷумҳуриявӣ содир гардид ва мо, хатлониён, дарҳол ба омодагиҳои ҷиддии ҳамаҷониба шурӯъ намудем. Аз лаҳзаи нахуст баръало эҳсос намудем, ки ҳадафи воқеии амри мазкур, пеш аз ҳама, ­вусъат бахшидан ба амалҳои созандагию бунёдкорӣ, мусоидат ба рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини миллӣ, тақвият бахшидан ба фарҳанги экологию зебоипарастии мардум ва дар маҷмӯъ, паҳлуҳои ҳаёти имрӯзаи ҷомеа маҳсуб меёбад, ки ба пешрафти кишвари азизамон мусоидат менамояд. Аз ин лиҳоз, комиссияи вилоятӣ фаъолияташро вобаста ба дастуру низомномаҳои марбут ба мусобиқа ба роҳ монда, даври якум, дуюм ва сеюми онро шаффофу воқеъбинона натиҷагирӣ намуд ва беҳтаринҳоро ба даври ниҳоӣ роҳхат дод.

Маҳз риояи талабот ва тарзи ­дурусти корбарӣ буд, ки дар рафти мусобиқа аз 3 миллиону 48 ҳазор аҳолии вилоят 2,4 миллион, аз 1552 деҳа 1242 деҳа, аз 434 ҳазор хонавода 341 ҳазор, аз 155 шаҳраку деҳот 22 шаҳрак ва 133 деҳот ва дар маҷмӯъ, шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ташкилоту муассисаҳо фаъолона ширкат намуданд. Дуюми сентябр дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят бо ҳузури фаъолон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид ва комиссияи вилоятӣ ҷараёни даври сеюми мусобиқаро натиҷагирӣ карда, беҳтаринҳоро бо нишони хотиравӣ, шаҳодатномаи ғолибият ва туҳфаҳои молию пулӣ қадрдонӣ намуд. Ҳамин тариқ, оилаи Сафаралӣ Ҳалимов — сокини кӯчаи Б. Иброҳимови шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи Бохтар «Оилаи намунавӣ», хонаи Исмоил Рустамов, воқеъ дар кӯчаи ­«Известия»-и шаҳри Норак — «Хонаи намунавӣ», маҳаллаи Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб — «Маҳаллаи беҳтарин», деҳаи Ваҳдати деҳоти «Фахробод»-и ноҳияи Хуросон — «Деҳаи беҳтарин», деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ — «Деҳоти беҳтарин», «Шаҳраки «Данғара»-и ноҳияи Данғара — «Шаҳраки беҳтарин», ноҳияи Ёвон — «Ноҳияи беҳтарин», шаҳри Қӯрғонтеппа — «Шаҳри беҳтарин» баҳогузорӣ гардиданд. Дар миёни ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ Раёсати минтақавии гумруки вилояти Хатлон ҳамчун «Идораи беҳтарин» шинохта шуд. Дар даври ҷумҳуриявӣ ин беҳтаринҳо ба аксари ҷойҳои аввал соҳиб гардиданд ва вилояти Хатлон «Вилояти беҳтарин» дониста шуд.

- Дар мавриди ҳар сол баргузор намудани мусобиқа чӣ андеша доред? Оё ташкили ин гуна мусобиқаҳо мувофиқи матлаб аст?

- Албатта, ҳама гуна сабқату чорабиниҳо манфиатбахшу омили бунёдкориҳои навбатианд. Тавоноиву иқтидор ва ба ҳам дӯсту иттифоқ ва бародар гардидани миллатҳои собиқ давлати шӯроҳо низ натиҷаи ҳамин гуна мусобиқаҳо буд. Мешунидем, ки фалон колхозу совхоз, муассисаву ташкилот ё худ фалон пешқадами истеҳсолот дар мусобиқаи умумииттифоқӣ ширкат варзида, ғолиб баромадааст. Соли гузашта мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят иди кишоварзон — «Меҳргон»-ро 15-уми декабр таҷлил намуд. Ба ин муносибат дар маркази вилоят — шаҳри Қӯрғонтеппа ҷамъомади васеи кормандони соҳаи кишоварзии вилоят баргузор гардид, ки дар он на танҳо пешқадамони соҳаи кишоварзӣ, балки соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят муайян шуданд ва беҳтаринҳо бо шаҳодатномаю сипоснома ва туҳфаҳои молии раиси вилояти Хатлон қадрдонӣ гардиданд. Комиссияи вилоятӣ зимни натиҷагирӣ нақши қалами 15 журналисти вилояту ҷумҳуриро дар рушду нумуи ҳаёти иқтисодию иҷтимоии вилоят хуб арзёбӣ намуда, лоиқи қадрдонӣ донист. Шахсан раиси вилоят Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ ба беҳтаринҳо ифтихорномаю сипоснома ва туҳфаҳои молиро супорид. Ин гуна чорабиниҳо воқеан ҳам мардумро ба ҳам наздик ва дӯсту тифоқ мегардонанд.

