Ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ. Таваҷҷуҳ ба муроҷиати шаҳрвандон ҷиддӣ аст

№68 (4174) 09.06.2020

Ба шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар панҷ моҳи соли ҷорӣ 1413 ариза ва 314 муроҷиати шифоҳии шаҳрвандон ворид гардидааст.

Тавре мудири шуъба Хатича Абдуллое­ва иброз намуд, аз тарафи масъу­лин рӯзҳои чоршанбе ва шанбеи ҳар ҳафта қабули шаҳрвандон доир мешавад.

Аз аризаҳое, ки дар панҷ моҳи соли ҷорӣ ворид гаштаанд, 900 адад аз рӯи тобеият ирсол шуда, 513 — то дар марҳилаи баррасӣ қарор доранд. Ҳамчунин, 180 дархост қонеъ карда шуда, 113 адади дигар таҳти баррасӣ қарор доранд.

Дар рӯзҳои қабули шаҳрвандон унвонии раиси ноҳия, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раис 602 муроҷиати шифоҳӣ ворид гардид, ки аз он 319 муроҷиаткунанда қаноатбахш шуданду ба 283 нафари боқимонда шарҳу тавзеҳ дода шуд. Муҳтавои муроҷиати шаҳрвандон асосан ҷудо кардани қитъаи замин, манзил, қарзи бонкӣ ва ташкили хоҷагии деҳқонӣ мебошад.

Дар асоси қарори раиси ноҳия аз 22 январи соли 2020 рақами 26 бо иштироки роҳбарияти ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, шуъбаву идораҳо, муассиса ва ташкилоту идораҳо бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳаллу фасли баррасии муроҷиати шаҳрвандон дар ҷамоати шаҳраку деҳот «Дарҳои кушод» гузаронида мешавад.

Реҷаи қабули шаҳрвандон дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, ҷамоати шаҳраку деҳот дар асоси қарори раиси ноҳия тасдиқ ва тибқи он шаҳрвандон қабул карда мешаванд.

Дар маҷмӯъ, масъулини Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар самти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» фаъоланд.

Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»