Даъват ба хизмати ҳарбӣ - 2017

Нақша иҷро шуд

№125 (3762) 21.10.2017

Дар ноҳияи Спитамен нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар даҳрӯзаи аввал иҷро гардид.

Комиссари ҳарбии ноҳия подполковник Расулҷон Абдуллозода гуфт, ки ҷавонони мо хизмат ба Ватан-Модарро ҳамчун қарзи шаҳрвандӣ хуб дарк кардаанд. Аз ин ҷост, ки аксарият ба комиссариати ҳарбӣ ихтиёрӣ ҳозир шуданд.

- Онҳо хуб фаҳмидаанд, ки имрӯз дар қисмҳои ҳарбии ­мамлакат шароити хизмат, имкониятҳои фароғатию истироҳатӣ хеле беҳ гардидааст, — гуфт мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Спитамен Пирмуҳаммад Пирзода.

Ҳусейни Назрулло,

«Садои мардум»