Маслиҳати мутахассис

Ниҳолҳои солим ва хушсифат кафолати рушди боғдорист

№26-27 (3327-3328) 24.02.2015

Боғу токпарварӣ яке аз соҳаҳои асосии кишоварзии ҷумҳурӣ буда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум нақши муҳим мебозад. Ҳукумати ҷумҳурӣ ба рушди ин соҳа таваҷҷуҳи зиёд дорад. Бо ин мақсад Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014» ба имзо расида буд.

Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикниҳолпарвар» — и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тобеияти худ 14 хоҷагии ниҳолпарварии махсусгардонидашуда дорад, ки асосан ба истеҳсоли ниҳолҳои сояафкан, дарахтони мевадиҳанда ва ток машғул буда, 102 нафар мутахассис ва 907 нафар коргарро муттаҳид намудааст. Ҳамасола хоҷагиҳои ниҳолпарварии корхона дар майдони 25-27 гектар кишти донаку тухмӣ ва шинонидани қаламчаҳоро (ток, анор, анҷир, лимон, гул ва ғайра) амалӣ менамоянд. Барои ба анҷом расонидани ин корҳо 6500-7000 кг донаку тухмии дарахтони мевадиҳанда, 90-100 кг тухму донаки навъҳои ҳамешасабзу сояафкан, 450-500  ҳазор дона қаламчаи анҷир ва лимон, 35-40  ҳазор дона қаламчаи гулу сафедор мешинонанд. Ҳар сол зимистону баҳор 35- 40  ҳазор ва тобистон  925-960  ҳазор бех ва дар маҷмӯъ, як миллион ниҳолҳои хасакиро пайванд менамоянд.

-Мушоҳида мегардад, ки аксар вақт ниҳолҳое ба назар мерасанд, ки бо гузашти андак муддат хушк шудаанд. Чаро?

Сараграноми Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикниҳолпарвар» — и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳикматулло Изатов дар ин хусус чунин ибрози назар кард: -Сабаби хушк шудани ниҳол дар нигоҳубин накардан ва бо сифати хуб напарваридани он мебошад. Барои боғ бунёд кардан имрӯз мардум аз бозорҳо ниҳолҳои хасакиро харидорӣ намуда, бо умед мешинонанд. Се сол  нигоҳубин карда  соли чоруму панҷум мебинанд, ки он ҳосил надорад. Бинобар ин, ҳангоми  харидани ниҳол аз  мутахассиси соҳа маслиҳат гирифтанашон лозим аст. Сабаби дигари хушк шудани ниҳол риоя накардани тарзи шинонидани он аст.  Дар доманакӯҳҳо аввали баҳор, водиҳо охири тирамоҳ, барои анҷоми ин амал мусоид аст. Вазифаи асосии ниҳолхонаҳо парвариши навниҳолҳои баландсифат барои бунёди боғҳо мебошад. Пеш аз ҳама, ниҳол бояд аз ҷиҳати навъ, тагпайванд тозаву якхела ва аз таъсири ҳашароту касалиҳои карантинӣ эмин бошад. Раванди парвариши навниҳолҳо мураккаб ва заҳматталаб буда, барои парвариши ниҳолҳои ҷавон муҳайё намудани шароити мусоид зарур аст. Давраи парвариши навниҳолҳо 2- 4 солро дар бар мегирад.  Тибқи маслиҳати  мутахассисони соҳаи ниҳолпарварӣ, он аз интихоби замин, ҷамъ кардани тухмӣ, тайёр кардани замин, кишт намудани тухмӣ, парвариши ниҳолҳои тагпайванд (хасак), пайвандкунӣ, парвариши ниҳолҳои пайвандӣ, ҳифзи онҳо аз касалию ҳашарот ва ғайра иборат мебошад. Барои ташкил намудани ниҳолхона қитъаи замини беҳтарин ҷудо карда мешавад. Хоки замини ниҳолхона бояд дорои қабати ғизоии ғафс, серҳосил, нарм, намбардор, ҳавою обгузар буда, аз алафҳои бегона ва ҳашаротҳои зараррасон-симкирмҳо, гамбӯсакҳои саврӣ, гӯсоласар ва нематодҳо бояд тоза бошад. Барои таъмин намудани намӣ мавҷудияти манбаи обмонӣ зарур аст. Ниҳолхона, сарфи назар аз масоҳаташ, дар шароити кишвари мо бояд на кам аз 5-6 қитъа, дорои роҳи мошингард, каналу ҷӯйҳо барои обёрӣ, майдончаи  нигоҳдории муваққатии навниҳолҳо, майдончаи фумигатсионӣ ва ғайра бошад. Киштгардон яке аз омилҳои кам гардонидани касалию ҳашароти зараррасон ва таъмин намудани ғизонокии замин мебошад. Барои киштгардон намудҳои гуногуни нахӯд, мушунг, хардали сафед, аз хӯшадорон ҷав, ҷавдор тавсия дода мешавад. Дарахтони мевадиҳанда бо ду усул зиёд карда мешаванд. Насли аксарияти онҳоро бо воситаи тухм, ки ин роҳи аз ҳама осон ва дастрас мебошад, зиёд мекунанд. Азбаски аксарияти дарахтони мевадиҳанда маҳсули дурагакунианд, дар мавриди аз тухм сабзонидан хосиятҳои хочагию биологиашонро тағйир медиҳанд. Бинобар ин, онҳоро бо роҳи нашвӣ (қаламча) зиёд мекунанд. Дар ҳолати бо роҳи нашвӣ (қаламча) парвариш намудани ниҳол он аз ҷиҳати генетикӣ бо дарахти модарӣ монандӣ дошта, ҳамаи хусусиятҳои онро дар худ таҷассум мекунанд. Дар ниҳолпарварӣ қаламча кардан ва пайвандро васеъ истифода мебаранд. Бо қаламча анор, анҷир, санҷид, ангат, ток, баъзе навъҳои себ, нок, шафтолу ва ғайраро зиёд мекунанд. Дар охири тирамоҳ ва давраи зимистон химчаҳои дарахтони номбаршударо бурида, 25- 50 донагӣ дарза карда, дар хандақҳои пешакӣ тайёркардашуда қабат- қабат зери хок мекунанд. Баҳор заминро тайёр намуда, бо андозаи 50-70 см байни қаторҳо ҷӯяк мекашанд. Химчаҳоро аз зери хок гирифта бо дарозии 25-40 см қаламча тайёр мекунанд. Пас онҳоро дар оби равон ба муддати 1-2 шабонарӯз нигоҳ медоранд. Баъд аз он дар ҷӯякҳо тарзе мешинонанд, ки 1-2 муғча аз хок боло бошад. Агар химчаҳо тирамоҳу зимистон тайёр нашуда бошанд, он гоҳ аввали баҳор то лаб во кардани муғҷаҳо якбора аз дарахт химчаҳоро бурида, қаламча тайёр намуда, мешинонанд. Дар гармхонаҳои махсус як қатор дарахтони мевадиҳанда бо усули қаламчаи сабз зиёд карда мешавад. Дар истеҳсолот бештар барои истеҳсоли навниҳолҳо усулҳои пайвандро истифода мебаранд. Пайванд ҳамчун усули зиёдкунӣ аз замонҳои қадим маълум аст. То имрӯз зиёда аз 150 намудҳои гуногуни он истифода шудааст, ки онҳоро ба се гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст: муғҷапайванд, пайванд бо қаламча ва ҷуфтпайванд.

Сокини ноҳияи Рӯдакӣ Салимҷон Қаландаров атрофи ин мавзӯъ  чунин гуфт:- Соли гузашта бо маблағи 300 сомонӣ ниҳолҳои мевадиҳанда харидорӣ намудам, ки мутаассифона, аксарияти онҳо хушк шуданд. Мутахассис гуфт, ки ниҳолҳое, ки шумо харидорӣ намудед, хасакӣ мебошад. Бо Исломиддин Асоев ниҳолпарваре,  ки дар замини наздиҳавлигиаш ба ин кор машғул аст, ҳамсуҳбат шудем. Мавсуф нақл намуд, ки  солҳои зиёд аст, ки ба ниҳолпарварӣ машғул мебошад.

-Дилпурона гуфта метавонам, ки ниҳолҳои парваришнамудаам боре аз ҷониби харидорон бозпас гардонида нашудааст. Чунин ашхосе, ки бо ниҳолпарварӣ сарукор доранд, зиёданд. Сарфи назар аз миқдор, ҳаҷм, ва масоҳат аз тарафи мутасаддиёни соҳа сертификат дода шавад, он гоҳ имкон фароҳам меояд, ки дар вақти ниҳолҳоро фурӯхтан ба харидорон онро нишон диҳанд, — изҳор дошт номбурда.

Бо  сардори хоҷагии боғпарварии «Шариф»- и  ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон Нуриддин Шарипов низ дар тамос шуда, атрофи мавзуи дар боло зикргардида суҳбат намудем. Ӯ иброз дошт, ки соли 2014, вақте хоҷагиро бунёд кардам, бо кумаки мутахассисони соҳаи ниҳолпарварӣ аз хоҷагии «Исқич»-и ноҳияи Ҳисор 3320 бех ниҳолҳои мевадиҳандаро барои ду гектар замин харидорӣ намудам.

Тӯли як сол мешавад, ки хоҷагӣ фаъолият дорад, дар ин муддат сабзиши 75 фоизи ниҳолҳои шинондаи мо хуб аст, 25 фоизи боқимонда аз сабаби аз як минтақа ба дигар минтақа овардан ва дар роҳ осеб дидан хушк шудаанд. Ҳамчун хоҷагидор муътақидам, ки сабаби асосии хушк шудани ниҳол бо айби  худи истифодабарандагон ба амал меояд. Бештари онҳо бе маслиҳати мутахассис корро анҷом медиҳанд. Ҳатман бояд аз мутахассис маслиҳат гирифт. Сардори хоҷагии деҳқонии «Субҳи истиқлол»-и ноҳияи Ҳисор Нузулиддин Раҷабов низ дар суҳбат бо мо таъкид намуд, ки  аксарияти мардуми мо вақти дастрас намудани ниҳол ба ҳолати  он аҳамият намедиҳанд. Боғдор ҳамон нафаре шуда метавонад, ки ниҳолро ҳамчун фарзанди худ парвариш намояд.

Дар маҷмӯъ, омӯзиши масъалаи мазкур собит намуд, ки рушди боғдорӣ аз ниҳолҳои босифат вобаста аст. Биноан, кишоварзонро мебояд ин омилро сарфи назар насозанд.

Раҳмоналӣ Ҳабибов, «Садои мардум»