На ҷӯйбор дорему на пиёдараҳ

№43 (3680) 22.04.2017

Мо — сокинони деҳаҳои деҳоти ба номи Мирзоалӣ Вайсов ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҷдид ва азнавсозии шоҳроҳи Восеъ — Ховалинг, ки зиёда аз 15 километри  он аз дохили деҳоти мо мегузарад ва ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум мусоидат мекунад, изҳори миннатдорӣ менамоем. Сокинони деҳаҳо аз фаъолияти роҳсозон розиянд. Аммо баъди таҷдид ва азнавсозии шоҳроҳ дар маҳаллаҳо чанд мушкил пеш омадааст, ки бартараф намудани онҳо зарур аст:

1. Дар деҳаи Кадучӣ чор муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, се маркази саломатӣ, як беморхона мавҷуд аст, ки ба зиёда аз 12 ҳазор нафар аҳолӣ хизмат мерасонанд. Роҳи пиёдагарди аз нав баркароршуда имконияти дар он озодона рафтуомад кардани хонандагон ва аҳолиро надорад. Сангу шағали ба як тарафи роҳи пиёдагарди деҳаи Кадучӣ рехташуда дар рӯзҳои боронӣ ба пиёдараҳ рехта, барои рафтуомад мушкил эҷод мекунанд. Хуб мебуд, ки роҳи пиёдагард дар паҳлуи роҳи мошингард сохта мешуд, зеро хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар фасли баҳору зимистон бо сабаби об ҷамъ шудан дар пиёдараҳ аз ноилоҷӣ бо роҳи автомобилгард рафтуомад менамоянд.

2. Ҷӯйбори дохили деҳаи Кадучӣ маҳкам карда шудааст. Дар натиҷа, аҳолӣ китъаҳои замини наздиҳавлигиро об дода наметавонанд. Ҳамчунин, об ба хоҷагиҳои деҳконӣ бинобар сабаби маҳкам будани кубур ҷорӣ намешавад.

3. Дар деҳаи Чорбоғ то ҳол канали хоҷагиҳоро аз сангу шағал тоза накардаанд. Инчунин, як кисми латокҳо пайваст ва роҳи пиёдагард баркарор нагардидааст.

4. Кӯпруки деҳаи Кадучӣ ҳанӯз ҳам аз нав сохта нашудааст.

5. Зиёда аз 400 метр латокҳо зери сангу шағал мондаанд. Ҳол он ки аксари онҳо коршоям буда, дар ҷойи дигар истифода бурданашон мумкин аст.

Оид ба масъалаҳои мазкур чанд маротиба ба роҳбарони ширкати роҳсозӣ, Вазорати наклиёт, маркази лоиҳа муроҷиат намуда будем, аммо бефоида. Шояд баъди чопи номаи мо масъулон ба ин масъалаҳо таваҷҷуҳ зоҳир кунанд?

Бо арзи эҳтиром,

А. Тағоев,

Р. Сафаров,

Н. Исмоилов,

С. Азимов,

Ҷ. Саидов,

сокинони деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