Ҷаҳонро хуррамӣ аз деҳқон аст

№37 (3338) 13.03.2015

Лаҳзае, ки вориди дафтари кории сардори идораи кишоварзии ноҳияи Тоҷикобод Қурбоналӣ Талбонов гардидам, ҷаласаи навбатии кормандони соҳа хотима меёфт.

-Ба баҳори нав омодагӣ мегирем,- дасташро барои вохӯрӣ дароз карда, — гуфт ӯ. -«Тайёрии об дар хушка», -мегӯянд пирон. Фурсати кам мондааст, аз ин рӯ, масъулинро барои машварат даъват карда будам.

Шуғли асосии сокинони ноҳияи Тоҷикобод зироаткорию боғдорӣ ва чорводорӣ маҳсуб меёбад. Ошноӣ бо фаъолияти масъулини соҳа гувоҳӣ медиҳад, ки барои пешрафти ҳама соҳа дар ноҳия диққати ҷиддӣ дода мешавад. Дар ҳудуди ноҳия айни ҳол 1251 хоҷагии деҳқонии коллективӣ ва инфиродӣ вуҷуд дорад.

Баҳри тараққиёти соҳаи боғдорӣ дар ноҳия боғпарварон заҳмати зиёд мекашанд. Пӯшида нест, ки тӯли чанд соли гузашта бо сабабҳои гуногун соҳа рӯ ба таназзул оварда буд. Дарахтон аз сабаби камчинии доруҳои кимиёӣ ба касалӣ гирифтор шуда буданд. Хушбахтона, дар натиҷаи андешидани чораҳои саривақтӣ дубора соҳаи боғпарварӣ рӯ ба инкишоф овард. Соли 2014-ум 830 гектар боғ дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ноҳия мавҷуд буд. Боғпарварон тирамоҳ ҳосили хуб ҷамъоварӣ намуданд. Имсол ба нақша гирифта шудааст, ки дар майдони 35 гектар боғҳои нав бунёд карда шавад ва ҳашт гектар боғи куҳнаро, ки дарахтонаш пир шудаанд, решакан намоянд ва ниҳолҳои нав шинонанд.

- Иқлими ноҳияи Тоҷикобод барои бунёди боғҳои зардолу мусоид аст, -гуфт дар суҳбат Қурбоналӣ Талбонов. – Мо ба нақша гирифтаем, ки дар ноҳия барои таҷриба дар майдони ду гектар боғи зардолу низ бунёд намоем.

Соли гузашта майдони умумии кишти зироатҳои кишоварзӣ 2391 гектарро ташкил мекард. Имсол зироаткорон ният доранд, ки майдони киштро ба 2420 гектар расонанд. Тирамоҳ аз ин миқдор замин 1076 гектар кишт карда шуд. Замини боқимонда барои кишти баҳорӣ дар фасли тирамоҳ шудгор шудааст ва баробари об шудани барф деҳқонон ба кишт шурӯъ менамоянд. Бо ин мақсад онҳо тухмии хушсифат захира кардаанд.

Картошкапарварӣ яке аз соҳаҳои сердаромади ноҳия ба ҳисоб меравад. Соли гузашта деҳқонони ноҳия дар майдони 930 гектар картошка кишт намуданд ва ҳосили дилхоҳ ба даст оварданд. Як қисми картошкаро барои тухмӣ нигоҳ дошта, дигарашро ба фурӯш бароварданд. Имсол аз тирамоҳ барои кишт тухмии хушсифат нигоҳ доштаанд. Картошкапарварон тибқи нақша соли равон майдони киштро 100 гектар зиёд карданианд. Онҳо ҳар сол ба мушкилоти нарасидани тухмии хушсифат мувоҷеҳ мешаванд. Тибқи хулосаи мутахассисон як тухмиро ду-се сол кишт намудан боиси кам гирифтани ҳосил мегардад. Картошкапарварони ноҳияи Тоҷикобод имсол ба 850 тонна картошкаи тухмӣ ниёз доранд. Барои дарёфти тухмӣ намояндаи онҳо ба ноҳияҳои Ғончӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ сафар карда, барои харидорӣ намудани тухмӣ шартнома бастааст.

Масъалаи фаровонҳосилӣ, пеш аз ҳама, ба обёрии заминҳо вобастагии зич дорад. Айни ҳол каналҳои мавзеи дараи Нушор, деҳаҳои Фатҳобод, Сари пул ва Сабзазор, ки дар масофаи 57 километр тӯл кашидаанд, таъмирталаб мебошанд. Бо супориши раиси ноҳия Ҳ.Ализода масъулини соҳа масъалаи мазкурро баррасӣ намуданд. Маълум шуд, ки 27 километри он ба таъмири асосӣ ниёз дорад. Бино ба гуфти Қ.Талбонов, бо дастгирии кишоварзон 30 километр каналро таъмир менамоянд, аммо барои таъмири 27 километри боқимонда имконият надоранд. Дар ноҳияи Тоҷикобод заминҳои ҳамвори киштбоб зиёд мебошанд. Агар ин заминҳо обёрӣ шаванд, кишоварзон метавонанд фаъолияташонро беш аз пеш густариш бахшанд.

Умед аст, ки Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли ин масъала кишоварзони ноҳияи Тоҷикободро дастгирӣ менамояд.

Соҳаҳои занбӯриасалпарварӣ низ дар ноҳия хеле ривоҷ ёфтааст. Дар ноҳия шумораи оилаи занбӯр ба 5020 расонида шуд. Бо мақсади рушди соҳа дар ноҳия занбӯриасалпарварони соҳибтаҷриба ба ҷавононе, ки ба ин касб шавқ доранд, тариқи ройгон аз таҷрибаи худ сабақ мегӯянд. Соли равон афзоиши оилаҳои занбӯри асал дар ноҳия ба назар гирифта шудааст.

Хулоса, кишоварзони ноҳияи Тоҷикобод ба нақша гирифтаанд, ки соли 2015 низ корро хуб ба роҳ монда, фаровонии ҳосилро таъмин намоянд.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»