Нигоҳе ба таърихи Истиқлолият

№109 - 110 (4215-4216) 09.09.2020

ДушанбеИстиқлолият муваффақияти муҳимтарин, дастоварди бузург ва  воқеаи таърихии миллати тоҷик, ормони чандинасраи  фарзандони асилу огоҳ ва натиҷаи маҳсули талошҳои садҳо ҳазор муборизи роҳи бақои давлати миллии тоҷикон мебошад.

Истиқлолияти комили давлати Тоҷикистон ҳанӯз аз ибтидо мебоист масъулияти ҳамватанонро баҳри истеҳком бахшидани пояҳо ва рукнҳои он меафзуд. Вале, мутаассифона, дар Тоҷикистон қувваҳои сиёсие зуҳур карданд, ки ин масъулияти таърихиро нодида гирифтанд, ҳадафҳои худхоҳонаву ғаразнокро аз манфиатҳои умумимиллӣ ва давлатӣ боло гузош­танд. Тоҷикистони тозаистиқлолро ба талошҳои сиёсӣ, гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ, бесарусомониҳо кашиданд. Дар ин марҳилаи душвор Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурии тозаистиқлол поймол карда шуд, соҳаҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон фалаҷ гардид. Аввалин Президенти аз тарафи мардум интихобшуда бо зӯри силоҳ ба истеъфо рафт. Шохаҳои ҳокимият дар марказ ва ҳам дар маҳалҳо фалаҷ гардиданд, дар мамлакат бенизомӣ, беқонунӣ ва бесарусомонии умумӣ, авбошӣ ҳоким гардид. Шароит то ба дараҷае расид, ки даъват намудани Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ғайриимкон гардид, зеро ҳеҷ кас кафолати амнияти вакилонро дода наметавонист.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ собит месозад, ки истиқлол  ва озодӣ осон  ба даст намеояд. Мо аз таърих халқҳо ва миллати зиёдро медонем, ки дар гузаштаи на он қадар дур барои расидан ба истиқлолият даҳсолаҳо пайкор намудаанд ва дар ин роҳ ҳазорон фарзанди асил ва азизро аз даст доданд. Ҳоло низ шоҳиди талоши пайгирона ва озодихоҳонаи халқҳое мебошем, ки даҳҳо миллион нафаранд, аммо аз ҳуқуқҳои одитарини миллӣ ва фарҳангӣ маҳруманд.

Бар хилофи гуфтаву навиштаҳои бадхоҳонаву ғаразноки баъзе аз олимон, муаллифон ва пиндошти гурӯҳҳои алоҳидаи зиёӣ, халқи тоҷик ва тоҷикистониён дар даврони ҳастии иҷтимоӣ дар таърихи ҷаҳон мардуми мубориз, фидокор, заҳматкаш, меҳнатдӯст, бунёдкор, созандаю ватандӯст будаанд. Пайкор барои Ватан ва озодӣ дар рӯҳи равони онҳо сахт реша давондааст. Дар тӯли таърих халқи тоҷик борҳо бо душманон ва истилогарони аҷнабӣ рӯ ба рӯ шудааст, ки нерумандтарин қудрати замон будаанд, вале тоҷикон бо ҷасорату матонат ва фидокории бемислу монанд камари ин абарқудратҳои замонро шикастаанд. Таърихи давраҳои гуногуни ҳуҷум ва тасаллути аҷнабиён бозгӯ мекунад, ки сокинони шаҳрҳо ва деҳот то нафаси охирин бо онҳо муқовимат менамуданд.

Онҳо дар лаҳзаҳои душвортарин муборизаро шарафмандона давом медоданд ва бе тарсу ҳарос марги бошарафро аз зиндагии хору  зор, тобеияту  асорат  авлотар  медонистанд.  Ин саҳифаҳои заррини  қаҳрамонӣ  ва  ҷасорати  халқ  мебошад.  Собит гардидааст,  ки  рӯҳи озодихоҳӣ дар сирати  иҷтимоӣ  ва  таърихии  халқи тоҷик  дорои  хусусиятҳои  хос  ва асил аст.  Ин  неру  ормон ва  идеали  волову  бузург  дорад,  ки  иборат  аз  ҳифзи  озодӣ  ва  истиқлолияти  Ватан мебошад. Он бо  гавҳари арзишҳои  пурқимати  инсонӣ, аз  қабили шараф,  нангу  номус, ҷавонмардӣ, субот ва ифтихори  миллӣ  ороста  аст.  Масалан,  дар ҷунбиши бузурги  «Сарбадорон», ки  маълум ва  машҳур  аст,  даҳҳо  ҳазор  халқи озод  ва  ватандӯст таҳти  шиори  муқаддаси «зиндагии  бошарафона ё сар ба дор» дар муддати  даҳсолаҳо пайкори озодихоҳона ва фидокорона намудаанд. Ин муқовимати ватандӯстона ва  озодихоҳона дар асрҳои минбаъда низ дар шароити боз ҳам  душвортар идома  ёфт, ки  дар  натиҷа, тоҷикон  озодӣ ва истиқлолият ба  даст  оварданд. Ҳифзи  озодӣ  ва истиқлолияти  Ватан  дар  тамоми  давр барои халқи  тоҷик шиори  асосӣ ва  муқаддастарин будааст.  Ва  ниҳоят,  ин  неру  бо  хираду маърифат,  ҳусни  тадбир,  диди  васеъ  ва  созанда  мисли гӯшту  нохун  пайванд ёфтааст.  Фарзандони  огоҳу   фарзонаи  миллати  тоҷик  аз қабили афроди  асотирии  намунаи  иҷтимоишудаи  Рустами Достон,  Сӯҳроби  паҳлавон,  Сиёвуши  ҷавонмард,    сарварони  шуҷоъ   ва  мубориз — малика  Томарис, Шераки чӯпон, Спитамен, Оксиарт, Канишкаи  бузург, Хисрави Анӯшервон, Тоҳир  ибни Ҳусайн, Абдуллоҳи Тоҳир, Яъқуби Лайс, Муқаннаъ, Деваштич, Синдбоди Муғ,  Темурмалик, Маҳмуди  Торобӣ, Восеъ ва бахусус, Исмоили Сомонӣ, таҷассумгари барҷастаи омезиши табиӣ ва  оқилонаи  иродаи  босубот  ва  шикастнопазири  озодиву  истиқлол  буданд.

