НИГАРОНӢ АЗ БЕМАСЪУЛИЯТИИ МАСЪУЛИНИ МАОРИФ ВА НОЗИРОНИ МИНТАҚАВИИ ДУШАНБЕ

№74 (3554) 09.06.2016

Убайдуллв6 июни соли 2016 дар КВД «Маркази равобити пойтахт» таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид ­Убайдуллоев  ҷаласаи васеи шаҳрдорӣ бо иштироки вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияҳои шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳо, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоти ҷамъиятию ҳизбҳои сиёсӣ, фаъолони гурӯҳи фейсбуку сомонаҳои фаъоли иҷтимоии интернетӣ ва сохторҳои идоракунии биноҳои бисёрхонагӣ баргузор гардид.

Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти анҷомёфтаи гурӯҳҳои корӣ, ки тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 19 апрели соли 2016 «Дар бораи омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили сазовору пуршукӯҳи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе» дар доираи 130 рӯзи ободонӣ то 3 июни соли ҷорӣ ҷараён дошт, зикр кард, ки ин раванд зери назорати роҳбарияти шаҳр идома меёбад.

Ҳамчунин, ба масъулин дастур шуд, ки беш аз ҳарвақта имконияти мавҷудаи мақомоти намояндагию иҷроияи шаҳр ва ноҳияҳои он дар ҳамоҳангии самараноку мақсаднок бо сохторҳои давлатию субъектҳои соҳибкорӣ ва хоҷагидорӣ, бахусус соҳибмулкону сокинони шаҳрро баҳри тавсеаю тақвияти корҳои ободонию бунёдкорӣ, таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон равона созанд.

Муқаррар гардид, ки баҳри ноил гардидан ба болоравии сатҳи маърифати ҳуқуқии сокинон моҳият ва муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худ­фаъолияти ҷамъиятӣ», «Дар бораи нигоҳдории биноҳои бисёрхонагӣ ва ширкати соҳибмулкони манзил» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пайваста таблиғ ва фаҳмонида шаванд.

Ҳамрадиф бо ин, масъалаҳои мубрами хоҷагидории шаҳр, аз қабили омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017, хусусан аз ҷониби соҳибмулкон омода кардани бинову иншоот ва манзилҳои истиқоматӣ ба қабули гармӣ, ғановат ва назорати сифату воридоти маҳсулоти ниёзи аввалия ба бозори истеъмолӣ, роҳ надодан ба рекламаи бардурӯғ дар таблиғи молу маҳсулот, пурзӯр намудани назорати санитарию эпидемиологӣ ва байторӣ баҳри ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, беҳбудии сатҳи хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, истифодаи мақсадноку таъинотии ҷойҳои ҷамъиятӣ, пешгирии зиёдаравиҳо дар иҷрои фаризаҳои динӣ ва пурзӯр намудани назорати риояи регламенти шаҳр оид ба то соати 23 фаъолият кардани марказҳои маишиву хизматрасонӣ, бартарафсозии ғасби худсаронаи замин ва савдои кӯчагӣ тибқи муқаррароти қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Инчунин, Раиси шаҳр нисбат ба ҷой доштани ҳолатҳои алоҳидаи муноқишаҳои ба ҷиноят ҳидояткунанда миёни мактабиёну ноболиғон изҳори нигаронӣ намуда, онро натиҷаи бемасъулиятии масъулини Раёсати маорифи шаҳру ноҳияҳо ва нозирони минтақавии милитсия дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ арзёбӣ кард.

Биноан, муқаррар гардид, ки дар ҳамкорӣ бо кумитаи падару модарон корҳои тарбиявии беруназсинфӣ пурзӯр ва дар сурати такрор шудани чунин ҳодисаҳои номатлуб нисбат ба масъулин бо татбиқи чораҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ тадбирҳо андешида шаванд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев роҳбарони меҳмонхонаю тарабхонаҳо, марказҳои савдою тиҷоратӣ ва сохторҳои хизматрасонии дар шаҳр фаъолиятдоштаро муваззаф намуд, ки дар моҳи шарифи Рамазон бе тағйири реҷаи кории амалкунанда дар сатҳи баланд фаъолият намоянд ва мақомоти марбутаи назоратӣ дар ин самт вазифаҳои хизматиашонро тибқи талаботи қонунгузорӣ ба роҳ ­монанд.

Ш. Саидов