Неруи дастаҷамъӣ

№ 13.05.2015

он қодир аст,  ки ҳама гуна хатарро пешгирӣ намояд

 Бо мақсади санҷиши ногаҳонӣ оид ба  омодабошии ҷузъу томҳои қувваҳои муштараки вокуниши Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ 12 майи соли равон аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ишора дар бораи омодагии ҷангӣ дода шуд. Баъдан аз 12 то 15 майи соли равон тавассути марзҳои  заминию ҳавоӣ бо теъдоди бештар аз ду ҳазор хизматчиёни ҳарбӣ аз Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Беларус, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон шуданд. Ҳамзамон дар ин замина 20 адад авиатсияи зарбазан, 30 адад ҳавопаймо ва чархболҳои ҳарбии  нақлиётӣ, 200 техникаи зиреҳпӯши ҷангию автомобилӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуданд.

Аз рӯи нақша ва мақсади баргузор намудани санҷиши ногаҳонӣ ҷузъу томҳо дар минтақаҳои марзӣ мавқеи худро ишғол намуда, вобаста ба муҳит ва шароити ҷуғрофӣ ба таҳдиди хатарҳои эҳтимолӣ машқҳои гуногуни низомӣ доир намуданд.

Паҳноии амалиёти мазкур минтақаҳои марзии қисмати ҷанубу шарқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳудуди ноҳияҳои Шаҳритуз, Панҷ, Кӯлоб, Мир Сайид Алии Ҳамадонию Фархор, Шӯроободу Дарвоз фаро гирифт.

Фаъолияти ситоди муштарак ва идораи ҷузъу томҳои ба он ҷалбгардида вобаста ба доир намудани амалиёти зиддитеррористӣ ба уҳдаи ҳайатҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор буд. Санҷиши омодабошии ҷангии қувваҳои муштараки вокуниши фаврӣ мутобиқи нақшаи тасдиқнамудаи сарони давлатҳои аъзои ин Созмон, ки 23 декабри соли 2014 ба тасвиб расидааст, дар таърихи фаъолияти Созмони Аҳдномаи Амнияти  Дастаҷамъӣ он бори аввал дар кишвари мо бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  баргузор шуд.

Бо мақсади дар сатҳи баланд натиҷагирӣ намудан аз даври ниҳоӣ машқгоҳи низомии «Ҳарбмайдон»-и Гарнизони Хатлон истифода гардид. Дар ин машқгоҳ унсурҳои гуногуни зиддитеррористӣ амалан тарҳрезӣ гардида, беш аз 700 нишона ё ҳадафҳо гузошта шуданд, ки душманони шартиро ифода менамуданд.

Барои нобудсозии нишонаҳои шартӣ  авиатсияи зарбазан, ҳавопаймоҳои ҷангии бесарнишин, техникаҳои вазнини зиреҳпӯши ҳарбии автомобилӣ, артиллерияҳои реактивии худгард, яроқи  гуногуни оташфишон, навъҳои гуногуни тӯп ва лавозимоти дигари ҳарбӣ истифода шуданд. Дар машқҳо бештар аз 2500 нафар хизматчиёни ҳарбии шаш давлат иштирок намуданд.

Тавре вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо баъди анҷоми машқҳои низомӣ 19 майи соли равон дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, санҷиши ногаҳонии  омодабошии ҷангии қувваҳои дастаҷамъии вокуниши фаврии Созмони  Аҳдномаи Амнияти  Дастаҷамъӣ бори дигар нишон дод, ки  хизматчиёни ҳарбии давлатҳои аъзои ин Созмон ҳозиранд ба ҳама гуна хатарҳои ҷаҳони муосир муқовимат намоянд.

Созмони Аҳдномаи Амнияти  Дастаҷамъӣ давлатҳои Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Беларус, Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистонро муттаҳид менамояд. Қувваҳои дастаҷамъии вокуниши фаврии Созмон соли 2009 ташкил ёфта, ба ҳайати он 22 ҳазор хизматчиёни ҳарбӣ, аз ҷумла тамоми ҳайати бригадаи қӯшунҳои зудамал, ҷузъу томҳои таъиноти махсус ва воҳидҳои муҳандисӣ- минаҷӯйӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон шомиланд.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»