Вале, кӯшидан лозим аст, ки натиҷагирӣ дар зинаҳои мусобиқа воқеӣ ва шаффоф ба анҷом расонида шавад, вагарна чорабиниҳо сифату мазмуни аслии худро гум мекунанд ва аз онҳо манфиате ба даст намеояд.

- Маркази деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ бо иллати рух додани ду ҳодисаи офатовари табиии аввалу охири солҳои навади асри гузашта харобазорро мемонд, вале имрӯз шаҳраки ободе гаштааст…

- Шумо дуруст мушоҳида кардаед. Шунида будам, ки баъзе сокинони ин деҳот баъд аз вайрону валангор шудани хонаҳои хеш умеди зиндагиро гум карда, ба ҷойҳои бехавф кӯч бастаанд. Аммо дар ин радиф сокинони қавирӯҳи он камари нангу номусро қавитар баста, ба рафъ кардани оқибатҳои нохуш шурӯъ намуданд. Дар ибтидо бо дастгирии молиявии Ҳукумати кишвар ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияву вилоят дарёчаи осебовари дохили маркази деҳотро васеъ ва соҳилбандӣ карда, хавфи ба деҳа таҳдид намудани селобро аз миён бардоштанд. Сипас, ба амалҳои бунёдкорию созандагӣ оғоз бахшиданд. Ба ҷойи мактабҳои селбурдаю харобгардидаи маркази деҳот биноҳои хушсохти замонавии мактабҳои нав қомат афрохтанд ва хонандагон аз синфхона — вагонҳои фарсуда ба синфхонаҳои васеъ кӯчиданд. Роҳҳои селшуста асфалтпӯш ва иншооти соҳаи иҷтимоӣ навсозию таъмир карда шуданд. Соҳибкорон иншооти аз нигоҳи меъморӣ дилкашу диданибоб бунёд карда, ба ҳусни деҳот ҳусни тоза зам намуданд. Соҳибкори маъруф Аваз Кабиров шӯразори канори деҳаро тозаву поккорӣ карда, барои ҷавонон як варзишгоҳ бо 5 ҳазор ҷойи нишаст ва марказҳои гуногуни хизматрасонию савдо сохта, мавриди истифода қарор дод.

Ҳамчунин, аксари майдонҳои токзору боғоти куҳнаи аз ҳосилмонда бо навъҳои босифату серҳосил ва алалхусус бозоргиру содиротӣ иваз карда шуданд, ки ҳоло боровар гардидаанд. Ёдрас мешавем, ки дар замони шӯравӣ дар ин деҳот совхози машҳури ангурпарварии ба номи Ленин фаъолият менамуду ҳар сол 14 — 15 ҳазор тонна ангур истеҳсол мекард ва сифати шароби корхонаи шаробкашии хоҷагӣ бо тамъи хоси худ писанди мардуми шӯравӣ буд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон шахсан ба ободонии деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ диққати махсус зоҳир менамоянд. Зимни сафарашон ба ноҳияи Восеъ (30 октябри соли 2016) ба деҳоти мазкур ташриф оварда, навбати аввали роҳи мошингарди Восеъ-Ховалингро мавриди истифода қарор доданд, ба намунаи дастовардҳои хоҷагии халқи деҳоту ноҳия шинос шуданд. Дар деҳаи Меҳнатободи деҳот варзишгоҳ, майдони корти теннис, беморхонаи №3, маркази саломатӣ, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51-ро ба истифода доданд.

Боварӣ дорам, ки мардуми заҳматкаши деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва дар маҷмӯъ ноҳияи Восеъ, дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки зимни мулоқоту вохӯриҳояшон дар ин сафар доданд, сармашқи кору фаъолияти хеш қарор дода, дар оянда диёри худро боз ҳам ободу зебо мегардонанд.

- Ташаккур барои суҳбат.

 Мусоҳиб Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»