Дар партави Паёми Президент

Мужда аз фардои нек

№58 (3204) 03.06.2014

азимовйПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми кишвар минҷумла зикр намуд, ки Паёми навбатӣ дар давраи омодагӣ ба таҷлили 20- умин солгарди қабули аввалин Конститутсияи (Сарқонуни) Тоҷикистони соҳибихтиёр пешниҳод мегардад. Яъне, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз муҳим будани ин санаи фараҳбахши таърихӣ ёд намуда, қабули Сарқонунро ҳодисаи дорои аҳамияти бузурги сиёсӣ ва давлатдорӣ унвон кард. Дар Паёми имсолаи хеш Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таври амиқ, бо диди фарох ва аз нигоҳи таҳаввулоти навини ҷаҳон ва пешрафтҳои рӯзафзуни илмиву технологӣ масоили мубрам ва муҳими ҷомеаи кишварро мавриди таҳлил қарор дода, роҳҳои расидан ба рушду шукуфоӣ ва даст ёфтан ба зиндагии шоистаро барои мардум бозгӯйӣ намуд.

Паёми имсолаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби мардуми Тоҷикистон бо хушӣ истиқбол гардид. Он барои намояндагони ҳифзи ҳуқуқ, махсусан кормандони мақомоти прокуратураи кишвар, такони муҳим гардид, зеро дар Паёми хеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нигаронӣ аз вазъи риояи қонун ва тартибот дар байни ҷавонон ва ноболиғон ҳарф зада, чунин вазифагузорӣ намуд: «Бинобар  ин, зарур мешуморам, ки Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳатҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоии содиршавии ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳоро аз ҷониби ноболиғон ҳамаҷониба омӯхта, дар муддати шаш моҳ лоиҳаи қонун «Дар бораи асосҳои низоми огоҳкунӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон»- ро таҳия ва ба Ҳукумати кишвар пешниҳод намоянд».

Далелу рақамҳо ва нишондодҳои оморӣ дар самти қонуншиканӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ аз ҷониби ҷавонон, махсусан ноболиғон, бозгӯи он аст, ки оҷилан андешидани чораву тадобири муассир дар ин самт тақозои замон аст. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин зикр намуд: «Риоя ва иҷрои қонун, на танҳо масъулияти баланди шаҳрвандиро тақозо менамояд, балки назорати доимии давлатиро низ талаб мекунад». Мо — кормандони мақомоти прокуратура супоришу дастурҳои Сарвари давлатро, ки дар Паём баён шудааст, сармашқи кори худ намуда, назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро тақвият мебахшем, ҷиҳати таъмини волоияти қонун ва иҷрои бечунучарои он аз ҷониби ҳама ашхоси ҳуқуқӣ ва шаҳрвандон минбаъд низ ҳамаи чораҳои пешбиникардаи қонунро бо масъулияти баланд ва поквиҷдонона амалӣ менамоем.

Аз ҷониби кормандони прокуратураи назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 2 майи соли 2014 чорабинии хотирмоне ҷиҳати омӯзиш ва дар амал татбиқ намудани нишондодҳои Паёми имсолаи Сарвари давлат баргузор гардид. Масъулини мақомоти прокуратура изҳор доштанд, ки роҳбарияти мамлакат ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боварии комил дорад, аз ин рӯ, дар роҳи иҷрои нуктаҳои Паёми имсола бояд тамоми дониш ва малакаву маҳорати касбии хешро сарф намуд. Роҳбари давлат дар назди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифаҳои нав ва супоришҳои ҷиддӣ гузоштааст, ки амалӣ намудани онҳо масъулияти баланди тахассусӣ ва донишу маҳорати волоро талаб доранд. Аз ин рӯ, ҳар як корманди мақомоти прокуратура бояд бо неруи тоза ва ҷаҳду талоши бештар фаъолият намояд. Вазъияти кунунии ҷаҳон ва минтақа бисёр печида ва пур аз ноамниву ихтилофоти сиёсиву қудратхоҳӣ аст. Бо дарки амиқ ва ҳамаҷонибаи вазъияти нобасомони ҷаҳони муосир Президенти кишвари мо ҳамчун раҳнамо ва пешвои хирадманди миллат дар Паёми имсолаи хеш чунин зикр намуданд: «Таҳаввулот ва тағйироти торафт афзоянда дар арсаи байналмилалӣ, ки аксари онҳо натиҷаи бархӯрдҳои бесобиқа ва пуршиддати манфиатҳои неруҳои абарқудрат ва бозигарони муҳимтарини саҳнаи сиёсати ҷаҳонӣ мебошанд, таҳияи самтҳо, ба ҳисоб гирифтани ҷузъиёт ва омилҳои сершумору мухталифи ин раванди мураккабу пуртазодро барои муайян намудани масири аслӣ ва муҳтавои матлуби сиёсати хориҷии кишвар душвор месозанд, ки он ҳам ҷавобгӯи манфиатҳои олии миллату давлат ва ҳам ба равандҳои асосии рушди равобити байналмилалии муосир созгор бошад».

Хулосаи мантиқӣ ин аст, ки мо бояд ба хотири манфиатҳои  кишвари хеш ба ҳар як падида, омилу ҷузъиёти он муносибати боэҳтиёту ҳушёрона дошта бошем ва ҳеҷ гоҳ зиракӣ ва хиради сиёсиро аз даст надиҳем. Тибқи нишондодҳои Паём ва дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат, аз ҷониби прокуратураи назорати иҷрои қонун дар муассисаҳои ислоҳӣ нақшаи чорабиниҳо таҳия гардидааст, ки мо дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ баҳри иҷрои бечунучарои он кӯшиш ва ҷаҳду талош менамоем. Бояд ҳамагон дар пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллии саросарӣ, рушду шукуфоии бештари сарзамини биҳиштосоямон ҷаҳду талош дошта бошем. Паёми Президент ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ ва стратегӣ аст, ки омӯзиши ҳамаҷониба, риоя ва амалӣ намудани нишондодҳои он вазифаи ҷонӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳам мақомоти давлатӣ ва ҳар фарди худшиноси Тоҷикистон аст.

Толибхон АЗИМОВ, прокурори назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, мушовири адлияи дараҷаи 1