Нигаронӣ

Норак: Чаро дар маркази саломатӣ интизоми меҳнат риоя намешавад?

№94 (4677) 21.07.2023

WhatsApp Image 2023-07-24 at 13.53.30 [Оригинальный размер]Ҳифзи саломатии мардум яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, коҳиш додани беморӣ миёни аҳолӣ, пешгирии фавти кӯдакону наврасон ва расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор дар соҳаи тиб, беҳтар намудани хизмат­расониҳои тиббӣ ба занҳои ҳомила, тифлони навзод, таъмини ғизои солим, иммунизатсия, солимгардонии маъюбон аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими соҳа боқӣ мемонад.

Солҳои охир бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талошу заҳматҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи тибби ҷумҳурӣ пешравию дигаргуниҳои зиёд ба амал омада, барои кормандони соҳа шароити хуби хизмат­расонӣ фароҳам оварда шуд. Мутаассифона, на дар ҳама муассисаҳои тиббии шаҳру ­ноҳияҳо ба қадри чунин шароити муҳайёгардида мерасанд. Хабарнигори рӯзнома ҳолати ногувори риоя нагардидани тартиботи интизоми меҳнатро дар Маркази саломатии шаҳри Норак мушоҳида намуд.

Чане пеш субҳи барвақт ба Маркази саломатии шаҳри Норак омадам. Дар назди ҳар шуъбаи марказ на камтар аз 8 — 10 нафар муроҷиаткунанда интизори табибон буданд. Паси дари шуъбаи ташхиси ултрасадо (УЗИ) шумораи боз ҳам зиёди занону кӯдакон ва калонсолон барои қабул навбат гирифта буданд. Гарчанде дари ҳуҷраҳо боз бошанд ҳам, вале то соати 08:40 дақика аз табибони «ҳозиқу дилсӯз»-и ин даргоҳи тандурустӣ дарак набуд.

 Барои муайян кардани ҳолати бамиёномада зарур шуморидем бо роҳбарияти Маркази саломатӣ ҳамсуҳбат шавам, аммо сардухтури муассиса ва муовинонаш дар ҷои кор ҳузур надоштанд. Барои пайдо кардани роҳбарияти маркази саломатӣ ба иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи қадрҳо Ҳилола Зоидова ва ҳамшираи калони шафқати марказ Сабоҳат Тағойбекова муроҷиат кардем. Ин ду нафари масъул дар куҷо будани роҳбариятро гуфта натавонистанд. Яке аз ҳамшираҳо изҳор кард, ки сардухтури Маркази саломатӣ Тағойбек Қаҳҳорзода ба сафари хидматӣ ба маркази вилоят — шаҳри Бохтар рафтаасту муовини ӯ Нурмаҳмад Ализода, бинобар пеш омадани зарурат, каме дертар меояд. Дар бораи чаро ҳузур надоштани муовини дигари сардухтур Суннатулло Тағоев маълумот пайдо нашуд. Ба гуфти масъулон ва навбатдор (аз гуфтани ному насабаш худдорӣ кард), ӯ ба қабули раиси шаҳр рафтааст, аммо дурӯғ будани суханашро дарк карда, баҳонаи дигаре пеш оварда, гуфт, ки муовин ба минтақа рафтааст. Ба кадом минтақа рафтанаш низ барои мо номаълум боқӣ монд. Ҳамин тариқ, боз дурӯғи мудири шуъбаи кадрҳо, ҳамшираи калони шафқат ва навбатдор фош гардиду онҳо худро якбора канор гирифтанд. Вазъ чунин буд, ки кормандони техникии Маркази саломатӣ, ки мебоист ҳар субҳ ҳуҷраҳои кории роҳбарият, табибону ҳамшираҳои шафқат ва дигар кормандони соҳаро то оғози соати корӣ тозаю омода намоянд, ба кор дер омаданд. Ин далели он аст, ки табибону ҳамшираҳои шафқат ва дигар кормандони Маркази саломатии шаҳрӣ аз набудани роҳбарият суиистифода карда, ба ҷои кор сари вақт ҳозир намешаванд.

 Чунин рафтори масъулони марказ моро водор намуд, ки ба китоби қайдҳои омадурафти кормандони муассиса назар намоем. Навбатдори Маркази саломатӣ дар нуқтаи бақайдгирӣ (даромадгоҳи марказ) ҳузур надошт. Баъди шиносоӣ бо китоби бақайдгирӣ маълум гардид, ки аз соати 800 то 840-и субҳ ҳамагӣ шаш нафар ҳамшираи шафқат ва ду нафар табиб ба кор ҳозир шуда, ба корафтодагон хидмат мекарданд.

 Бо чанде аз беморон ҳамсуҳбат шудем. Онҳо аз хизматрасонии табибони ин марказ изҳори нигаронӣ карда, гуфтанд, ки дар ин муассиса ҳар рӯз аҳвол ҳамин гуна аст.

 Ҳолати сари вақт ба кор ҳозир нашудани маъмурият, табибону ҳамшираҳои шафқат, кормандони техникии Маркази саломатии шаҳрии шаҳри Норак ва изҳори нигаронии муроҷиаткунандагонро ба сардухтури Маркази саломатӣ Тағойбек Қаҳҳорзода ва муовини якуми раиси шаҳр Шуҳрат Азимзода расонидем. Мутаассифона, онҳо хомӯширо авло дониста, то ҳол посухе нагуфтанд. Пас, муқаррароти моддаи 60-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Таъмини интизоми меҳнат», ки интизоми меҳнатро аз ҷониби корфармо бо роҳи муҳайё намудани шароити зарурии ташкилӣ ва иқтисодӣ барои меҳнати фардӣ ва коллективӣ, муносибати бошууронаи кормандон ба меҳнат, усулҳои боваркунонӣ, ҳавас­мандгардонӣ барои меҳнати содиқона, ҳамчунин татбиқи ҷазои интизомӣ, ки барои вайрон намудани интизоми меҳнат муайян кардааст, ба кӣ тааллуқ дорад? Кас дар ҳайрат мемонад, ки чаро масъулони санҷишу тафтишоти давлатӣ чунин камбудиҳоро, ки нишони равшани дағалона вайрон кардани интизоми меҳнат аст, ошкор намекунанд?

 Агар рафти хизматрасонии тиббӣ, муносибати хунукназаронаи роҳбарияту табибон ва дигар кормандони Маркази саломатии шаҳрӣ ва масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак нисбат ба беморону муроҷиаткунандагон чунин бошад, пас фаъолияти марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббии деҳот чӣ ҳол дошта бошанд? Шояд ба ин суол масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб мегӯянд?

Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»