Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ

Ноҳияи Сино. Корҳои ободонӣ вусъат пайдо мекунанд

№11 (3961) 26.01.2019

IMG_20190104_161159Тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон таҳти №АП-1059 аз 22 майи соли 2018 оид ба омодагии ҳамаҷониба ва дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шудаанд.

Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе гурӯҳи корӣ бо сарварии раиси ноҳия Н. Салимзода аз ҳисоби масъулини мақомот, сарварони ташкилоту муассисаҳо дар ҳайати 41 нафар ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия 2 июли соли 2018 таъсис ёфт. Мутобиқи қарори раиси шаҳри Душанбе аз 2 ноябри соли 2018 Нақшаи чорабиниҳои ноҳиявӣ таҳия гардид.

- Алҳол корҳои ободонию бунёдкорӣ дар ноҳия бомаром идома доранд, — гуфт муовини якуми раиси ноҳия Сафар Олимзода. — То кунун беш аз 360 ташаббус ҷиҳати омодагӣ ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашн дар ноҳия ба қайд гирифта шудааст. Масалан, то ҳол 29 соҳибкор ҷиҳати азнавсозии бинои корхонаҳояшон ва ҷудо намудани замин барои бунёди корхонаҳои нав ба МИМҲД ноҳия муроҷиат намудаанд.

- Дар ноҳия бунёди 5 муассисаи соҳаи маориф ба нақша гирифта шудааст, ки 2-тои он аз ҷониби эҳсонкорон амалӣ мегардад. Умуман, бештар ба ташаббус ва неруи соҳибкорон такя мешавад. Аз 34 муассисаи таҳсилоти умумӣ таъмири 32-то ва сохтмони 8 муассисаи томактабӣ, ки ба нақша гирифта шудааст, эҳсонкорон ба зимма доранд. Таъмири 34 муассисаи томактабӣ (аз 36-то) низ аз ҷониби эҳсонкорон амалӣ мешавад.

Дар давраи омодагӣ ба ҷашн бунёди 7 муассисаи тандурустӣ ва 20 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла 7 коргоҳи қаннодӣ ва 3 корхонаи дӯзандагӣ, дар назар аст. Дар ин давра ба бунёди корхонаву муассисаҳои соҳаи хизматрасонӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. То рӯзи ҷашн бояд 64 маркази савдою хизматрасонӣ, 4 ҳаммом, 4 сартарошхона ва кошонаи ҳусн, 2 чойхонаи миллӣ, 2 нонвойхона, маркази фарҳангу фароғат, маркази ош, сардхонаву гармхона ба истифода дода шаванд, — афзуд Сафар Олимзода.

- Ҷиҳати ободу зебо гардонидан ба бунёди биноҳои истиқоматии ҳозиразамон, рангубори биноҳои мавҷуда, сохтмону азнавсозии нуктаҳои партовпартоӣ, беҳдошту нигоҳубини гулгаштҳо, тозаву озода намудани гирду атрофи иншооту биноҳои истиқоматӣ эътибори махсус дода мешавад, — изҳор намуд мудири шуъбаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва идораи замини МИМҲД-и ноҳия Шоҳназар Каримов. — То ҷашн дар ноҳия 37 бинои баландошёна бунёд, 49 хобгоҳ таъмир, беш аз ҳазор бино рангубор ва 150 нуқтаи партовпартоӣ азнавсозӣ мегардад. Айни ҳол таъмиру тармими намои берунии биноҳои шафати кӯчаҳои асосӣ, аз ҷумла ду бино дар кӯчаи И.Сомонӣ, 4 бино дар кӯчаи Яккачинор, 14 бино дар кӯчаи Испечак-2, 17 бино дар кӯчаи Зарафшон, 5 бино дар кӯчаи А. Навоӣ идома доранд. Дар самти таъмин намудани биноҳои истиқоматӣ бо гармӣ низ чораҳо андешида мешаванд.

Инчунин, ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёди 25 майдончаи варзишӣ аз ҷониби вазорату идора (23 адад) дар назар дошта шудааст.

- Сино, ки калонтарин ноҳияи саноатӣ маҳсуб меёбад дар он беҳбудбахшии вазъи роҳҳо низ басо муҳим аст. Аз ин хотир, МИМҲД-и ноҳия ба ин масъала таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд, — афзуд Сафар Олимзода. — Биноан, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон беш аз 58000 метри мураббаъ роҳҳои автомобилӣ, пиёдагард ва дохили шаҳраку маҳаллаҳо бунёд меёбанд, ки симои пойтахти кишварро боз ҳам зеботар хоҳанд намуд.

Н. НИЗОМӢ, «Садои мардум»