Талоши  пайгиронаву  ватандӯстонаи  фарзандони фарзонаи миллати тоҷик Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Чинор Имомов, Абдураҳим Ҳоҷибоев ва дигарон буд, ки ба таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Тоҷикистон (14 октябри соли 1924) ва табдили он ба Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (16 октябри соли 1929) мусоидат намуд. Агар гӯем, ки Истиқлолият аз ҳамон давра, аз инқилоби Октябр (1917), сарчашма мегирад ва то расидан ба истиқлолият давраҳои асосиро тай кардааст, хато нахоҳем кард. Истиқлолияти воқеӣ дар асоси Қарори Шӯрои Олии ҶТ «Дар бораи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон» (соли 1991) расман ва қонунан эълон шуд. Истиқлолият дастоварди бузургтарин ва муқаддастарин дар таърихи пуршебу фарози  халқ буд, зеро имкони амалии таъсиси давлати озод ва мустақили миллӣ баъди садсолаҳо фароҳам гардид. Вале дар мамлакат бо гуноҳи афроди  манфиатхоҳ, ифротгаро ва ҷоҳталаб ҷанги бародаркуш оғоз шуд, ки дар роҳи истиқлоли Тоҷикистон  хатари мустақим ва марговар эҷод намуд. Барои гирифтани пеши фоҷиа қадами нахустин ва бузургу таърихӣ дар Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар шаҳри бостонии Хуҷанд (16 ноябр – 2 декабри соли 1992) гузошта шуд, ки дар асл оғози наҷоти истиқлоли Ватан буд. Хатари ба қисмҳо  ҷудо шуда, аз байн рафтани  давлати тоҷикон ва пароканда гаштани миллати тоҷик аз ҷониби аксар неруҳои сиёсӣ дарк гардид ва роҳ ба сӯи ризояти сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ боз шуд. Дар иҷлосия ҳокимияти қонунӣ барқарор  ва Эмомалӣ Раҳмон Сарвари нави давлат — Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Баъдан, рафти воқеаҳои сиёсӣ ва ҳаёт ҳақ будани интихобро исбот сохт. Сарвари давлат тавонистанд, ки дар муддати кӯтоҳ сулҳу субот, мақомот ва сохторҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатиро аз марказ то маҳалҳо барқарор кунанд, зиёда аз як миллион нафар гурезаҳоро ба ҷойи зисти доимӣ баргардонанд ва харобаҳои ҷангро обод намоянд. Халқи тоҷик ва тоҷикистониён хизматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба назар гирифта, ӯро тавассути интихоботи шаффоф солҳои 1994, 1999, 2006, 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карданд.

Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳ Масъуд дар бораи истиқлолияти тоҷикон сухан ронда, қайд карда буд, ки «Истиқлолият ба Тоҷикистон — Эмомалӣ Раҳмон — сиёсатмадори дараҷаи ҷаҳониро дод. Имрӯз ӯ машҳуртарин фарзанди Тоҷикистон, тоҷикони ҷаҳон ва дӯсти ҳақиқии Афғонистон аст».

Мо тавассути раъйпурсии умумихалқӣ дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баъди Россия дуюм шуда, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул кардем (соли 1994) ва се маротиба (солҳои 1999, 2003, 2016) дар асоси талаботи давр ба он тағйирот ва иловаҳо даровардем. Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллиро қабул ва парламенти нав (касбӣ)-ро интихоб намудем. Тартиб ва фаъолияти онро такмил додем, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботро ба роҳ монда, Артиши миллӣ, Шӯрои ҷамъиятӣ (соли 1996) ва Қӯшунҳои сарҳадиро таъсис додем.

Вале бузургтарин муваффақияти халқи тоҷик дар солҳои истиқлолият, бешубҳа, барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст. Пас, вазифаи ҳар фарди кишвар аст, ки паи таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва пойдории ваҳдати миллӣ аз дилу ҷон  саъю талош варзад. 

Сафар ЭРКАЕВ,

дотсенти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров,

иштирокчии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон