Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Вазорати корҳои дохилӣ Шабакаи мутамаркази камераҳои видео ва аксбардории роҳҳои шаҳри Душанберо дар доираи татбиқи марҳилаи якуми Лоиҳаи инноватсионии «Шаҳри бехатар» (31 октябри соли 2013) расман ба кор даровард. Сарвари давлат ба ин муносибат зимнан дастур дод, ки санадҳои қонунгузориро ба талаботи низоми нав мутобиқ намоянд ва воситаҳои ахбори омма фаъолияти Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт «Шаҳри бехатар»-ро ҳамаҷониба шарҳ диҳанд.
Бо ин мақсад хабарнигорамон бо сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал- майори милитсия Маҳмадсаид Саидов мусоҳиб гардид.
- Маҳмадсаид Боронович, марҳилаи якуми Шабакаи мутамаркази камераҳои видео ва аксбардории роҳҳои шаҳри Душанбе (Лоиҳаи инноватсионии «Шаҳри бехатар») ифтитоҳ шуд. Ҳадафи асосии татбиқи ин Лоиҳа аз чӣ иборат аст?
-Дар шароити дастрасии технологияҳои нави коммуникатсионӣ зарурат пеш омад, ки маҷмааи таҷҳизоти барномавӣ барои ба таври худкор ба қайд гирифтани вайронкуниҳои қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва назорати тартиботи ҷамъиятӣ амалӣ карда шавад.
Бо ин мақсад дар асоси дархости Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ширкати «Хуавей»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой Лоиҳаи «Низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт «Шаҳри бехатар» коркард шуд.
Лоиҳаи мазкур ба бартарафсозии маҷмӯи мушкилот дар раванди беҳдошти ташкили ҳаракат дар роҳ, назорати доимӣ аз рӯйи ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва тартиботи ҷамъиятӣ дар кӯчаю хиёбонҳои автомобилгард ва ҷойҳои ҷамъиятии шаҳри Душанбе мусоидат хоҳад кард.
-Марҳилаи якуми ин Лоиҳа кадом қисматҳои шаҳрро фаро мегирад? Натиҷаҳои аввали фаъолияти шабакаи мутамарказ чӣ гунаанд?
-Айни замон сохтмони Маркази идоракунӣ, чароғакҳои роҳнамо ва камераҳои банаворгирии марҳилаи аввал, ки 20 чорроҳаро аз Фурудгоҳи шаҳри Душанбе то чорроҳаи Рӯдакӣ- Амиршоев дар бар мегирифт, анҷом ёфта, мавриди истифода қарор гирифтааст. Инчунин барои таҳти назорат гирифтани тартиботи ҷамъиятӣ дар мавзеъҳои Боғи ба номи устод Рӯдакӣ, «Нишони давлатӣ», «Парчами давлатӣ», майдони «Дӯстӣ» ва Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе камераҳои назоратӣ насб шудаанд.
Натиҷаҳои аввали фаъолияти низоми худидоракунии нақлиёт ва тартиботи ҷамъиятӣ -«Шаҳри бехатар» аз рӯзи ба истифода супоридани он, яъне 1 ноябр то 20 декабри соли равон чунинанд: Тавассути политсияи электронӣ зиёда аз 100 ҳазор вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ошкор гардида, аз он 6185-то баррасӣ гардида,4899 нафар ҷаримабандӣ карда шуд. Аз ҳисоби ҷаримаҳо ба буҷети давлат 761840 сомонӣ маблағ ворид гардид. Инчунин 150 далелҳои вайронкунии тартибот дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба қайд гирифта шуд. Ҳамзамон дар 11 далелҳои садамаҳои роҳу нақлиётие, ки дар минтақаҳои зери назорат содир шудаанд, шахсони гунаҳкори ин ҳодисаҳо муайян гардиданд. Якчанд далелҳои аз ҷойи ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ ғайб задани ронандагон тариқи сабти камераҳои банаворгирӣ ошкор ва ба мақомоти таҳқиқ ирсол карда шуд.
- Тавассути камераҳои видео ва аксбардорӣ ба ҷуз ҳаракати нақлиёти автомобилӣ дигар ҳолатҳои қонунвайронкунӣ, аз ҷумла тартиботи ҷамъиятӣ низ назорат ва ба қайд гирифта мешаванд?
-Бале, ба ҷуз ҳаракати нақлиёти автомобилӣ ҳолатҳои қонунвайронкунии тартиботи ҷамъиятӣ низ назорат ва ба қайд гирифта мешавад. Дар ҷойҳои ҷамъиятии шаҳри Душанбе 855 адад камера, аз ҷумла 200 адад камераи имконияти функсияҳои зиёддошта ва 655 адад камераи стандартӣ насб мешавад.
Тариқи маҷмааи назорати видеоӣ, вайронкуниҳои тартиботи ҷамъиятӣ ба навор гирифта, бо сабти вақт, ҷойи содиршавии ин қоидавайронкуниҳо ба маркази идоракунӣ дода мешавад, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ин наворҳоро метавонанд ҳамчун далели шайъӣ истифода баранд.
Мувофиқи Лоиҳаи мазкур, инчунин дар 12 нуқтаи роҳҳои даромад ба шаҳри Душанбе таҷҳизоти махсус насб мегардад, ки ҳангоми воситаҳои нақлиёти дар кофтуковбуда аз ин нуқтаҳо гузаштан акс ва шахсони дохили он, вақт, ҷойи гузариш, рақами қайди давлатии воситаи нақлиёт сабт шуда, ба Маркази идоракунӣ тариқи таҷҳизоти электронӣ пешниҳод мешавад.
-Ин тарзи идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт низоми нав мебошад. Тамоми ҳолатҳои вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳою хиёбонҳо сабт мешаванд ва онҳо ҳамчун далели шайъӣ барои муҷозот истифода мегарданд. Оё вобаста ба ин навгонӣ ба санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда мешаванд?
-Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон санади нав- Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22 июли соли 2013 таҳти №975) қабул карда шуд. Дар моддаи 87-уми Кодекси мазкур омадааст, ки ҳангоми ошкор гардидани қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ тариқи политсияи электронӣ нисбати вайронкунандагони қоидаҳои ҳаракат дар роҳ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода намешавад.
Мутобиқи қисми 3 моддаи мазкур дар ин ҳолат ба соҳиби воситаи нақлиёт расми сабти видеои ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ бо амрномаи намунаи муқарраргардида бо зикри андозаи ҷаримаи маъмурии таъиншуда фиристонида мешавад.
-Татбиқи марҳилаҳои минбаъдаи Лоиҳаи инноватсионии «Шаҳри бехатар» чӣ гуна сурат мегирад?
-Дар марҳилаи дуюми Лоиҳаи инноватсионии «Шаҳри бехатар» сохтмони иншоотҳои чароғакҳои роҳнамо ва политсияи электронӣ, инчунин насби таҷҳизоти банаворгирӣ дар 50 чорроҳаи шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст. Айни замон дар 28 нуқтаи банақшагирифтаи Лоиҳаи мазкур корҳои сохтмонӣ идома дошта, ҷойҳои гузоштани сутунҳои политсияи электронӣ канда, таҳкурсиҳо рехта шуданд. Аз он дар 20 нуқта сутунҳои Е- полис гузошта шуда, барои гузаронидани ноқилҳои барқиву нахи нурӣ қубурҳои полиэтилению оҳанин зери замин хобонида шуданд.
Мақсади татбиқи ин Лоиҳа ба риояи талаботи қонуният ва тартиботи ҷамъиятӣ водор намудани шаҳрвандон, пешгирии садамаҳои нохуши нақлиёт дар роҳҳо мебошад.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»