Набояд бетараф буд

№83 (3384) 18.06.2015

terorizm1Терроризм танҳо куштор ва харобкорӣ нест, аз ҳама фоҷиаи бузург барои инсоният ин терроризми маънавист. Маҳз ҳамин шакли терроризм барои мустаҳкам гардидани дигар шаклҳои он замина мегузорад. Яъне, ба воситаи пахши хабарҳои зараровар таъсир расондан ба ҷавонон, таълими зиддиинсонии онҳо, омӯзиши китобҳои хилофи тарбияи ахлоқӣ, намоиши филмҳои зӯроварӣ метавонад аз қалби наврасон ва ҷавонони дунёбехабар раҳму шафқат ва меҳру муҳаббатро нест кунад.  Аз тарафи дигар, ба рӯҳу ҷисми оммаи васеи мардум зарбаҳои ҳалокатовар мезанад ва одамон ба ояндаи худ эътимод намекунанд, дар оғӯши тарсу ҳарос зиндагӣ менамоянд. Ин зуҳуроти фалокатовар ба тамоми инсоният таъсир мерасонад.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз ин мушкилот дар Паёми имсолааш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуд:

«Ҳамаи ин воқеияту рӯйдодҳо ҳақиқатеро таъкид менамоянд, ки мушкилоти аср ва таҳдидҳои нав ба тамаддуни башарӣ мунтазам афзоиш ёфта, амнияти давлатҳои хурду бузурги олам ва ҳатто тақдири тамоми аҳли башарро бо хатарҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтаанд.

Ин ҳодисаҳо бори дигар исбот намуданд, ки терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст».

Ҷойи таассуф аст, ки ҳар сол садҳо воқеаҳои фоҷиабор аз ҷониби террористон сар мезанад ва билохира сару садоҳо баланд мешавад, ки ҳамаи ин бедодгарӣ аз ҷониби мусулмонон рух додааст.  Аммо агар ба таърихи гузаштаи дини мубини Ислом назар афканем, мебинем, ки мусулмонон аз рӯзи пайдоиши дини мубини Ислом то ба имрӯз барои тамаддуни инсоният саҳми босазо гузоштаанд.

Имрӯз тоифае ба хотири аҳдофи гурӯҳӣ дини мубини Ислом ва бародарону хоҳарони мусулмони худро бадном мекунанд. Дигар замони бетарафӣ нест. Агар ҷомеаи имрӯзаи мо бетарафӣ ихтиёр кунад, садҳо ҷавонони аз асли ҳақиқат ноогоҳ гирифтори фиребу мак-ри чунин гурӯҳҳо мегарданд. Барои пешгирии ин фоҷиаи бузург ва ҷалб нагардидани ҷавонон ба дастаҳои хуношом ҳар як фарди солимақл бояд ранҷ бикашад. Хоса падару модар ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ бояд фаъол бошанд.

Бештар аз он тааҷҷуб мекунам, ки ниёгонамон аз мазҳаби Имоми Аъзам пайравӣ мекарданду имрӯз байни мо олимону донишмандоне ҳастанд, ки фармудаҳои Имоми Аъзамро хуб медонанд, аммо дар муқобили як ваҳҳобӣ, як салафӣ, як таҳрирӣ ва ғайра лол мемонанд. Нафаре оёти Каломи Рабонию ҳадисҳои Расули Акрамро таҳриф мекунад, ҷавононро ба пайроҳаи ноошно ҳидоят менамояд, аммо олимони мо бо риояи мақоли халқии «даҳони баста, сад тилло» хомӯш меистанд. Тамошогаре беш нестанд. Даъвои онро надорам, ки уламои мазҳаби мо бо эшон даст ба гиребон шаванд, танҳо мехостам, ки онҳо бо оёту ҳадис, бо далелу бурҳони қавӣ чунин ашхоси пархошҷӯйро ба ҷойи худ «шинонанд». Танҳо ба хотири сулҳу оромии кишвар ва оламу одам. Бояд уламои мазҳабии мо ин ҳадиси Расули Акрамро (дуруд ба равони покаш) ҳамеша ёд дошта бошанд: «Он касе, ки дар миёни мардум сулҳ мекунад ва хабари нек мерасонад ё дар бораи некиҳо сухан мегӯяд, шахси дурӯғгӯ нест» («Саҳеҳ-ал-Бухорӣ», ҷилди 2). Сарвари давлат дар Паёми имсолаи худ ёдовар мешаванд: «Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте бо дин, аз ҷумла бо дини мубини Ислом надорад ва бо истифода аз номи Ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад.

Ман ин масъаларо дар чорабиниҳои сатҳи олӣ, аз ҷумла аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид борҳо иброз дошта будам ва имрӯз бори дигар изҳор менамоям, ки номи поки исломро бо зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм олуда кардан иштибоҳи маҳз аст».

Бояд инсон дидаи ибратбин дошта бошад. Аз дидаву шунида ибрат бигирад, то дар гирдоби ҳаводиси рӯзгор ғарқ нагардад. Насли наврас ба мисли навниҳоле аст ва онро ба кадом тарафе тоб диҳӣ, майл мекунад. Вазифаи насли калонсол аст, ки ин ниҳолаконро росту сарсабз тарбия намоянд.

Фарзанди нохалаф боиси хиҷолати волидайн, аҳли як маҳалла ё шаҳру деҳ ва дар маҷмӯъ кишвар  мегардад. Бузурге фармудааст:

Падар хиҷлат кашад з-аъмоли ношоистаи фарзанд,

Хатое чун зи тир ояд, камон бар хеш мепечад.

Набояд фаромӯш кард, ки «оби рехтаро ғундошта намешавад». Баъди он ки ҷавоне даст ба кирдорҳои номатлуб зад, одамкушию харобкориро пешаи худ кард, дигар афсӯсу надоматҳо суде намеорад. Чандин ҷавони тоҷик дар мулки бегона барои аҳдофи гурӯҳе ҷон доданд. Мо онҳоро мазаммат мекунем, санг мезанем, аммо гуноҳи худро нодида мегирем. Мо, насли калонсол, бояд, пеш аз ҳама, худро мавриди муҳокима қарор диҳем.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»