Наврӯз дар ақсои олам

№36 -37 (4142 - 4143) 21.03.2020

Наврӯз нисбат ба дигар идҳо ҷаҳонитар гаштааст. Алҳол онро аз сарзамини тулӯи офтоб то кишварҳое, ки хуршед ғуруб мекунад, ҷашн мегиранд. Дар зер барои намуна аз чанд давлате ёдрас мешавем, ки Наврӯзро ботантана таҷлил менамоянд.

 Ироқ

ИрокҶашни Наврӯз дар Ироқ аз 21 март оғоз мешавад ва мардум 5 рӯз ба таътил мебароянд. Аз ҳама пештар дар ин кишвар курдҳо ба таҷлили Наврӯз мепардозанд. Онҳо рӯзи ид ба хонаҳо барои изҳори тасаллият мераванд, ки азизеро аз даст додаанд.

Эзадиҳо, ки дар шимоли Ироқ зиндагӣ мекунанд, суннатҳои наврӯзиро ба ҷо меоранд. Наврӯз барои онҳо ҳамон Чаҳоршанбеи сурӣ аст, ки «Чаҳоршанбеи сур» ё «Чаҳоршанбеи сурх» меноманд. Мардуми ин минтақа дар Наврӯз тухми мурғро ранг мекунанд. Онҳо бовар доранд, ки замин мисли тухми мурғ аст ва бо ранг кардани онҳо дунё рангину зебо мегардад.

Яке аз суннатҳои мардуми Ироқ ин аст, ки шаби Наврӯз хамир дуруст мекунанд ва дар миёни он гулеро, ки аз дашт чида овардаанд, мегузоранд. Онҳо бовар доранд, ки бо ин корашон баҳорро ба хона меоранд.

Дар рӯзҳои Наврӯз занони курд ва эзадӣ барои хайрот ноне ба номи «Сӯг» мепазанд.

 Қазоқистон

КазокистонДар Қазоқистон Наврӯзро низ ба таври хос истиқбол мегиранд. Қазоқҳо бовар доранд, ки дар ин рӯзҳо ситораҳои осмон ба нуқтаи ибтидоӣ мерасанд, ҳама ҷо тоза мешавад ва зиндагӣ аз нав оғоз мегардад. Дар натиҷа, хайру баракат ба замин мерезад ва ҳама ҷоро шодмонӣ фаро мегирад. Дар ин кишвар аз 21 то 24 март ниҳодҳои давлатӣ ба таътил мебароянд.

Қазоқҳо дар шаби Наврӯз арӯсак (лӯхтак) ё хӯса сохта, дар гарданаш зангӯла меовезанд, онро ба болои аспе насб мекунанд ва раҳо месозанд. Вақте асп ба ҳаракат меояд, зангӯла ба садо медарояд. Мардум бо ин садо аз хоб бедор мешаванд ва онро навиди наврӯзӣ медонанд. Суннати дигари мардуми қазоқ дар ин рӯзҳо он аст, ки ду шамъро фурӯзон мекунанд ва мутмаинанд, ки бо ин кор рӯшаниро тамоми сол дар хонаи худ нигоҳ медоранд.

Покистон

ПокистонПокиза кардани хона, пӯшидани либоси нав, таҳия намудани анвои ширинӣ, туҳфа додан дар расму оини наврӯзии покистониҳо низ роиҷ аст. Покистониҳо дар Наврӯз омода кардани шириниҳоро дӯст медоранд. Шириниҳо, аз қабили ладу, гулоби ҷомун,  раси муллоӣ, барфӣ, шакарпора, суҳон ҳалво хони наврӯзиашонро зеб медиҳанд.

Яке аз корҳои муҳиме, ки дар Наврӯз мардуми Покистон анҷом медиҳанд, парҳез кардан аз гуфтори носазо мебошад. Онҳо ба ин амал сахт пойбанд ҳастанд. Расм аст, ки шоирони покистонӣ дар айёми Наврӯз бо забонҳои дарӣ, урду ва арабӣ шеър эҷод карда, барои мардум мехонанд ва бо ин кор ба Наврӯз шукӯҳ мебахшанд.

Ҳиндустон

ХиндустонҶашни Наврӯз дар Ҳиндустон бештар дар миёни порсиён машҳур аст, ки дар марказ ва шимоли ин кишвар ба сар мебаранд. Онҳо бо фаро расидани Наврӯз хонаҳояшонро тамиз мекунанд, либоси нав мепӯшанд, сабзаи наврӯзӣ мегузоранд.

Дар ин кишвар зардуштиён низ умр ба сар мебаранд, ки Наврӯзро ба таври хос таҷлил мекунанд.

 Танзания

ТанзанияНаврӯзро дар Африка низ ҷашн мегиранд. Таърихшиносон муайян кардаанд, ки гурӯҳе аз мардуми Шероз бо сабабе ба Танзания ҳиҷрат кардаанд. Онҳо ба он сарзамин расму оини худ, аз ҷумла, ҷашни Наврӯзро, бурдаанд.

Далели таърихии дигар вуҷуд дорад, ки вақте англисҳо Танзанияро мустамлика карданд, гурӯҳе аз мардуми форсизабонро, ки дар Гуҷароти Ҳиндустон зиндагӣ мекарданд, ба он ҷо фиристоданд. Ин чиз боис гашт, ки расму оини наврӯзӣ дар он гӯшаи Африка рушд намояд. Дар давоми асрҳо муҳоҷирон бо бумиён омехтанд ва боис гашт, ки онҳо низ Наврӯзро ҷашн гиранд.

Таҳияи Марҷонаи ЮСУФ, таҷрибаомӯзи рӯзномаи «Садои мардум»