Навидҳо аз кишвар

№100 (3085) 05.08.2013

Таваҷҷуҳ ба рушди маънавии ҷомеа

Дар ҳошияи суханронии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони аҳли ҷомеаи кишвар дар Мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Хоруғ  бо намояндагони табақаҳои ҷомеа – ҷавонон, занон, аҳли зиё, халифаҳо, собиқадорони меҳнат ва роҳбарони марбутаи сохторҳои давлатии шаҳру вилоят бо иштироки раиси вилоят Қодири Қосим ва иҷрокунандаи вазифаи  раиси шаҳри Хоруғ Фаромӯз Имомбердиев мулоқоти судбахш доир гардид.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хоруғ Фаромӯз Имомбердиев дар суханрониаш аз зиндагии халқи тоҷик дар фазои сулҳу оромӣ, якдигарфаҳмӣ ва ризоияти  миллӣ изҳори саодатмандӣ ва шукргузорӣ карда, аз мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони аҳли ҷомеаи мамлакат ёдовар шуд. Ин мулоқот далели он аст, ки таваҷҷуҳи Роҳбари давлат нисбати рушду такомули маънавиёти ҷомеа хосаву беандоза аст.

Хурсанд Қосимов — халифаи маҳаллаи Носири Хусрави шаҳри Хоруғ, Назрӣ Офаридаев — ноиби ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, Шамшер Холиқназаров ва Акобир Парпишоев — собиқадорони меҳнат, Лаълҷубаи Мирзоҳасан — сардори бахши бадахшонии Иттифоқи нависандагон ва О. Рустамова — сокини шаҳри Хоруғ мулоқоти Президенти кишварро бо аҳли ҷомеа саривақтию дорои аҳамияти хоса арзёбӣ намуданд.

Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»

 

Бунёди корхонаи дӯзандагӣ

Бо иқдоми соҳибкори маҳаллӣ Бобохоҷа Мирзоев дар ноҳияи Ёвон бунёди корхонаи дӯзандагӣ бомуваффақият идома дорад. Соҳибкор ин амали некро ҷавобан ба даъвати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва ба ин восита муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ амалӣ менамояд. Имрӯзҳо дар ин бино корҳои сохтмонӣ идома доранд. Дар ин корхонаи истеҳсолӣ оянда беш аз 50 нафар ҷавондухтарони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор хоҳанд шуд. Дар назар аст, ки корхонаи нав то рӯзи ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мавриди истифодабарӣ қарор мегирад.

Аз омӯзгорон миннатдоранд

Аз номи чор нафар хатмкардаҳои литсейи №1-и шаҳри Сарбанд, ки дар мактабҳои олии Федератсияи Россия ба ҳайси донишҷӯ қабул гардидаанд, ба унвонии роҳбарияти литсей ва омӯзгорони он барқия омад. Дохилшавандагон дар барқияи худ ба ҳайати омӯзгорон барои дониши мукаммали ба шогирдон додаашон, ки имкон дод онҳо ба мактабҳои олии хориҷи кишвар бе мушкилот дохил шаванд, арзи сипосу миннатдорӣ баён намудаанд. Соли таҳсили ҷорӣ литсейи мазкурро 51 нафар толибилмон хатм намуданд. Аз онҳо ду нафар, аз ҷумла Мастонаи Хуршед ва Аҳрори Алӣ ҳамчун ғолибони олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ба факултетҳои журналистикаю ҳуқушиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуданд. Ҳашт нафари дигар бошад, тибқи квотаи президентӣ донишҷӯйи мактабҳои олии ҷумҳурӣ гардиданд.

Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум»

 

Дастоварди варзишгарони вилоят

Чанде пеш дар ноҳияи Кибрайи Ҷумҳурии Ӯзбекистон мусобиқаи варзишии Осиё оид ба дастхобонӣ баргузор гардид.

Дар ин мусобиқа  350  нафар  варзишгарон аз  ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Покистон, Ҳиндустон, Муғулистон, Ҷопон, Кореяи шимолӣ, Қазоқистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон иштирок намуданд.

Ҳайати дастаи кишвари мо, ки аз 80 нафар варзишгар иборат буд, ба гирифтани 11 медали тило, 19 нуқра ва 36 медали биринҷӣ ноил гардид.

 

Сипоснома ба ғолибони олимпиадаҳо

Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба 83 нафар хонандагоне, ки дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ҷойҳои ифтихориро соҳиб шудаанд, сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро тақдим кард. Мавриди зикр аст, ки дар соли хониши 2012-2013 дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявии фаннӣ, даставӣ ва фосилавӣ 188 нафар хонандагон аз муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуда, 111 нафар ба гирифтани ҷойҳои фахрӣ, 15 нафар ба гирифтани ифтихорнома ва тавсияномаҳои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, даҳ нафар ба гирифтани роҳхат барои дохилшавӣ ба мактабҳои олии кишвар ноил гардиданд.

Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум»