Намунаи ибрат барои мардуми сайёра

№82-83 (4665-4666) 23.06.2023

Тоҷикон баъд аз солҳои зиёд — соли 1991 пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ Истиқлолияти давлатӣ ба даст оварданд, вале  ин туҳфаи арзишманди таърихӣ бо сабабҳои зиёд,  пеш аз ҳама, оғуштаи дасисабозии  бегонагон гашт. Бародарро зидди бародар шӯронда, Ватани моро ба хоку хун оғушта сохтанд. Бар асари муноқишаҳои дохилӣ 150000 нафар ба ҳалокат расиданд. 1,5 миллион нафари дигар, ба кишварҳои  ҳамсоя муҳоҷир шуданд. Баъзе минтақаҳои мамлакат ба харобазор мубаддал гардида, хатари пароканда шудани миллату давлати тоҷикон таҳдид мекард.

 Ба бахти миллати тоҷик дар чунин як марҳилаи душвор Роҳбари дурандешу қавиирода, худшиносу ватанпараст муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сари қудрат омаданд. Барои ҳифзи арзишҳои милливу давлатӣ пойдории Истиқлолияти давлатӣ, фарҳангу тамаддуни миллат талошҳои зиёд намуданд. Пеш аз ҳама, мардуми дар Ватани худ парешонгаштаро, ки бо фиребу найранги бадхоҳони миллат зидди ҳам сангар гирифта буданд, муттаҳид сохтанд ва миллатро ба ваҳдату ягонагӣ расонданд.

Пас аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки ташаб­бускори он  Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, Тоҷикистон ба марҳилаи нави давлатдорӣ ворид гардид.

Дар ин  муддат  дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла илму маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, варзиш, сайёҳӣ пешравии чашмрас ба вуҷуд омад. Иншооти наву замонавӣ бунёд ва фаъолияти муассисаҳо эҳё шуданд. Сатҳи таълим ва хизматрасонии тиббӣ  беҳтар гардиданд. Ба хотири ҳифзи мероси пурғановати ниёгонамон ва ба ҷаҳониён сазовор муаррифӣ намудани он иқдомоти қобили мулоҳиза амалӣ гардид.

Боғу гулгаштҳои фарҳангӣ бунёд шуда, барои истироҳату фароғати мардум шароити хубу созгор фароҳам омад. Корхонаҳои зиёди саноатӣ  бунёд шуданд, ки мардум бо ҷойи кори мувофиқ таъмин гардида, истеҳсолот бесобиқа рушд кард.

Чунин бунёдкорӣ муттасил буда, ин боварии моро ба ояндаи накуи кишварамон беш аз пеш меафзояд. Муҳимтар аз ҳама, ҳоло дар тамоми ҷаҳон Тоҷикистон ба ҳайси як кишвари рӯ ба тараққӣ шинохта шудааст.

 Агар кӯшишҳои Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон намешуд, мо ба чунин дастовардҳои назаррас ноил намешудем. Ҳоло таҷрибаи ваҳдатофариву бунёдкории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мардуми сайёра меомӯзанд.

Илова бар ин, Тоҷикистон дар ҷаҳон ташаббускори ҳалли масоили глобалӣ эътироф шуда, давоми соҳибистиқлолии мамлакат панҷ ташаббус аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид бо иттифоқи оро пазируфта шуда, Роҳбари давлати Тоҷикистон бо ташаббусҳои наҷиб ба ҳайси сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ маъруфу муътабаранд. 

Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,

«Садои мардум»