Намоиши китоб дар Хатлон

№85 (4035) 16.07.2019

6 июли соли ҷорӣ бо дастгирии Мақомоти ­иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар назди Театри мусиқӣ – мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар аз тарафи нашриёти «Адиб» намоиш ва фурӯши китоб баргузор ва ба алоқамандону дӯстдорони каломи бадеъ 8 ҳазор нусха китоб пешниҳод карда шуд.

Дар ҷамъомад адибону шоирон ва ходимони илму фарҳанги ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.

Дӯстдорони каломи бадеъ китобҳои интихобнамуда­ашонро бо нархҳои дастрас харидорӣ намуда, аз муаллифони асарҳо, ки бархе аз онҳо ҳузур доштанд, соядаст гирифтанд.

Сулаймон Султонов, «Садои мардум»